Тоҷикистони офтобрӯяи мо бо табиати зебои худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузошта, сайри олами атрофро дар дили онҳо бедор намудааст. Тавассути истиқлолият ва хираду нерӯи тавонои Пешвои иллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён Тоҷикистону тоҷиконро мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.

Оид ба ҳифзи табиат, нашъунамои он, нигоҳубин ва муносибати дилсӯзона ба он ҳамеша Сарвари давлат диққати аввалиндараҷа дода, супоришҳо медиҳанд. Тавре дар яке аз баромадҳои худ Пешвои миллат гуфтаанд: “Тоҷикистон алҳақ як неъмати худод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, куҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, месазад, ки шукри ҳар як пора замину ҳар қатра обаш кунем ва ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем”.

Аз ин ҷост, ки ҳифзи табиат, олами атрофи он қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷикистонӣ мебошад. Табиат, олами атроф ҳар қадар зебо бошад, растаниҳо зиёду дар нашъунамо бошанд, ҳаво тоза гашта, захираҳои об зиёд шуда, саломатии ҷомеа хуб мешавад. Оид ба ҳифзи табиати кишвар, хусусан минтақаи ҷангали миёнакуҳҳо, ҳифзи ҳайвоноту набототи он, бо директори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, шахси ҳалиму хоксор, дорои маънавиёти баланд муҳтарам Исматзода Азизулло ва сардори Раёсати хоҷагии ҷангал, табиатдӯсти чашмрас, дорои одобу муоширати нек ва ахлоқи ҳамида муҳтарам Шарипов Давлаталӣ Ҷумаевич ҳамсуҳбат шудам. Аввалан аз пазироӣ, муносибат ва суханронии онҳо пай бурдам, ки дар ҳақиқат суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми имсола ҷойи худро ёфта, роҳбарон намунаи ибрат гардидаанд. Аз ҷумла қайд гардид, ки «мо ҳамеша матбуоти давриро мехонем ва оид ба ҳифзи ҷангалу боигариҳои он маълумотҳо медиҳему иттилоъ мегирем. Барои ҳамин, ба аҳли кормандон ва масъулони нашрияҳо арзи сипос менамоем. Тоҷикистон куҳсор буда, 93%-и ҳудуди онро куҳҳо ташкил медиҳанд. Ҳамвориҳо дар водиҳои фарох ва хамиҳои байникуҳӣ ҷойгир шуда, 7 %-и марзи ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Минтақаи ҷангали миёнакуҳҳо дар куҳистони Зарафшону Ҳисор то баландиҳои 2500 — 2700 метр ва дар Помири Ғарбӣ то баландиҳои 3200 — 3500 метр паҳн шудааст. Аз растаниҳои дарахтӣ намудҳои гуногуни бурс (арча), писта, хаданг, тус, бед, чормағз, заранг, инчунин буттаҳои насрин, сағоса, ангат ва ғайра паҳн шудаанд. Дар натиҷаи муносибати дағалонаи одамон дар солҳои пешин ҷангалзорҳо фақат дар ҷойҳои аз маҳалҳои аҳолинишин дур боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи онҳо барои ҳар як шаҳрванд фарз аст. Дар ҷангалзорҳо хирс, шерпаланг, силовсин, нахчир, хуки ваҳшӣ, гургу рӯбоҳ, харгӯш, кабк, оҳу, уқоб, боша, говкафтар, фохтак ва дигарон зиндагӣ мекунанд. Дар минтақаҳои баландкуҳҳо дар баландиҳои 3500 — 5000 метр растаниҳои юған, чимак, ковил, думи рубоҳак, растаниҳои болиштшакли хордор, зағоса ва дигарҳо дучор мешаванд. Минтақаҳои баландкуҳ чарогоҳҳои хуби тобистона мебошанд. Дар ин минтақаҳо ҳайвоноти шерпаланг, архар, суғур, муши даштии нуқрафон, гулмуши сурх, кабки ҳилол, ғози ҳиндӣ, мурғобии сурх ва ғайра дучор мешаванд. Баҳри ҳифзи ин боигариҳои нодири кишвар мо аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода бурда, ба тобеонамон — ҷангалбонон супоришҳо медиҳем ва назорат мекунем. Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри инкишофи табиати кишвар дар мавзеъҳои куҳӣ ва теппаҳо ниҳолҳо шинонида, нигоҳубин намоем ва баҳри афзуншавии ҷангалзор, ҳайвоноту парандаҳо ғамхорӣ зоҳир менамоем. Дар ҳар як ноҳия масъулони ҳифзи ҷангал амал карда, ҷангалбонон баҳри беҳшавии кор меҳнат мекунанд. Аммо ягон — ягон шахсоне ёфт мешаванд, ки ба табиат муносибати дағалона карда, нисбати он бераҳмиҳо зоҳир менамоянд. Ҷангалзорҳоро хароб намуда, арчаҳо ва дигар растаниҳою дарахтонро нобуд месозанд ва ба ҳайвоноту парандаҳо бераҳмӣ карда, онҳоро нест мекунанд. Аз ин боис мо нисбати чунин вайронкорон ҳамеша чораҳо меандешем ва ба ҷангалбонон месупорем, ки нисбати вайронкорони табиат раҳмдилӣ зоҳир нанамоянд. Нобудшавии ҷангалзорҳо дар минтақаҳои ноҳияи Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон ва дигар ҷангалзорҳо ба чашм мерасад. Ҷангалбононро зарур аст, ки нисбати нобудкунандагони ҷангал, ҳайвоноту парандаҳои он, боигарии ҷангал чораи сахт бинанд ва ба бераҳмиҳо нисбати табиат хотима гузоранд. Дар фаслҳои баҳорону тобистон дар мавзеъҳои ҷангалзорҳо, ки ҷангал дар нашъунамо ва инкишоф мебошад, бонии чорвоҳои майда мамнуъ мебошад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар баъзе мавзеъҳо кормандони ҷангал бо чорводорон забон як карда, чорворо дар айёми нашъунамои ҷангал барои бонӣ кардан иҷозат медиҳанд, ки ҳамаи растаниҳою ниҳолҳои нав баромадаро несту нобуд ва ҷангалро хароб мекунанду ба инкишофи ҷангал зарар мерасонанд. Аз ин рӯ, аз фурсат истифода бурда, бо воситаи ҳафтанома ба ҷангалбонон таъкид менамоем, ки баҳри ҳифзи ҷангал ва нашъу намои он, зиёдшавии боигарии он аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, қарзи вазифавӣ ва шаҳрвандии худро дуруст иҷро намоянд».

Оре, ҳифзи табиат ва боигариҳои он вазифаи ҳар як сокини ватани маҳбуб мебошад.

 

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here