Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ агар 8-уми март ба унвони Рӯзи озодии занон қайд мегардид, ҷашнгирии имрӯзааш шакли дигар касб кардааст. Занҳо имрӯз дигар “бандӣ нестанд, фаранҷӣ ба сар намекунанд.

Рӯзи озодии занони гузаштаро имрӯз бо лутфу марҳамати хоса Рӯзи модар мегӯянд. Рӯзи модаре, ки шабро сари гаҳвораи фарзанд саҳар кард. Рӯзи модаре, ки гулдастаеро аз гулҳои худрӯи назди ҳавлӣ барои фарзанд тайёр намуд, то ӯ онро дар рӯзи аввали пой ба остонаи мактаб гузоштан ба муаллим тақдим кунад.

Рӯзи модаре, ки аз баҳри “нони даҳон”-и фарзандони хурдиаш гузашта, тӯшаи роҳ омода сохт, то фарзанди бузургаш дар шаҳр гурусна намонад. Барои харҷи роҳи фарзандаш маблағ фиристод, ки роҳкиро карда, ба китобхона раваду аз пайи омӯзиши илм шавад. Бо як орзуву умед ҷомаву рӯймол дӯхта, онро рӯзи висоли фарзандонаш ба тану сари онҳо пӯшонд. Ҳангоми пирӣ фарзандони фарзандашро меҳрубониву парасторӣ кард. Аммо фарзанд чӣ кард? Рӯзгорро бо ҳавову ҳавас гузаронида, аз баҳри чизи хубу бадӣ дунё модарро ранҷониду гоҳе дигар “сарам, дилам” ба ӯ меҳрубонӣ намуд. Ҳанӯз дар гаҳвора буд, ки ба азияти модар шуруъ намуда, дар дили шаб бо садои гиряаш “инг-инг”-кунон ӯро аз хоби нозаш бедор кард. Ҳангоми мактабхонӣ дарсгурезӣ кард. Ба қадри модар нарасида, кӯдакӣ гуфта гашту гоҳу ногоҳ модарро ранҷонд. Вале модар ба ҳамаи ин чашм пӯшида, заррае меҳрашро аз фарзандаш кам накард.

Имрӯз ҳамин модар ид дошт. Идаш дар фазои сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ доир гардид. Одатан, дар рӯзи ид аз модару ҷинси латиф васф мекунанд, вале инҷо мо қолабшиканӣ карда, аз камбудии ҷавондухтарон мегӯем. Ранҷише ба дил нагиред, зеро ин сӯхтанҳо ба хотири сохтанҳост.

Дар ҷомеаи муосир нуфузу мартабаи зан ба маротиб афзуда истодааст. Дар ҳама ҷо онҳоро эҳтиром мекунанд, ки ба ин эҳтиром сазовор низ ҳастанд.

Дар дохили нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ҳангоме ки духтари мактабхон, ҷавони донишҷӯ ва зани пиронсол дохил шаванд, ҳатман ҷинси зариф ба онҳо ҷой медиҳанд. Эҳтиромашон то андозае боло рафтааст, ки марди 45-50-сола низ барои духтари 18-20-сола курсиро холӣ мекунад. Аммо онҳо дар ҷавоб чӣ мегӯянд? Шунидани калимаи ташаккурро як сӯ мегузорем, зеро он барои насли нави мо аллакай “бегона” шудааст. Фаросате надоранд, ки сумкаву борхалтаи мардҳоро ба даст гиранд. Ин асосан ба насли ҷавондухтарҳо тааллуқ дорад. Шояд ба либосҳояшон гарде расад ё “косметика”-и рӯяшон газанде бинад? Инро худашон медонанд.

Замоне орзуи раҳоӣ аз банди хурофотро мекарданд. Фаранҷиро аз сар бадар намуданд. Аммо имрӯз ба фаранҷӣ монанд, чизе ба истилоҳи “сатр” пайдо кардаанд. Боз бо ранги сиёҳ. Аслан, ранги сиёҳ дар тамаддуни мо – тоҷикон хосияти он қадар хуб надошту то ҳанӯз надорад. Онро дар рӯзи маргу мир ба сар мекарданду мекунанд. Пас ин гуна сиёҳпӯшиҳо чӣ маънӣ дорад, ки аксари занҳо мудом дар сар рӯймоли сиёҳу куртаҳои дарози заминмерӯфта ба бар мекунанд? Мо куртаи миллии атласу адрас, чакан ва ҷомаи беқасабу карбосӣ дорем. Мо рӯймоли тоҷиконаи хос ба модари тоҷик зебанда дорем, ки ҷамоли ӯро иффату зебоӣ ато мекунад. Пас чаро ҷойи онро ба “манашка”-ву пироҳани сиёҳи мутааллиқ ба фарҳанги ғайр иваз мекардаем?

Маълум аст, ки ҷаҳон дар ҳоли рушд асту бархӯрди фарҳангҳо марзношиносӣ карда, сайёраи Заминро фаро гирифта истодааст. Вале аз хотир баровардан лозим нест, ки ба ин бархӯрдҳо ашхосе метавонанд истодагарӣ кунанд, ки аз фарҳанги асили худ ҳимоят карда тавонанд.

Нахустин чизе, ки ҷамоли занро ба намоиш мегузорад, шарм ва ҳаёи ӯст. Лекин ҳаё барои баъзе ҷавондухтарони мо тухми анқо гаштааст. Озодӣ ва баробарҳуқуқие, ки барои шумо дода шудааст, баҳри дар кӯчаҳо дасти ҷавонписаронро гирифта гаштан, дар оғӯши писарҳо нисфирӯзиро ба бегоҳ расонидан набуда, барои пушти мизи донишҷӯйӣ нишастану илм омӯхтан дода шудааст.

