Агар ба иҳотаи дӯстон пайваста монам, ҳатман ба мавзӯи суҳбати эшон мароқ зоҳир мекунам. Кунҷкобиро аз даст надода, ҷалб мешавам, то бифаҳмам, ки мафкураи улфатҳои ман чӣ тур аст? Ба ҳамин минвол, қиёс мекунам, сонӣ ҳам ба худаму ҳам ба эшон баҳо медиҳам.

Пайхас кардаам, ки аксари мо ба ҷамъият камфоидаем, яъне, аз дастамон ягон кори нафъовар намеояд. Ин ба он ваҷҳ аст, ки ниҳоят саҳлангорем, танҳо роҳату амнии худро ба назар мегирему боқӣ дигар масъаларо “ҳа, мешавад” гуфта, аз эътибор дур мекунем. Кори осонакаки мо — танбалон ба таъхир гузоштани вазифаҳои ба гарданамон вогузошта аст. Магар ҳамин тавр нест? Боре ҳам нашудааст, ки ягон корро бе “файсалпартоӣ” анҷом дода бошем? Аминам, ки ба ин савол дӯстон посухи мункирона намедиҳанд. Чунин феъл доштан хуб аст, ё баръакс, барои худамон муқаррар карданамон лозим. Аз дигарон пурсидем, ки мо каммаҳсул ҳастем, дар посух “ҳа”-и эшонро шунидем. Сониян, пурсидем, ки сабаб дар чӣ аст? Барои ин пурсиш шуда, боз чанд сабабҳоро дар рафти бо донишҷӯён ҳамсуҳбат шудан муайян намудем, ки ба сари мо боз дигар фикрҳоро зам кард. Ҳамакнун, дар боби он масоиле, ки ҳар рӯз дар набзи мо — ҷавонон эҳсос мешавад, таваққуф мекунем.

Алъон аксари мо ҳаёти худро бе шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур карда наметавонем. Ин чиз ислоҳношуданист, зеро он ба як ҷузъи ҳаёти мо табдил ёфтааст. Дар иртибот ба “Вайбер” як қазияро медонам, ки зикри онро айни муддао медонам. Як ҷавон дар “Вайбер” ба духтарак салом навишта равон кардааст. Духтарак аз болои ҷавон шикоят карда, ба садорати факултети ҳамон “нависанда” хонаводаи худро бардошта омадааст. Ба пиндори ӯ, салом фиристодани ҷавон “гаппартоӣ”, яъне таҳқир будааст. Ин чиз метавонистааст аз қафояш моҷаро эҷод кунад. Дар “Вайбер” ҳамкурсонам ҳам гуруҳ ташкил кардаанд, ки бештарини вақт дар он ҷо ҳам ба нависонавис овораанд. Бисёр менависанд, дареғо, ки гапҳои бефоида, ё ягон масъалаи пеш рух додаро “комментария” навишта мешинанд.

Муалллифи ин сатрҳо хост, ки сабаби ба шабакаҳои иҷтимоӣ сахт дилбаста будани ҳамсолонашро аниқ созад. Шодмон Кенҷаев иқрор мешавад, ки вақти гарони худро беҳуда сарф мекунем. Ӯ аз истифодаи бемавқеи интренет ва саргармӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гап кушода, ҳамаи онро ба маърифатнокӣ ва одобу рафтори намунавӣ вобаста донист. Ба назари вай, агар мо андеша карда, корҳои нисбатан заруриро дар мадди аввал монему сонӣ дигар чизҳоро ба эътибор гирем, камтар ба ҳамин чизҳо дода мешавем.

Фаридун Сафарзода ҳамчун як тан аз намояндаҳои насли ҷавон низ бар он аст, ки каммутолиа будани мо сабаби асосии саргармӣ ба интернет ва шабакаҳои гуногуни он мебошад. Ӯ мегӯяд, ки агар ба қадри вақт бирасем, он гоҳ дигар ба чунин воситаҳои “вақтгузарон” побанд намешавем. Ин ҷо боз паҳлуи дигари масъала ҳам ҳаст. Иддае аз он лоф мезананд, ки замоне, ки ҳама чиз онлайнӣ шудаасту китобхонаи ҷаҳон ба рӯйашон боз аст, чӣ зарурат аст, ки китобхона раванду ба даст китоб бигранд? Ба Шумо ҷавоб ҳамин тавр аст: “Агар як бор китобро дар фазои китобхона хонда, саҳифоти онро варақгардон карда, мутолиа намоед, ана он гоҳ кайфияти онро худатон эҳсос мекунед!”.

