Синфи 8 мехондам. Дар телевизиони “Сафина” Аловиддин Бӯриев барномаи “Гол”ро пеш мебурд. Барнома ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе пеш аз барномаи иттилоотии “Навид”, яъне соати 19:30 дақиқа пахш мешуд. Муҳтавои барнома: сараввал мусобиқоти футболи дохили кишварро ва  пасон “Топ 5” чемпионати футболи Аврупоро шарҳу тавзеҳ медод. Алӣ Шариф дар ТВ “Тоҷикистон” барномаи “Рушди футбол” ва Бобо Холмуродзода дар ТВ “Ҷаҳоннамо” барномаи 90 дақиқа”ро пеш мебурданд. Ман ҳар ҳафта бесаброна мунтазири барномаҳои мазкур будам. Дар ҳамон замон шавқу ҳаваси журналистӣ дар дили ман пайдо шуд. Мехостам оянда ман ҳам журналист бошам ва чунин барномаҳо ҳам дошта бошам. Албатта ҳамаи ин орзу буд. Акнун вақте дар мактаб устодон аз мо мепурсиданд, ки дар оянда кадом касбро интихоб кардаем, ман бо шавқу ҳаваси зиёджурналист” гуфта посух медодам.

Санаи 1-уми марти соли 2016 МД ТВ “Варзиш” ва ТВ “Синамо” расман ба фаъолият оғоз карданд. ТВ “Варзиш” ягона шабакаи соҳавӣ дар кишвар шинохта мешуд. Акнун Аловиддин Бӯриев аз ТВ “Сафина”, Алӣ Шариф аз ТВ “Тоҷикистон” ва Бобо Холмуродзода аз ТВ “Ҷаҳоннамо” — қаҳрамонҳое, ки банда дар дил мепарваридам, ҳама ба ТВ “Варзиш” омаданд ва минаъд кор ва фаъолияти хешро дар онҷо идома доданд. Акнун ман аз дигар шабакаҳои кишварамон ТВ “Варзиш”-ро бештар тамошо мекардам. Дар ТВ “Варзиш” бозиҳои футболро бо забони ноби тоҷикӣ шарҳу тавзеҳ медоданд. Аввалин бозиро Бобо Холмуродзода бо забони тоҷикӣ шореҳӣ карда буд. Ман, ки ба шореҳии русӣ он қадар одат накарда будам, бо шореҳии забони тоҷикии худамон зуд одат кардам. Ба бозиҳое, ки бо забони тоҷикӣ шарҳу тавзеҳ дода мешуданд, бисёр диққат медодам ва таҷриба низ мегирифтам, зеро мехостам оянда шореҳ шавам…

Бо Бобо Холмуродзода, Гулрӯз Худоназарзода ва Иномиддин Аҳмадзода дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дӯст шуда будему ҳарф мезадам ва аз ин орзуҳои кӯчаки хеш мегуфтам. Онҳо ба ман тавсия медоданд, ки дарсҳоро нағз хонам, ҳамааш мешавад, яъне ин шавқу ҳавасе, ки ман дар дил доштам, боз ҳам бештар мешуд. Аловиддин Бӯриев барномаи “Ҷоми ҷаҳон — 2018 (марҳабо)”-ро моҳи ноябри соли 2017 дар МД ТВ “Варзиш” таъсис дод ва пеш мебурд. Ин барнома дар дохили хеш боз озмунҳо дошт, яъне озмунҳои “Донои футбол” ва “Латифаи беҳтарин”… Аввалин ғолиби озмуни “Донои футбол” Орзу Раҳимов гашт ва аз ҷониби барнома бо тӯби футбол сарфароз гардонида шуд. Ман низ дар ин барнома иштирок мекардам ва ба 3 саволе, ки пешкаш мешуд, ҳар ҳафта посух мегардонидам. Хушбахтона, банда ғолиби озмуни “Донои футбол” дар моҳи декабр гардидам ва ба барнома даъват шудам. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Латифаамро низ пешниҳод карда будам, аммо мутаассифона латифаам дар миёни 3 латифаи дигар ҷои дуюмро касб кард. Қариб соҳиби як тӯби дигар мешудам. Ман бисёр хусанд будам ва ин барномаро ҳар ҳафта тамошо мекардам. Ин ғолибият меҳри маро боз ҳам ба касби журналистӣ бештар кард…

Хурсандам, ки аз рӯи интихоби аввал ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам.

Дар давоми таҳсил бо ҳамроҳии ҳамкурсонам ба шабакаи “Варзиш” рафтем ва студияҳои сабти барномаҳо, утоқи шореҳӣ ва дигар ҷойҳоро аз наздик дидем. Бо шореҳони варзидаи ТВ “Варзиш” чанд акси хотиравӣ низ гирифтем.

Дар студияи таълимии телевизиони факултет таҷриба омӯхта истодаам ва ният дорам, ки баъд аз хатми донишгоҳ дар ВАО-и кишвар ба кор дарояму орзуямро амалӣ намоям…

Фаридун САФАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here