Ҷин занад… чанд соат мешавад, ки сари миз нишастааму андеша дорам, аммо ҳеҷ не, ки ягон фикри хуб ба сарам ояд. Мисли он, ки майнаам тамоман кор намекарда бошад. Лекин ҳисси аҷибе ғамам медод.
Рости гап, ягон бор чунин азоби сахти виҷдонро эҳсос накарда будам. Ин чӣ гап аст? Донишгоҳро партоям гӯям, намешавад. Аз як тараф фикри падару модар ва аз ҷониби дигар бовариву ғамхории Ҳукумату Вазорати маориф ва илм чӣ мешавад? Охир, онҳо фикри моро намуданду Маркази миллии тестиро ташкил карданд, то ки ягон нафар аз таҳсилот дур намонад.
Падарам дар муҳоҷират ҳасту маҷбурӣ ҳам бошад, бо ҷанҷолҳои доимии модарам ёфту тофташро бароям мефиристад, то коре карда донишгоҳро ба итмом расонам. Ман бошам, чӣ кардам? Мактаби миёнаро низ бо фориғболиву сарсариҳо тамом намудаму дар имтиҳоноти қабқулшавӣ саволҳои тестиро бо методи “алик-малик” пур кардам ва боз ҳам бо ҳиммати толеъи накӯ соҳиби номи “пурифтихор”-и донишҷӯй гаштам. Дар давоми ин ду сол бошад, бо 50 бали танҳо барои иштирок муайянгардида ва ду-се бали дар атрофи сар чарх занонда мондаи муаллимони аз бесаводии ман баринҳо ба ҷон расида ва маблағҳои барои қарзи кредитӣ супоридаам, коре карда имтиҳону санҷишҳои нимсолаву солонаро паси сар намудам. Аммо имрӯз ҳолати аҷибе бароям рух дод. Банохост фикре ба сарам омад, ки ман дар давоми ин ду соли таҳсилкардаам аз касбе, ки омӯхта истодааму омӯзгорони зиёд ҳар рӯз ҷон коҳондаю гулӯ дарронда лексия мехонанд, чӣ омӯхтаам?
Аҷабо! Чизе ба сарам намеояд. Дар давоми ин ду сол ба ҷуз симои “шкатур”-кардаи духтарони ҳамкурсам ва нақлҳои як муаллими фориғбол, ки ба ҷои дарс гузаштан аксар вақт воқеоти ҳаёти шахсиашро нақл менамуд, чизи дигаре дар ёдам намондааст. Пас, ин ду соли умрам чиву куҷо шуд?
Афсӯс, хело эҳсоси нороҳативу азоби виҷдон мекунам. Охир, дар як дарс дар мавзуи “Ҷашнвораҳои устод Рӯдакиву Мавлавии Балхӣ” соати тарбиявӣ доштему ман “Балхӣ дар Панҷруд ба дунё омада, бо эҳсоси заъфи пирӣ “Найнома”-ро навиштааст” гуфтам. Аксари ҳамкурсонам ба ҳолам хандиданд ва омӯзгор бошад, бо зарда “арвоҳи Балхӣ ду-сето ту барин бесаводҳоро занад, баъд мефаҳмӣ, ки дар заъфи пирӣ чӣ хел “Найнома” менависанд” гуфт. Ростӣ, бори аввал аз нодониам хеле хиҷолат кашидам. Акнун фаҳмидам, ки бо роҳи “алик-малик” тест пур кардану имтиҳон супоридан маро ба чӣ вартае кашонидааст. Хайр, ҳеҷ гап не, ҳоло ҳам сари вақт фаҳмидам. Метавонам то расидани имтиҳоноти хатм ҳамаи мавзуҳои намедонистаамро омӯзам. Лекин, медонед-чӣ, ман бесавод ҳам бошам, имрӯз коре карда, майнаро об карда як фикре намудам. Ба назарам, бисёр хуб мебуд, агар ягон пункти дигаре ба низоми тестӣ ворид менамуданду мисли ман “алик-малик”-ҳо ба даст меафтоданд ва барои худу дигаронро фиребиданашон ҷазо медиданду сари вақт ҳушёр мешуданд, то солҳои умрашон барҳадар наравад.
Ё, шояд дар ин танбаливу худфиребиҳои мо омилҳои дигар низ сабабгор бошанд? Шояд зиндагониву муносибати волидони мо, ки аксар вақт “ради галочка” сурат мегирад, сабабгор бошад, ки мо ҳам бо гуфти ин панд — “Мева аз зери дарахт дур намеафтад” тамоми фаъолиятамонро чи дар кору бори хона ва чи дар илмомӯзӣ ҳамин тавр анҷом медиҳем.
Дар воқеъ, намедонам кирову чиро сабабгори номуваффақиам донам. Шояд атрофиён, ёру дӯстон низ гунаҳгор бошанд. Чунки ман баъди фаҳмидани бали гузариш бо ифтихор “мешудааст, бо алик-малик кор карда гузаштам” гуфтаму онҳо бошанд, ба ҷои он ки маро баъд аз ин ба илмомӯзии воқеӣ тарғиб намоянд, гуфтанд:
— Медонӣ, онро “алик-малик”-не, ин тавр мегӯянд: “Миш, миш, миш. Бигирум ай кадомиш? Худо бта ай ҳамиш” ва баъд дилхоҳ варианти тестро интихоб менамоянд…
Ана бо сабаби ҳамин ҳамфикриҳои хирсона ва аз худ қаноатманд буданҳои ноҷо ман ба ҳамин ҳол расидам, ки чаҳор соли тиллоии умрам бо бесариву бесамарӣ паси сар шуд.
Эҳ, азоби виҷдон, азоби виҷдон. Акнун аз ту чӣ гуна раҳоӣ ёбам???
ШАҲДНӮШ