Аз таъсиси Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе, ҳамчун муассисаи давлатӣ, соли равон 60 сол пур мешавад.

Муассисаи мазкур бо мақсади ҳифзу парвариш ва тамошо дар қафасҳо ва нимозоди ҳайвоноти ваҳшӣ ва баъзе ҳайвоноти хонагӣ соли 1960 бунёд гардид ва охири ҳамон сол ҳунарпешаи рус Ф. Рубанов як гуруҳ ҳайвонҳоро ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе туҳфа карда буд. Тибқи сарчашмаҳо, соли 1961, замони ифтитоҳи Боғи ҳайвонот он ҳамагӣ 1,5 га масоҳат доштааст ва бо мурури вақт, соли 2004 масоҳати он ба 6,7 га расонида шуд, ки аз он масоҳат 4 га ҷойи намоиши ҳайвонот, хонаҳои хоҷагидорӣ, майдончаи бачагона, ҳавз барои мурғобиҳо ва 2,7 га минтақаи боғ ба ҳисоб мерафт. Дар соли аввали таъсиси Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ҳамагӣ 41 намуд (121 сар) ҳайвон мавриди нигоҳубин қарор доштааст. Бо гузашти 30 сол аз фаъолияти муассисаи мазкур, дар натиҷаи саъю кӯшиш ва кордонии масъулин намуди ҳайвонот то ба 384 ва саршумори он ба 2524 адад расонида шуд, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ мақоми намоёнро касб кард. Аммо ҳайҳот, дар натиҷаи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки монеи рушду нумуи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тараққиёти кишвар гардид, 95 дарсади ҳайвонҳои Боғи ҳайвонот нобуд гардиданд.

Замони соҳибистиқлолии кишвар барои барқарор сохтан ва пурра кардани коллексияи “Боғи ҳайвонот” корҳои зиёде анҷом дода шуданд: мутахассисони нав ба кор ҷалб гардиданд, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои бо хӯрокворӣ таъмин намудани ҳайвонот шартномаҳо баста шуданд ва бо боғҳои ҳайвоноти шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург шартномаҳо ба имзо расиданд, қафасҳои нигоҳдории ҳайвонот таъмир карда шуданд. Дар даврони истиқлолият аз Боғи ҳайвоноти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе лама, шутурмурғ ва гӯсфанди ёлдор ворид карда шуд. Боғи ҳайвонот ба шуъбаҳои дарандаҳо, ҷуфтсумҳо, маймунҳо, парандаҳо, хазандаҳо, моҳиҳо тақсим карда шудааст.

То соли 2012 дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе 110 намуд (810 сар) ҳайвонот нигоҳ дошта мешуд, ки аз ин миқдор 67 намудаш шомили Китоби сурх гардидаанд. Дар бино барои нигоҳдории хазандагон (террариум) бошад, 18 намуди мор нигоҳ дошта мешуд.

Аз соли 2012 инҷониб фаъолияти Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе боз ҳам ҷоннок карда шуда, масъулин барои беҳтар сохтани шароити будубоши ҷонварон ва зиёд намудани саршумори онҳо тадбирҳо меандешанд. Айни замон масъулини Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе дар баробари дигар корхонаву ташкилотҳои давлатӣ тамоми кӯшишу ғайраташонро барои дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти кишвар сафарбар кардаанд. Директори “Боғи ҳайвонот” Маъруф Маҳмадизода мегӯяд, ки муассисаи мазкур фаъолияти меҳнатии худро мувофиқ ба қонунҳои амалкунанда, дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ намуда, барои рушду нумӯ, ғанигардонии саршумори ҳайвоноти нодир, таъмини амнияти бошандагон ва тамошобинон, азнавсозӣ ва таъмири ҷои зисти ҳайвоноти алоҳида бо рафъу пешгирии бемориҳои сироятии омма бо усулҳои мухталифи соҳавӣ амалӣ мекунад.

— Айни ҳол ду адад волер бо хоначаҳои нигоҳдории оҳувон, ду адад волери мутобиқ барои нигоҳдории парандаҳои нумуди шутурмурғ, хоначаҳои нигоҳдорӣ ва пешбурди амалҳои наслгирӣ барои мурғобиҳо сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Инчунин, корҳои азнавсозии волерҳои нигоҳдории ҳайвонҳои ҷуфтсум (уштур, бузҳои асморӣ ва нубиягӣ, гӯсфандҳои алтоӣ ва ҳисорӣ, аспчаҳои понӣ), азнавсозии ҳавзҳои волерии ҳайвоноти ваҳшӣ, сафолакпӯш кардани роҳравҳои алоҳида дар ҳаҷми 350 метри квадратӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, таъмири куллии бинои маймунҳо аз тарафи соҳибкорони саховатпеша давом дорад. Қисмати чапи даромадгоҳи асосӣ азнавсозӣ шуда, дар масоҳати 870 метри квадратӣ аз тарафи соҳибкорони алоҳида сафолакпӯш карда шуд. Сафолакпӯшсозии роҳравҳои самти маъмурият, назди ҳавзҳои нигоҳдории парандаи обӣ, роҳрави назди кенгуруҳо, акватеррариум, ки дар умум 1500 метри кавадратиро дар бар мегирад, оғоз ёфта, барои болидаруҳии тамошобинон хизмат расонида истодаанд,- гуфт М. Маҳмадизода.

Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе бо Боғи ҳайвоноти давлати ҳамсояи Ӯзбекистон ҳамкории хуби дуҷониба дорад. Ин аст, ки дар нимсолаи гузашта ба муассисаи мазкур аз кишвари ҳамсоя 10 сар парандаҳои экзотикӣ, аз қабили 2 сар қуи сиёҳ, 4 сар мурғобии мандаринкаи хитоӣ ва 4 сар мандаринкаи амрикоӣ ҳадя карда шудааст.

Бино ба гуфтаи сарвари муассиса Маҳмадизода, таъмини хӯроки ҳайвонот мутобиқ ба меъёрҳои нишондоди мутахассисони соҳа амалӣ мешавад.

— Саршумори мавҷуда ба санаи 1-уми декабри соли 2020-ум 1050 сар буда, 122 номгӯйро ташкил медиҳад. Дар давоми соли гузашта ба муассиса аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 62 сар ҳайвон даромад карда шуд. Аз ҳисоби корҳои такрористеҳсолкунии мутахассисон бошад, 3 сар шер, 2 сар кенгуру, 1 сар бузғолаи нубиягӣ, 1 сар бузғолаи асморӣ, 2 сар барраи намуди гӯсфанди алтоӣ, 7 сар чӯҷаҳои тӯтиҳои мавҷдор, мурғони брама 4 сар ва оҳуи холдор 1 сар ба ҳисоб гирифта шудааст. Маъмурияти муассиса тасмим гирифтааст, ки дар соли 2021 ҳамкориҳои дуҷонибаро барои додугирифти ҳайвонҳо тариқи бартерӣ бо боғҳои ҳайвоноти Олмон, Кувайт ва Қазоқистон ба роҳ монад. Аз Боғи ҳайвоноти Кувайт 25 сар маймун ва аз Боғи ҳайвоноти Алмаато бошад, ҳайвоноти гуногун ҳадя шудаанд, аммо бинобар бемории ҳамагири коронавирус шартномаҳои тарафайн мавқуф гузошта шудааст. Дар оянда дар нақша аст, ки новобаста аз кӯчонидани Боғи ҳайвонот он пурра таъмир карда мешавад. Боғи ҳайвонот аз соли 2007 узви Ассотсиатсияи байниминтақавии боғҳои ҳайвонот ва аквариумҳои Аврупову Осиё мебошад. Бо боғҳои ҳайвоноти ҷумҳуриҳои узви ИДМ ва назди Балтика, Олмон, Полша, Чехия, Словакия, Булғория ҳамкориҳои мустақим дорад,- иброз дошт директори Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе Маъруф Маҳмадизода.

Ёдовар мешавем, ки соли равон дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғози сохтмони боғи муосири ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯи ҳайвонот дар назар аст. Боғи мазкур дар масоҳати 13 гектар бунёд шуда, барои зиёда аз 1500 сар ҷонвар пешбинӣ гардидааст.

Тибқи лоиҳаи ангоравии «Боғи ҳайвонот» дар масоҳати 0, 40 гектари он биноҳои маъмурию хизматрасонӣ сохта шуда, 0,85 гектар барои нигоҳубин ва барои ба намоиш гузоштани ҳайвоноти Тоҷикистон, 0,46 гектар барои ҳайвоноти хонагии минтақаи Тоҷикистон, 0,70 гектар барои ҳайвоноти Австралия, 0,84 гектар барои ҷонварони Амрико, 0,61 гектар барои ҳайвоноти Осиё, 0,90 гектар барои ҳайвоноти Африқо пешбинӣ гардидааст. Дар масоҳати 0,53 гектари боғ кӯл бунёд мегардад. Минтақаҳои мазкур бо дарназардошти миҷози ҷонварон ҷиҳозонида мешаванд.

Дар «Боғи ҳайвонот» ҳамчунин бунёди ду қаҳвахона, мағозаи фурӯши ҳайвонот, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва ду таваққуфгоҳ барои нигоҳдории 130 мошин дар назар дошта шудааст.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here