Аз телевизиони “Баҳористон” кайф карда, филми тасвирӣ тамошо мекардам. “Чашмаки ман, чашмаки ту” гуфтагӣ барин, аз экран нигоҳамро ҳеҷ намекандам. Филм ба охир расиду барномаи “Ҳусни баён” оғоз шуд. “Эҳ, ин чӣ бошад, ба дигар шабака гузарам-мӣ?”,- гузаронидам аз дил. Рафҳои дарозу мунаққаши китоб, навиштаҷоти зеборо аз сархати барнома дида, дилам нашуд, ки тугмачаи пултро зер кунам. Табассуми малеҳро дидаву гуфтори мӯйсафеди нурониро шунида, аз экран чашм канда натавонистам.

Баҳриддин Камолиддинов. Баробари чандин бор тамошо кардани барномаи “Ҳусни баён” ин номро нағзакак дар ёд гирифтам. Он қубҳе, ки дар забони матбуот ва дигар ВАО ҷой дошту ҳама онро дуруст қабул кардаанд, дар ин барнома бо мисолҳои мушаххас шакли дурусти онҳо нишон дода мешуд. Дар он вақт муаллифи ин сатрҳо ба таври бояду шояд ҷони гапи устодро фаҳмида наметавонист, лекин ҳис мекард, ки гап аз ислоҳи кадом ғалатҳо меравад. Ҷолибияти барнома дар он буд, ки устод барои мисол аз ягон ривоят ё ҳодиса нақл мекарданд. Яке аз нақлҳояшон ин буд:

Боре як донишҷӯ аз устод маънои номашро, ки падараш гузошта будааст, мепурсад. Шарҳи ин калима дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” набудааст. Устод маънои вожаро аз луғатномаҳои пешин ёфта, аз он донишҷӯ талаб мекунанд, ки номашро иваз кунад, зеро он вожа муродифи мабраз будааст.

Соли 2018 мо — як гуруҳ муҳассилини макотиби вилояти Суғд барои даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи мактаббачагон ба Душанбе омадем. Ман аз фанни забон ва адабиёт иштирок кардам ва дар мавзӯи  “Масъалаҳои миллӣ ва ору номуси ватандорӣ дар шеъри Лоиқ Шералӣ” иншо навиштаму баҳои 3/ 3 гирифтам. Онҳое, ки мехостанд бо ислоҳи иншояшон шинос шаванд, як-як ба назди ҳакамон мерафтанд. Камина ҳам аз қатори онҳо намонда, рафтам. Дар як ҳуҷра 3 миз буд. 2 нафари онҳоро нашинохтам. Дар мизи 1-ум устод Баҳриддин Камолиддиновро аввалин бор дидам. Пеши он кас банд буд ва ман дар дигар миз нишастам. Он устоди ношинос гуфт, ки иншои маро устод Камолиддинов дидаанд. Ба дафтарам чашм давондам: қариб дар ҳама саҳифаҳо бо қалами сурх хат давонда, баъзан калимаҳоро хат кашида, зери иқтибоси шоҳбайтҳои устод Лоиқ хат кашида, ба қавле “хуншор” кардаанд. “Дар ММТ кадом ихтисосҳоро интихоб кардед, шогирд?”,- савол дод он ношинос. Гуфтам: “ДМТ, факултети журналистика”. “Ана, агар дохил шудед, боз баъзе чизҳоро аз устод Камолиддинов ёд мегиред”,- гуфта, гапро хулоса кард ӯ. Аз афташ гапи моро шунида буданд, ки аз зери айнакашон ҷониби мо нигоҳ карда монданд.

Инак, соли дуввум аст, ки донишҷӯйи факултети журналистика ҳастам. Устод дар нимсолаи аввал ба мо аз наҳви забони тоҷикӣ дарс доданд. Мо на фақат наҳв, балки одоби гуфтор, тарзи баён, эҳсоси ватандӯстиро аз устод ёд гирифтем. Дар ҳар дарс ҷумла таҳлил мекардем, вобаста ба хели онҳо схемаашро мекашидем. Ба хониши ҷумла низ аҳамият медоданд. Агар касе садоноки “ӯ”-ро талаффуз накунад, ҷанг мекарданд. “Агар дар шеваатон набошад ҳам, мурда-мурда ёд гиред! Шумо журналистед!” мегуфтанд. Вақте ба саволашон ҷавоб надошта бошем, воситаи “ёрии таъҷилӣ” буд, ки мебоист дигаре ба кӯмаки надонистагӣ шитобад. Агар “ёрии таъҷилӣ” ҳам ба ёрӣ ниёз дошта бошад, мепурсиданд, ки “аз куҷоӣ?”. Мегуфтем, ки “аз фалон ҷо”. Мегуфтанд, ки “зодгоҳатро ба ман бахшидӣ”. Мегуфтем, ки “ҳа, бахшидем”. Баъд аз ҳамакаса хандидан устод ҷавобро мегуфтанд. Агар дар дақиқияти ягон ҷавоб дудила бошем, воситаи “дастбардорӣ” буд. — Касе дар ҳамин ҷо вергул намешавад гӯяд, даст бардорад,- мегуфтанд устод.- Вергул мешавад гуфтагиҳо ҳам даст бардоранд. Ба таваккал гуфта дастбардоштаҳо “шумо ҳам монанди ҳамин корманди газета бесавод!” гӯён, хитоб мекарданд. Дарсамон ҳам ба барномаи “Ҳусни баён” айнан монандӣ дошт. Устод аз ҳаёти Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳаким Карим, Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил ва дигарон як-як нақл мекарданд.

Моҳи ноябр буд. Он иттифоқе, ки дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар минтақаи Ишқободи ноҳияи Рӯдакӣ рух дода буд, устод бо эҳсос гап кушоданд: “Ту чӣ хел тоҷикӣ, ки ба ҷони тоҷик қасд мегирӣ!? Хонаи тоҷикро вайрон кардӣ!!!”. Ин таъкид ба аудитория бетаъсир намонд.

Айни дарс як ҳамсабақамон гуфтори устодро тақлид кард. Устод кадом латифаеро гуфтанду калимаеро дарозтар талаффуз карданд, мавҷи ханда синфхонаро пур кард. Ҳамсабақамон низ аснои хандоханд мисли устод калимаро ғоз дода “…вууу” гуфт. Ҳама шуниданд, устод ҳам. Ҳама ба қафо нигаристанд, чун овоз аз он тараф буд. Устод аз зери айнакашон ба қафо нигариста, бо оҳанги нарм “маро масхара кардӣ, шайтон” гуфтанду хандиданд. Он ҳамсабақамон суп-сурх шуда рафт.

Синни устод аз 80 гузаштааст. Лекин боварии кас намеояд, ки устод дар чунин синну сол бошанд. Муаллимон мегуфтанд, ки устод ҳар саҳар 10 км медаванд. Вале бовариамон намеомад, то даме, ки худашон ин гапро ба мо гуфтанд. Сирри ҷавонии устодро мо дар ин донистем: “Ягон гапро ба дил намегиранд, ба ҳар майда-чуйда зиқ намешаванд, тарзи ҳаёти солимро пеш мебаранд”. Беҳтар аз мо — насли ҷавон, ки телефону компютер гуфта шах шуда мондаем.

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here