Саҳл мабин гунбади фирӯзаро,

Қадр бидон фурсати ҳаррӯзаро.

(Хусрави Деҳлавӣ)

Вақт лаҳзаҳои муайяни шабу рӯз аст, ки гоҳ ё худ гоҳшуморӣ ҳам мегӯянд. Барои ҳунарманди гулдаст вақт фурсат аст, ки аз даст набояд диҳад, зеро вақт бебозгашт аст, вақт фасл мебошад, чун табиат ва умри инсон баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон дорад. Вақт карат аст, яъне намози панҷвақта, ки адояш дар соати муайян ҳатмист. Вақт давру замон аст, масалан, даври донишҷӯйиро айёми тиллоӣ ном мебаранд. Вақт нақд, яъне пул аст. Касе, ки ба қадри вақт мерасад, ба қадри пул ҳам мерасад ва аксари одамон ба тариқи вақтбайъ кор мекунанд, яъне мувофиқи соати корияшон музд мегиранд. Нақдро ҳама нағз мебинад, зеро шуши нақд беҳ аз дунбаи насия аст. Аз хотир набароред: “Вақт рафт — нақд рафт!” Фурсат ғанимат аст, дӯстон, зеро гуфтаанд:

Дило, то метавон имрӯз фурсатро ғанимат дон,

Ки дар олам намедонад касе аҳволи фардоро.

Вақт интизом аст. Касе, ки ба дақиқаву сонияҳои вақт, яъне соат эътибор намедиҳад, беҳунару коҳил асту бетавфиқу бетамиз. Ҳунарманд интизом дорад, ҳамчун шахси ботамиз шинохта мешавад, интизом ҳусни кор аст.

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Агар ба кор дар вақташ биёӣ, албатта, маҳсули корат хубу босифат мешавад. Доимо дер омадан одати танбалон аст. Барвақт аз хоб хестан файзу кайфияте дорад беҳисоб. Ҳарчанд саҳаргоҳон хоб гарон мешавад, иродаи қавӣ ин гарониро бартараф карда метавонад. Ҳунарманди саҳархез бо илҳоми тоза ба кор мечаспаду эҷодкориву кашфиёт мекунад.

Устод ба шогирд кореро фармуду гуфт, ки дар фалон вақт натиҷаи корашро нишон диҳад. Шогирд, барои он ки таъриф шунавад, пеш аз муҳлат супориши устодро иҷро кард, аммо устод бо таассуфи зиёд маҳсули кори ӯро наҳ заду хом гуфта, баргардонд ва боз барояш вақт муайян кард. Ин дафъа шогирд, беҳтар кор карду дертар омад, устод бо надомат изҳор дошт, ки чизе, ки фурсаташ гузаштааст, ба кор намеояд. Боз ба шогирд супориш дода шуд то вақти муайян. Ин дафъа шогирд корро дар вақти гуфтаи устод ба иҷро расонда, таҳсин шунид. Ҳар чиз вақту соати худро дорад, яъне ангур дар тобистон хуш асту мавиз дар зимистон.

Агар омӯзгор 45 дақиқаи дарси худро самаранок истифода барад, яъне барои такрори мавзӯи гузашта, баёни мавзӯи нав ва мустаҳкам кардани мавзӯи нав дақиқаҳои мувофиқро ҷудо карда тавонад, шогирдон аз устод дониши заруриро гирифта метавонанд. Агар меъёри вақт риоя нашавад, кас асабӣ ва ҳатто бемор мешавад. Маҷлис ё худ консертҳо дар вақти муайян оғоз намеёбанд. Калоншаванда, гӯё гаҳворааш аз осмон фуруд омада бошад, ба маҷлис дер меояду бо лаққигиҳои бемавридаш вақти пурқимати дигаронро мегирад. Интизорӣ бадтар аз ҷонканист. Касе, ки шуморо интизор мекунаду бесабаб дар вақташ намеояду ба ваъда вафо намекунад, душмани вақт, махлуқи бадгавҳар аст. Одамони Ғарб ба қадри вақт мерасанд, аз ин рӯ, ҳамеша муваффақу пешрафтаанд.

Асбоби вақтшиносӣ соат аст. Касе, ки соат дорад, вай ба қадри вақт мерасад. Соате, ки дар девор овехтаед ва соате, ки дар банди даст бастаед, ба мисли нишондиҳандаи вақти телефон зарарнок нест. Аз ин гуна соатҳо васеъ истифода баред. Шахсони зиёде, ки зиёни телефонро медонанд, мувофиқи табъи хеш аз соати истеҳсолоти мамлакатҳои гуногун истифода мебаранд. Ана ҳамин гуна ашхос бо дареғу надомат шикоят мекунанд, ки дӯконҳои таъмири соатҳо барҳам хӯрдаанд, дар ягон ноҳия кӯшкаки соатсоз нест. Дар маркази шаҳри Ҳисор, дар назди майдони калони ба номи Исмоили Сомонӣ дӯкони соатфурӯшӣ мавҷуд аст, дар он аз ҳар намуди соатҳо ба фурӯш гузошта шудааст. Аз ин ҷо аз 5 сомонӣ сар карда то 1600 сомонӣ соати олиҷаноб дарёфт карда метавонед. Ба харидор то вақти муайян бенуқс кор кардани соат кафолат дода мешавад, инчунин худи фурӯшандаҳо дар сари вақт соатҳои вайроншуда ё худ нуқс пайдокардаро дуруст карда медиҳанд. Кормандони дӯкон заргарӣ ҳам мекунанд, дар як дам соататонро бо зар нақшин мегардонанд ё худ ангуштарӣ, гӯшвора ва гарданбандҳои заррину нӯқрагине, ки ба дасти онҳо афтид, таъмир гардида, зебову назарррабову ҷилодор мешаванд. Аз хизмати ҳунармандони соатсозу заргарони зарриндаст истифода баред.

Вақт ғанимат аст, дӯстон, марҳамат ба дӯкони соатҳо ва заргарон!

Ғофил манишин, на вақти бозист,

Вақти ҳунар асту сарфарозист!

Муҳсиддин Фозилов, ҳунарманде аз шаҳри Ҳисор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here