Чӣ хел зебо!… Кош ман ҳам чунин медоштамЧаро вай дораду ман надорам?… Ман набояд аз вай кам бошам

Инҳо андешаҳое ҳастанд, ки ҳамарӯза дар атрофи мо чарх мезананд. Инҳо андешаҳое ҳастанд, ки омили аслӣ барои ба пеш гом нагузоштанамон мегарданд. Инҳо андешаҳое ҳастанд, ки моро сӯйи бадрафториҳо роҳсипор месозанд. Инҳо андешаҳое ҳастанд пурғараз…

Агар ин гуфтаҳоро ҳаваси орӣ аз ҳасад номем, иштибоҳ аст. Зеро эҳсосе, ки ба рондани чунин андешаҳо водорамон месозад, таркиб ёфтааст аз бухлу кина, рашку адоват ва ношукрӣ. Шояд аз назари аввал ин суханон бароямон хеле беаҳамият менамоянд, зеро ноогоҳем аз он ки ҳар соату сония бо дидани касеву чизе аз ин гуна гуфтор истифода менамоем. Аммо вақте барои ба ҳолатҳои сахти рӯзгор рӯ ба рӯ гардидан сабаб меҷӯем, ҳамин “ҳавасҳо”-ямонро хоҳем дарёфт.

Дар воқеъ, мо одат намудаем ба он ки ба пироҳани зебо, мошини қиматбаҳо, хонаи боҳашаммат, молу ашёҳои гаронарзиши нафарони дар атрофамон буда бо чашми ҳавас ва ҳасрату ҳасад бингарем. Баъзан онҳоро барои доштани чунин дороиҳо сарзаниш мекунему “гунаҳкор” меҳисобем. Мехоҳем мо низ соҳиби ин ҳама дидаҳоямон бошем. Аммо, боре дар ин ҳолат ба худ наменигарем, ки мо дорои чӣ чизҳо ҳастем. Шояд пироҳани тани мо зеботар, мошинамон боарзиштар ва хонаамон боҳашамматтар бошад аз онҳо. Шояд мо соҳиб бошем дороиҳоеро, ки ба касе насиб нагардидааст. Шояд мо касе бошем, ки дигаронро бо нигоҳи ҳавас сӯйи худ мекашем… Вале чаро ин ҳамаро нодида мегирем? Чаро бо ин ҳама доштаҳои худ қаноат намекунем? Чаро худро бечораи зиндагӣ мешуморему онҳоро дорои тақдири тиллоӣ? Чаро худро дур аз назари Худо меҳисобему онҳоро Худодода? Чаро вожаи “шукр”-ро дур менамоем аз даҳону “кош”-ҳои ҳашамматпарастро ҷойи он мегузорем?… Дар ҳоле, ки мо ҳамагӣ инсонем. Дар ҳоле, ки мо худ созандаи зиндагии хеш ҳастем ва набояд барои норасоиҳоямон аз гиребони тақдир дорем. Дар ҳоле, ки мо аслан нодор нестем, балки доштаҳоямонро қадр намекунем.

Баъзеҳо ин рафторро рақобат пиндошта, онро омили пешрафту тараққиёти худ мехонанд. Аммо бехабар мемонанд аз он ки кайҳо рақобати онҳо пойбанди эҳсоси ҳавасу ҳасад, ки инкишофро ба таназзул меорад, вобаста гардидааст. Зеро онҳо низ на барои муваффақ шудан дар самте, балки барои соҳиб шудан ба молу сарвати зиёдтар мубориза мебаранд.

Воқеан, ҳаваси аз касе боло будан инсони ноогоҳро ба пастиҳо мерасонад. Нафаре барои ба даст овардани молу пул ғоратгарӣ пеша мекунад, аммо аз нодиртарин дороӣ — озодӣ маҳрум мегардад. Каси дигар мехоҳад соҳиби манзили хуштарҳ гардад, аммо кулбаи пур аз хушбахтии худро аз даст медиҳад…

Пас, моро мебояд танҳо шефтаи зебоиҳо ва шукргузори дороиҳои худ бошем. Онҳоро қадр кунем. Ба доштанашон қаноат кунему аз буданашон ифтихорманд бошем. Агар ҳар яке аз мо ба ҷойи ҳасад бурдан ба молу ашёи касе, эътимод ба худро пеша кунему ба худ бигӯем, ки доштаҳои ман аз ҳама зиёд аст ва маро эҳтиёҷе ба ҳаваси моли касеро хӯрдан нест, мутмаин бошед, ки ин хислату одати баду тамаъҷӯӣ моро тарк хоҳад кард.

Сайёра ШУКУРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here