Дар ҳоле аксарияти сокинони пойтахт аз беаҳамиятии кормандони КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” шиква мекунанд, ба назар мерасад, ки дар ин росто беаҳамиятии онҳо низ нисбати тозагии шаҳр хеле калон аст. Агар майдапартовҳои роҳу растаҳои пойтахтро ба назар нагирем, зиёд ба назар мерасад, ки шаҳрвандон аз пеши худ баъзе аз нуқтаҳоро ба макони партов табдил додаанд. Аз ҷумла дар маҳаллаҳои машҳури “Профсоюз”, “Яккачинор”, “Сирки давлатӣ”, “Гипрозем” ва ғайраҳо чандин ҷойҳоро дидан мумкин аст, ки худи шаҳрвандон ба маркази “мусор” табдил додаанд. Рӯзҳои офтобӣ бӯи бади ин нуқтаҳо ба атроф паҳн шуда, ҳар раҳгузарро маҷбур месозад, ки самти ҳаракати худро дигар кунад. Гузашта аз ин, сари ҳар қадам ҷӯйборҳои аз зарфҳои пластикию пакетчаҳо ва аз дигар ахлотҳо пур баёнгари он аст, ки қисме аз шаҳрвандон зебоии пойтахтро танҳо дар гулу гулзорҳо дониста, заррае аз одоби шаҳрнишинӣ огоҳ нестанд. Ҳар сокини пойтахт, агар мехоҳад атрофи хонааш тозаву озода бошад, роҳу растаҳо бӯи баду ғализ накунанд, пас мебояд тадбири тозагиро аз худ шуруъ намояд. Кӯшиш кунем, ки партовҳоро дар ҷойҳои муайянгашта партоем. Чун дар пеш гармиҳои тобистон аст ва хурдтарин партов метавонад бӯи бад гираду атрофро ғализ созад. Агар ин тадбирро ба роҳ намонем, агарчи тамоми шаҳрро гулпӯш кунем ҳам, он маънои тозагию ободӣ ва зебоиро надорад.

Таҳияи Гулрӯ КАЛБОДОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here