Дар саҳнаҳои пуртазоди зиндагӣ ҳама гуна инсонро вохӯрдан мумкин аст. Одамон барои дарёфти қутти лоямут маҷбур мешаванд, ки ба ҳар гуна кор даст зананд. Яке бо меҳнати ҳалол бо дода қаноат мекунаду дигаре бо дуздиву қаллобӣ, аммо иддае алорағми ҳар ду ризқу рӯзии худро аз дасти мардум мечинанд. Баъзе ноилоҷ ба ин кори паст даст зананд, баъзеи дигар ин пешаро “касб”-и худ қарор медиҳанд.

Имрӯз зиёд ба назар мерасад, ки иддае аз мардум машғули талбандагиянду бо ин роҳ рӯзи худро мегузаронанд. Ҳангоме ки дар кӯчаҳои марказии шаҳр талбандаҳоро вохӯрдем, хостем бо онҳо суҳбат кунем. Яке аз онҳо холаи Сония буд, ки дар кунҷаки девор бо лавҳи “диққатҷалбкун” хайри раҳгузаронро мунтазир буд. Ба суоли “шуморо чӣ маҷбур мекунад, ки бо талбандагӣ рӯз мегузаронед?”, чунин гуфт: “Албатта, зиндагӣ маҷбур мекунад. Набошад, кӣ дар ин дунё бо хурсандӣ зистан намехоҳад? Мо ҳам одамвор зиндагӣ кардан мехоҳем. Мардум фикр мекунанд, ки мо пули бедарди миён мехоҳем. Магар дар ҳамин ҳавои сард, болои замини намнок нишастан барои мо осон аст? Ду-се сомоние, ки мардум медиҳанд, бо харидани дору тамом мешавад. Духтарам касали вазнин аст, ман бояд ҳам бори вазнини рӯзгорро кашаму ҳам вайро дорую дармон кунам”.

Холаи Сония кор кардан мехоҳад, аммо аз вазъи номуътадили саломатиаш шиква дорад, ки касе ӯро ба кор намегирад. Пули дар як рӯз кор мекардаашро холаи Сония чунин ҳисоб кард: “Сӣ-чил сомонӣ дар рӯзҳои муқаррарӣ, ҳаштод-навад сомонӣ дар рӯзҳои ҷумъа”.

— Падару модарам талбанда набуданд,- мегӯяд холаи Сония,- ман ҷӯгӣ нестам, тоҷикам. Тақдир ба сари ман чунин душвориҳоро овард. Хонаву дар надорам. Духтари маъюбамро ғайри ман дигар нигаҳбоне нест. Дар хонаи зане иҷоранишин ҳастам, вақте барои ёфтани нон ба кӯча мебароям, духтарамро соҳиби хона бонӣ мекунад. Падару модар, хешу таборам ҳам ҳамон зан, ғайри вай ҳеҷ кас надорам.

Имрӯзҳо байни талбандаҳо рақобате ҳам ба назар мерасад. Масалан назди масҷиди Ҳамадонӣ, ки худ шоҳиди воқеа будем, зани чашмонаш калон-калон ба як зани лоғар бо садои баланд мегуфт: “Ту клиентҳои мара гирифтӣ, вай мардак мада сум медод, идоф туда дод”. Ӯ ҳамин хел рақиби худро аз ҷои кораш меронд.

Чунин ҳолат бо холаи Сония ҳам рух додааст. Тавре ӯ мегӯяд, ин хел воқеҳо як-як шуда меистад: “Рӯзе дар ҳамин ҷои нишастаам як ҷӯгӣ бо санги калоне ба фарқи сарам фароварду худаш ғайб зад. Сабабаш он буд, ки марде ба ман пул доду ба вай не. Сарам кафид, маро ба беморхонаи Қараболо бурданд. Маро бепул табобат карданд”.

Нигоҳи мардум нисбат ба ин қишри ҷомеа чӣ гуна бошад? Вақте аз амаки Ҷамолиддин, ки машғули савдо буд, назарашро пурсидем, чунин ҷавоб дод: “Бемасъулиятии мардон ва баъзе занони бераҳм, ки ҳамчун зани дуюм оила барпо мекунанд, сафашонро зиёд мекунад, бисёриашон аз дасти моиндар ва баъди ҷудо шудан аз шавҳар ба ин кор мепайванданд. Ҳамеша ман аз талбандаҳо мепурсам, ки барои чӣ талбандагӣ мекунед? Аксарияташон мегӯянд: “Маро шавҳарам бо фарзандҳоям аз хона ронд, болои ман зани дуюм гирифт, хонаву дар надорам, шароитам нест, маҷбурам талбандагӣ кунам”. Мардуми мо саховатманданд, то қадри тавон ба ҳама кӯмак мекунанд. Аз барои савоб як сӯм — ду сӯм хайр мекунанд, аммо ин хайрашон онҳоро маззахӯрак мекунад. Ҳамин гуна ба ёфтани пули бе дарди миён одат карда, ба қавле муфтхӯриро касб мекунанд”.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

 P.S. Дар заминаи мушоҳидот: фарз кардем, агар талбандаҳо дар ҳар намоз 15 сомонӣ пул кор кунанд, дар 5 вақт намоз 75 сомонӣ мешудааст. Ҳол он ки, дар кӯчаву бозор дасти имдод талабанд, боз 75 сомонии дигар ба ҷайбашон зам мешавад. Баъзан мавридҳои бебарорашонро ба эътибор гирем, даромади якрӯзаашон ба ҳаҷми 100 сомонӣ рафта мерасад. Тахминан, дар як моҳ 3000 сомонӣ пул кор мекунанд. Аммо он нафаре, ки рӯзаш ба маош мондааст, эҳтимол аст, ки нисфи онро бигирад. Бо назардошти ҳамин нукта, мо фаҳмидем, ки талбандаҳои мо рӯз аз рӯз сафашон меафзояд. Ба фикри шумо, пеши роҳи афзоиши теъдоди талбандаҳоро ба кадом минвол метавон гирифт?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here