Олимони ҳашаротшиноси Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани сабабҳои афзоиш ва ба таври оммавӣ авҷ гирифтани шумораи шапалаки мушхор дар водии Ҳисор ва шаҳри Душанбе мушоҳидаҳои саҳроӣ гузарониданд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар нимаи дуюми моҳи май дар ноҳияи Ҳисор ва шаҳри Душанбе шапалаки мушхор ба таври оммавӣ афзоиш намуда, масоҳати паҳншавии он ҳудуди васеъро фаро гирифтааст.

Зикр намудан зарур аст, ки шапалаки мушхор аз нуқтаи назари таснифотӣ ба оилаи Нимфалидаҳо (Nymphalidae) мансуб буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳншавии васеъ дорад ва аз минтақаҳои ҳамворӣ сар карда то баландкӯҳҳо (2500-2800 м. аз сатҳи баҳр) вомехӯрад.

Ғизои кирмаки шапалаки мушхор растаниҳои гуногуни худрӯйи мансуб ба оилаҳои оилаи газнагулҳо, тугмакчагулҳо ва ғ. ба ҳисоб рафта, ҳашароти болиғ (шапалакҳо) аз шаҳди гули растаниҳои гуногун ғизо мегиранд.

Парвози шапалаки мушхор аз моҳи апрел оғоз гардида, то моҳи октябр идома меёбад. Дар як сол ду маротиба насл медиҳад. Шапалак яктогӣ тухм мегузорад ва тухми он дар қисми поёнии барги растаниҳое, ки кирмак онро ҳамчун маводи ғизоӣ истифода мебарад, гузошта мешавад. Ранги тухм сабзи қирадор аст. Шапалак зимистонро дар ҳолати зочагӣ мегузаронад.

Қайд намудан зарур аст, ки шапалаки мушхор ба гурӯҳи ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ дохил намешавад ва дар паҳн намудани касалиҳои инсону ҳайвонот низ нақш намебозад. Ин шапалак танҳо аз шаҳди гули растаниҳо ғизо мегирад ва кирминаи он низ ба растаниҳои худрӯй ва зироатҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ намерасонад.

Зикр намудан зарур аст, ки барои давраи ҳаётии бисёр намуди ҳашарот, аз ҷумла шапалакҳо авҷи оммавии шумора хос мебошад ва ин ҳолат ба омилҳои экологӣ вобастагӣ доранд.

Боришоти зиёди солона дар мавсими баҳори соли ҷорӣ ба афзоиши оммавии кирминаи шапалаки мушхор мусоидат намуд ва айни замон дар водии Ҳисор, аз ҷумла шаҳри Душанбе авҷи шумораи ин шапалак ҷой дорад. Шапалаки мушхор ба гурӯҳи шапалакҳои кӯчанда мансуб буда, метавонад аз як минтақа ба минтақаи дигар парвоз кунад.

Бояд зикр намуд, ки авҷи оммавии шумораи шапалаки мушхор муваққатӣ буда, 6-7 рӯз идома меёбад. Дар давоми як ҳафта баъд аз ҷуфт шудан ва тухмгузорӣ давраи ҳаётии шапалакҳо ба охир расида, онҳо фавт мегарданд.

 

Абдулазиз Давлатов, ходими калони илмии Институти зоологияи ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here