Айёми мактабхонӣ ба худ суол медодам, ки барои чӣ мардуми деҳот он қадар майл надоранд, то духтаронашон дар шаҳр таҳсилро идома диҳанд? Нав ба умқи ин чиз сарфаҳм меравам. Волидайн як-як бо зарурате ба шаҳр меоянд. Гузорашон ба боғи фарҳангие меафтаду нохост дар он ҷой як-ду ҷавони дар оғӯши ҳам бударо мебинанд, тамом. Мардуми шаҳр ба ин чиз шояд одат кардаанду барояшон воқеаи муқаррарӣ шудааст. Лекин ин амал барои мардуми деҳот рафтори ғайримуқаррарӣ аст. Ин гуна бархӯрд шояд боис шавад, ки онҳо ба таҳсили духтарашон дар шаҳр мамониат нишон диҳанд.

Дар оғӯши ҷавонон сайр карданро як сӯ мегузорем. Боре ба либоспӯшиатон аҳамият додаед? Ҳама чизро ба раванди ҷаҳонишавӣ бурда начаспонед, хоҳиш. Шиме, ки ҳоло шумо ба бар мекунед, замоне онро сохтмончиёни биноҳои баландошёнаи Русияву дигар мамолики Ғарб ба тан мекарданд, то ҷисмашон аз харошидагиҳо ҳифз шавад. Оҳиста-оҳиста он ба мӯд ва бренди ҷаҳонӣ табдил ёфту мардҳо онро қабул карданд. Барои мардҳо шояд зебанда бошад, аммо он барои ба бар кардани шумо истеҳсол нашудааст. Шумо духтари тоҷик ном дореду чаро атласу адрас ва чакан барин матоъҳоро бо ҷинси “танг” иваз кардаед?

То дирӯз устодон дар донишгоҳ барои напӯшидани пироҳани сиёҳ миёни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебурданд. Ҳоло медонед чӣ мекунанд? Кӯшиш доранд духтарон “кроссовки” напӯшанд. Ба пӯшидани “кроссовки” ҳам тамғаи глобализатсия назанед, духтарон! Чун онро замоне писарҳо мепӯшиданд. На барои дар кӯчаҳо сайр кардану пӯшида ба донишгоҳ омадан, балки барои дар мусобиқаҳои варзишӣ бо он ба тамрин машғул шудан. Аммо ҳоло шумо сарҳади пӯшидан дар мусобиқаҳои варзиширо убур карда, онро ба донишгоҳ низ овардаед. Ба бастани банди он аҳамият додаед? Онгунае, ки шумо онро дар назди буҷулаки поятон давр занонда мебандед, ҷавонписарони куҳистон ҳангоми ба адир баромадан чунин мекунанд, то пойафзол дар фарозу нишебиҳои куҳ аз пояшон бадар нашавад. Аммо шумо дар кӯчаҳои мумфарши шаҳр барои чӣ бо чунин шакл банд бастаед, ҳайронам.

“Репер” будан ба писарҳо бас набуд, ки он ба шумо низ сироят кардааст. Ё мехоҳед дар ин “мусобиқа” ҳам аз писарҳо қафо намонед?

Ибтидои моҳи феврал ҷавондухтаре аз Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро “ситора” сохту мавриди танқиду сарзаниши корбарон қарор гирифт. Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки бевосита корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон мебарад, то онҳо аз анҷоми чунин рафтор худдорӣ кунанд, ба амали ин духтари репсарои тоҷик вокуниши аҷибе кард. Муовини раиси Кумитаи мазкур Назарзода Ризо дар вохӯрии худ бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки санаи 10-уми феврал баргузор гардида буд, гуфт:

– Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамаи шумо шоҳид шудед, ки ҷавондухтаре аз “репер” шудани худ дарак дод. Ӯ дар сароидани реп чунон суханҳое гуфт, ки он ба фарҳанги зану модари тоҷик тамоман рост намеояд. Навори ин ҷавондухтарро боз ҳамонҳое дар Интернет паҳн карданд, ки ин корро ба ӯ худи онҳо омӯзонидаанд. Бо ин амалаш ин духтари тоҷик фарҳанги пурғановати моро паст зад.

Назарзода Ризо танҳо аз якеи чунин духтарон ёдовар шуд. Агар гузаре ба шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Instagram кунем, хуб мебинем, ки пур-пури чунин ҷавондухтарон аз худ “ситора” сохтан мехоҳанд. Лекин ба мақсад намерасанду боиси хандахариши атрофиён мегарданд. Умуман, бемухлисанд гӯем, беинсофӣ мешавад. Мухлис доранду вале мухлисонашон ҳам мисли худашон завқу салиқаи паст доранд.

Эътимоду эътибори ҳукумат рӯз аз рӯз нисбат ба ҷавонон дар ҳоли афзудан аст. Дар ҳама соҳаҳои хизмати давлатӣ фаъолияти пурсамари онҳо ба роҳ монда шуда истодааст. Пас, ҷавондухтарони оянда модарро зарур аст, ки дар ҳама вақту соат аз фарҳангу асолати ниёгон ҳимоят кунанд, зеро агар имрӯз тарбияшаванда бошанд, фардо тарбиятдиҳанда хоҳанд шуд.

Маҳкам МАҲКАМЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here