Сол аз сол дар кишвар соҳаи таълиму тарбия ба яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Ҳукумати кишвар табдил гардида, вале дар ин замина нигарониҳои зиёде низ ба бор меоянд. Бисёр хубу бамаврид аст, ки дар ин раванд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тасвиб расиду дар ин миён як қатор беҳбудиҳо ба миён омаданд. Аммо ин ҳанӯз кифоя нест. Зеро, бо вогузории масъулият ба дӯши падару модарон тарбия пурра ва комил ба роҳ монда намешавад.

На ҳамаи падару модарон имконияти хуби назорату тарбияи фарзандонро дар хона доранду барои фарзандонашон шароити дарсомӯзӣ фароҳам карда метавонанд. Пеш аз он, ки хонанда одобу рафтори хуб дошта бошад, бояд падару модар, хоҳару додар ва аҳли ақрабову хонавода дорои ахлоқи ҳамида бошанд. Ва ҳамзамон, ҳамсояву аҳли маҳалу деҳоту шаҳракҳо дар раванди таъсиррасонӣ ба ахлоқу одоби ҷавонон бояд саҳмгузор бошанд. Кӯдакону наврасонеро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хонаву кӯчаву бозорҳо бо алфози қабеҳу зишт ҳарф мезананд, маломату насиҳат карда, онҳоро сарзаниш намоянд, ки аз чунин алфози нохуш канораҷӯӣ намоянд. Вале, мутаассифона, дар саҳни мактаб, роҳравҳо, синфхонаҳо, андаруни автобусу ҷойҳои ҷамъиятӣ мо шоҳиди он мегардем, ки кӯдакону наврасон бо зиштгуфториҳояшон, бо алфози қабеҳашон гӯшҳоро кару асабҳоро хароб менамоянд. Аммо касе аз мардуми дар он ҷо буда садди бадгӯиву бадахлоқии онҳо намешавад. Агар шавад ҳам, ягон нафаре, дигарон бошанд, об ба даҳон гирифтаву “лом” намегӯянд. Мисле, ки онҳо ба ин ҷомеаву ин низом бегонаанду ҳеҷ рабте ба он надоранд. Худро канора мегиранд. Хомӯширо авло медонанд. Бетарафиро пеша месозанд. Пас, чигуна мо метавонем, ки як ҷомеаи солиму ободеро бунёд намуда, ахлоқу одоби ҳамидаеро аз ояндагони худ чашминтизор бошем?

Бетарафӣ зоҳир намудани мову шумо боис ба афзудани ҳама гуна алфози зишту қабеҳ ва рафторҳои носолими ҷомеа мегардад. Аз ҳама аламовару риққатовар он аст, ки калонсолон бе ҳеҷ як истиҳолаву андеша дар назди кӯдакону наврасон ба дашномгӯиву зиштгуфториҳо пардохта, барои онҳо роҳ нишон медиҳанд. Мусаллам аст, ки чун кӯдак аз бузургтаре аз худ дар хонаводаву кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ алфози зиштро шунид, онро тақвият медиҳад ва забону даҳони худро ба бад олуда месозад.

Дар раванди кори таълимиам борҳо мушоҳида кардаам, ки аксари онҳое, ки бадгуфтору бадрафторанд, онҳое ҳастанд, ки саробони хонаводаҳояшон зиштгуфтору бадандешанд ва фарқи миёни баду некро намедонанд. Пас, мо чигуна метавонем, ки масъулияти комилро ба дасти чунин падару модарони “носолим” ҳавола созем?

Хушгуфториву назокати суханрониро ба кӯдакону наврасон бояд омӯхт, то онҳо фасоҳати забони модариашонро дарк карда тавонанд. Бо лутфу меҳрубонӣ ҳарф заданро ёд бигиранд. Бузурге фармуда:

Носазову зишт гуфтан нест кори оқилон,

Аз барои нарм гуфтан шуд забон беустухон.

Чун имрӯз барои ҷавонону наврасон имкониятҳои хуб фароҳам омадааст, бояд аз он ҳама барои таълиму тарбияи онҳо дуруст ва самаранок истифода кард. Робитаи мактаб бо волидон ва раванди кори кумитаи падару модаронро тарзе ба роҳ бояд монд, ки он тавонад дар раванди таълиму тарбия нақши муассир бозад.

Ба андешаи банда, дар ин самт барои волидон адабиёти зарурӣ оид ба тарбияи фарзад, тарбия дар оила, муносибати падару модар ба фарзанд, инкишофёбӣ ва роҳҳои ташаккули шуурнокии фарзанд лозим аст. Ва бояд адабиёти таълимӣ фаҳмову ҷолиб бошанд, то волидон аз онҳо истифода карда тавонанд. На бо забони илмиву душворфаҳм, ки боиси озурдагии руҳии онҳо гардад. Ҳол он ки, дар бораи тарбияи кӯдак ва наврасон дар кишварҳои дигар ҳазорҳо дастуру китобҳои тарбиявӣ мавҷуд аст, ки волидон аз онҳо истифода мебаранд.

Ҳамчунин, бояд дар макотиби таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ меҳнати ҷисмонии хонандагон ба роҳ монда шавад, то онҳо дар руҳияи меҳнатдӯстиву касбомӯзӣ ба воя расанд. Ёдовар шавем ҳамон бригадаҳои истеҳсолии замони шӯравиро, ки то чӣ андоза самаранок буданд. Хонандагон кор мекарданд, касб меомӯхтанд, худро бо меҳнат обутоб медоданд. Самараи меҳнаташонро медиданд. Меҳнат низ метавонад руҳия ва хислату рафтори хонандаро тағйир диҳад. Дар рафти меҳнат муносибатҳои дӯстона, рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ, арзишҳои волои инсонӣ густариш меёбанд, ки имрӯз барои ҷавонони тоҷик басо зарур аст. Бояд ҳатман дар ин раванд низ имконияту талаботи хонандаро ба инобат гирифт. Зеро таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони мо майлу рағбате ба кор надоранд.

Дар Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада, ки барои огоҳӣ аз наслу асли хеш барои ҳар як хонадони тоҷик китоби Бобоҷон Ғафуров — “Тоҷикон” чоп кардаву ҳамчун туҳфа тақдим гардад. Ин амали хайр боиси ифтихору дастгирист. Ва марбут ба ин шояд рӯзе нафароне пайдо гарданд, ки бо ташаббус ва дастгириашон адабиёти тарбиявӣ барои волидон омода намоянд.

Момоҷон МИРЗОЕВА,

омӯзгори МТМУ №59-и ноҳияи Рӯдакӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here