Дӯстон, боз гумон накунед, ки ин чиз ба ақиб гаштан аст. Ҳаргиз! Албатта, тарафдорӣ он нестем, ки аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ даст бикашем, лозим аст, ки дар корбурди он барои худ ҳаде муқаррар кунем. Дар тақвияти ҳамин андеша Шаҳноза Ализода низ райъ дода, гуфт, ки фаъолии ҷавонон дар интернет хуб аст, агар онҳо эътидолро ба ҷо оварда, дар шабакҳои иҷтимоӣ аз баҳсҳои бемаънӣ худдорӣ намоянд ва дар баҳсу мулоҳизаҳои илмӣ иштирок кунанд, то аз он ба худашон нафъе бардоранд. Ин гуфати ҳамсоламон арзандаи дастгирӣ аст.

Дар як маҳфил савол доданд, ки “кӣ субҳи худро бо интернет оғоз мекунад?”, 50 % ширкаткунандагон даст бардоштанд. Дилбастагӣ то ҳамин андоза мешудааст, аммо аз ёд набарорем, ки кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ғайри кайфият додан боз дар пайи худ бемориҳоро низ бармеангезонад. Чун худи камина ҳам хӯгири ҳамин дард будам, оқибат кор ба он расид, ки чашмҳоям наздикбин гардиданд, яъне дурро тира медидагӣ шуданд. Сабаб дар рӯйи экрани телефон аз ҳад беш нигаристан будааст ва табиист, ки ба ин вазъ чанд тан аз ҳамсабақону ҳамсолони банда ҳам мувоҷеҳанд.

Дар рафти гуфтугузор бо ҳамсолон камбудиҳои худамон: тайёрхӯру дағалгӯй будан ва бехоҳишу беиродагиамонро ҳам аниқ кардем. Миҷгона Шарифова афзуд, ки ҷавонони имрӯз тайёрхӯр ва муфтхӯр ҳастанд ва кам ҳаракт мекунанд, ки ба ягон мақсаде ноил бишаванд ва фақат дар ҳама кор “восита” меҷӯянд ё мисоли равшантар ба тестҳои имтиҳонҳо калид ҷуста мегарданд, ҳол он ки, худашон аз манобеи илмиву таълимӣ истифода бурда, роҳи ҳалро ёфта метавонанд.

Таманно Одинаева бошад, камбудӣ ва эроди худро ба дағалгӯиву тундгӯйии ҷавонон марбут медонад. Ба гуфти ӯ, гӯиё хушбаёнӣ кайҳо аз мӯд рафта бошад. “Бачаҳо гумон накунанд, ки “дерзкий” будан боиси дӯстдоранда буданашон мешавад. Сухани самимона ҳеҷ вақт қимматашро аз даст намедиҳад”,- таъкид мекунад вай.

Махкам Махкамзода низ муътақид бар он аст, ки аксари ҳамсолонаш ба моҳияти истодагарӣ сарфаҳм намераванд ва ҷиҳати иҷрои ягон кор ё дар адои масъулият беирода ҳастанд, дақиқтараш, меҳаросанд, ки аз уҳдааш намебароянд. “Аз мушкилӣ натарсем, монеа ҳар қадар бузург бошад, ҳамон қадар бузург хоҳем буд”,- мегӯяд Махкамзода Махкам.

Ба назари аксари шумо, шояд масъалаҳои гузоштаамон ислоҳношуданӣ метобад, аммо аз нигоҳи мо, ин вазъ беҳшаванда аст, дар он сурат, ки ба айбу иллати худ иқрор шавему аз диду назари якдигар фоида бубарем. Дар идомат низ аз суҳбати дӯстон пайгирӣ мекунем ва ба худ хулосаи амиқе мебарорем. Бовар дорем, ки мо аз ҷиҳати мусбат худро дигаргун карда метавонем.

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here