— Занак, агар маро касе суроғ кард, бигӯй, ки дар чойхонаи “Чақ — Чақ” ҳастам.

— Хубу, аммо шумо дигар кор надоред? О, писарамонро дар “Соли ҷавонон” ба ягон ҷо кор намондед, охир! Бечора 5 сол азоб кашида хонду ҳоло бекор,- ғур-ғур намуд ҳамсари Беҳвар.
Аммо ӯ гӯё нафаҳмид, ки аз дар баромаду кулоҳи офтобзадаашро яктарафа намуда, ба самти чойхонаи дӯсдоштааш равон шуд. Дар назди бино бо дӯсти ҳамнафасу “беғамаш” Меҳвар рӯ ба рӯ шуданду ба чойхона даромаданд.
— Пешхизмат, ҳой, пешхизмат, як чойи кабуди талх биёр!,- гӯён, Беҳвар садо баланд кард.
Пешхизмат ба садои Беҳвар аҳамияте надода, аз пайи кори худ рафт. Меҳвар бошад, ба сӯи дӯсташ рӯй оварда, гуфт:
— Ба инҳо бо забони худашон бояд гап зад.
— “Э дхта, карӣ намефаҳмӣ, чойи кабуд биёр гуфтестам, фаҳмидестай мара!?”.
Пешхизмат чойро ба зудӣ назди Меҳвар оварду бахшиш пурсид ва “боз чӣ хизмат кунам?” гуфт. Беҳвар бо як саросемагӣ ба пешхизмат гуфт:
— Бра, ҳоли фарёд мекнамта.
— Хуб, дӯстам, чаро парешонҳолӣ?,- гуфта, Меҳвар пурдсид аз дӯсташ.
Беҳвар гуфт:
— Гӯш кун, ҷӯра, ҳамин сол — “Соли ҷавонон”, о писари ман ҳаст-ку, Булбулхон, 5 сол донишгоҳро хонду ҳозир дар ким-кадом бозор носфурӯшӣ мекунад. Мегум, дар ҳамин “Соли ҷавонон” ягон ҷо кор монамаш.
— Фикри хуб,- гуфта, Меҳвар гапро аз даҳони “бесчётчики” Беҳвар гирифт:
— Хуб, аммо писарат “тағо”, э не, савод дорад? Худат медонӣ, агар “тағосавод” надошта бошӣ, ҳатто аз носфурӯшият мемонӣ.
— Э не, биё мон, имсол “Соли ҷавонон” аст, писари ман дониши хуб дорад. Писарам соҳиби кори сазовор мешавад, мебинӣ ҳолӣ.
— Эҳ, дӯстам Беҳвар, дар мақомоти маҳаллӣ агар худатро кушӣ ҳам, барои писарат кор намеёбӣ, охир, худат як назар кун, раиси фалон ноҳия худаш раис, писараш раиси дастгоҳ, духтараш раиси чим-чӣ бало… Э, боз медонӣ, падарарӯси 75-солаашро оварда боғбон мондааст. Ба қавле, ҳар раис ноҳияашро “захват” карда гирифтагӣ. Ту мегӯӣ, ки ман писарамро кор мемонам… Хобата ба об гӯ, дӯстам!!!
— Меҳвар, охир имсол “Соли ҷавонон” аст, ту сафсатта хонда истодаӣ!
Ногоҳ пешхизмат омад:
— Э, шумо дига ҳичӣ намехрен, фақат чой?
Меҳвар аз пешхизмат пурсид:
— Чӣ доред?
Пешхизмат номгӯи хӯрокҳоро номбар карду илова намуд:
— Нӯшокиҳои спиртӣ ҳам дорем.
— Ба мара ясаду панҷота ай сафедуш кати як сих шашлик.
Беҳвар дар навбати худ гуфт:
— Ман наменӯшам, ба ман шашлик биёред мешавад.
Пешхизмат рафт.
— Хуб, ҳозир чӣ гуфта истода будем?
— Дар бораи “Соли ҷавонон” гуфта истода будем.
— Ман як чизро нафаҳмидам: дар кишвари мо аз чандсола то чандсола ҷавонанд?
— Эҳ, Меҳваршоҳ, ҳаминро ҳам намедонӣ?
— Мардак борин гӯям, намедонам, ку, ту бигӯ.
— Аз 18 то 35-соларо ҷавон мегӯянд, фаҳмидӣ?
— Эҳее… о ихелӣ бошад, мо хело ҷавон доштаем-а?
— Чи хел, чи хел, нафаҳмидам?
— Мисол, бештар аз 1 миллион муҳоҷир дорем, ки аз ним зиёдаш ҷавон будаанд-ку! Ҳамин донишҷӯён ҳам ба табақаи ҷавонон медаромада бошанд?
— Э-э, каллаварами Меҳвар, о онҳо аз 18 боло-ку, чи хел ҷавон набошанд-а?
— Ваҳ, инҳо ҳам ҷавон? Пас, ин қадар вазифае, ки дар “Соли ҷавонон” ба “ҷавонон” доданд, инҳо аз кадом табақа?,- гуфта, дар тааҷҷуб монд Меҳвар.
— Ман аз куҷо медонам?!,- гуфта, Беҳвар “ҳой, пешхизмат” гӯён садо баланд кард.
Пешхизмат хӯрокро оварду “иштиҳои таом” гуфту рафт.
— Канӣ, сар кардем, шашликҳои бомазза дорад-да ин чойхонаи “Чақ -Чақ”, бай — бай,- гӯён ба таомхӯрӣ оғоз намуданд Беҳвару Меҳвар.

РЕВАХШ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here