Имрӯз дар кишвар зиёда аз 15 номгӯи барномаҳои вобаста ба соҳаи тандурустӣ марвриди амал қарор доранд, ки аз он барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО ва БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 аз нав қабул ва то соли 2020 тамдид ва барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 ба анҷом расидаанд.

Дар заминаи барномаҳои зикршуда, ки бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидаанд, қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ҷиҳати татбиқи онҳо низ ба тасвиб расидаанд.

Барои посух пайдо намудан ба суолҳои “сарчашмаи маблағгузории ин барномаҳо аз куҷост?”, “оё ин барномаҳо мушаххас маблағгузорӣ мешаванд ва ё аз буҷети маҳаллӣ амалишавии онҳо сурат мегирад?” бо чанде аз табибон ҳамсуҳбат шудем.

Мутахасисон ва коршиносони соҳа мегӯянд, ки барномаҳо қабул шаванд ҳам, вале онҳо маблағ надоранд ва барномаҳои бемаблағ роҳи ҳалли мушкили соҳа нест. 

Таҳлилҳо муайян намуд, ки ҳини қабули ин барномаҳо, маблағгузории алоҳида на аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва на аз ҷониби ҳукумати вилояту шаҳру навоҳӣ дар татбиқи ин барномаҳо сарчашмаи махсуси маблағгузорӣ зикр нашудааст.

Тавре менеҷери сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент Абдусамеъ Ортиқов мегӯяд, барои татбиқи барномаҳои соҳаи тандурустӣ мушаххасан аз буҷети маҳаллӣ ҷудо намудани маблағ пешбинӣ нашудааст. Иҷроиши ин барномаҳо дар доираи ҳамон маблағҳое мебошад, ки аз буҷет барои соҳаи тандурустӣ маблағ гузаронида шудааст.

— Вале баъзе барномаҳои соҳаи тандурустӣ аз дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд. Барои мисол: барноми миллии имуннопрофилактика аз ҷониби ташкилоти ЮНИСЕФ, барномаи диабети қанд аз ҷониби раиси вилоят, Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 аз ҳисоби фармони №600 маблағгузорӣ мешавад. Аммо барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 қариб ки маблағгузорӣ намешавад,- мегӯяд ҷаноби Ортиқов.

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар қарорҳои марбутаи раиси вилоят ва раиси шаҳр низ, ки онҳо дар асоси Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия мешаванд, маблғгузории алоҳида пешбинӣ нашудааст.

Дар гуруҳбандии буҷети муассисаҳои тандурустии шаҳр барои солҳои 2016-2017 ва 9 моҳи соли 2018 ва маблағҳои аз ҳисоби қарори №600 ба даст омада низ барои татбиқи ин барномаҳо маблағ пешбинӣ нагардидааст.

 

Гуруҳбандии буҷети КАТС дар солҳои 2016-2017:

Гуруҳбандии истифодаи маблағҳое, ки тибқи Қарори №600-и Ҳукумати ҶТ дар суратҳисоби махсуси КАТС солҳои 2016-2017 ҷамъ шудаанд:

 Манбаъ: Раёсати молия

Байни ин барномаҳо қоидаҳои  гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 23.08.2016, таҳти №374 ба тасвиб расидааст, истисно аст.

Менеҷери сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент Абдусамеъ Ортиқов изҳор дошт, ки барои татбиқи он соли 2017 аз буҷети маҳаллии шаҳри Панҷакент 120 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, ки то ҳол дар доираи он маблағ амал намуда истодаанд.

Вале дар ин ҳол муассисаҳои тиббӣ дар доираи маблағҳои барои соҳа ҷудошуда ҷиҳати иҷрои ин барномаҳо тадбир меҷӯянд.

Ҳарчанд дар буҷети соҳа барои татбиқи барномаҳои миллӣ мушаххас маблағ пешбинӣ нашудааст, вале маблағҳое, ки барои фаъолияти Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БМНМ, Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ, Маркази мубориза бо бемориҳои сил, Маркази мубориза бо бемориҳои руҳӣ ва диспансери наркологӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ҷудо гардидаанд, дар маҷмуъ барои иҷрои ҳадафҳои барномаҳои миллии соҳавӣ масраф мешаванд, яъне бо забони дигар, бо азобе бори худро мекашанд. 

 

Маблағгузории буҷетӣ ва ғайрибуҷетии муассисаҳои тиббие, ки ба табобату пешгирии бемориҳои ҷудогона, тибқи барномаҳои миллӣ машғуланд:

  Манбаъ: Раёсати молия

Тавре аз ин нишондиҳандаҳо бармеояд, маблағгузории буҷетӣ ба муассисаҳои зикршуда, ки фаъолияташон ба татбиқи барномаҳои миллии соҳавӣ нигаронида шудааст, сол то сол меафзояд, вале ин афзоиш ба андешаи коршиносон асосан барои пардохти маоши кормандон, ки бо Қарорҳои Ҳукумати мамлакат меафзояд, масраф мешавад.

Баробари ин, дар КАТС ва Беморхонаи марказии шаҳр, беморхонаҳои минтақавӣ гуфта натавонистанд, ки барои татбиқи ин ё он барномаи миллӣ чӣ қадар маблағ масраф карда шудааст. Яъне маблағи муайян, ки нест, харҷи муайян ҳам надорад.

 

Хуршед ФОЗИЛОВ, 

Ҷӯраи МУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here