“ Борҳо мехостам дар ҳар мушкилии аз сӯи рӯзгор ба сӯят омада, туро ҳамраҳӣ намоям… Лек тарс аз он доштам, ки як сухани ману як амали ноҷои ту, метавонист моро боз аз ҳам дуртар кунад

Тобистон! Чӣ фасли зебоест. Табиат либоси сабз ба бар карда. Дар чашми хурус як ғуборе ҳам дида намешавад. Дарёву чашмаҳо низ софу беғуборанд. Кӯҳҳои баланди сар ба фалак кашида, тамоми ин манзараро бозҳам зебову рангинтар менамуд. Ин зебогии тамошобобро дида, мисле ки ҳеҷ армони дигаре дар дил нахоҳад монд. Рӯзе ман ба бори чандум ба тамошои чунин манзараи зебову табиати диданӣ ва ҳавои софу беғубор баромада, аз оби ширин нуши ҷону, меваҳои аз дарахти биҳишт қадоростаро ҳар дам истеъмол  мекардам. Лаби дарё омада, ба зебогию софиаш назаре духта, каме дарди дил кардаму, аз чашмам як қатраи ашк ба рӯи оби равон чакид. Баъд аз он худамро то андозае роҳат ва озод эҳсос намудам…

Пас аз чанд лаҳзаи сукут ба гӯшам овозе расид, ки мегуфт: Дӯстам! Аз ин пас ман бо ту ҳастам ва дигар худро танҳо ҳис нахоҳи кард… боз хомушӣ… Ҳарчанд кушиш мекардам, то самти ин овозро муайян кунам, аммо ҳеҷ натиҷае надошт. Даме тарс вуҷудамро фаро гирифт… аммо ба ин нигоҳ накарда, бо кунҷкобӣ пурсон шудам:

Ту кистӣ ва аз ман чӣ мехоҳӣ?

Қалби ту гуфту пасон сукуте ҳукмфармо гардид… Ман бо тааҷубу саволомез худ ба худ мегуфтам, ки ин ғайриимкон аст. То ба кадом дараҷа ин ба ҳақиқат мубадал гаштанаш мумкин? Дил сукути худро шикаста, ба сухан даромаду чунин гуфт: -ман дер боз ин имкониятро интизор будам. Борҳо мехостам дар ҳар мушкилии аз сӯи рӯзгор ба сӯят омада, туро ҳамраҳӣ намоям. Лек тарс аз он доштам, ки як сухани ману, як амали ноҷои ту, метавонист моро боз аз ҳам дуртар кунад…

Боз ман аз ӯ пурсон шудам, ки чаро аз ибтидо маро ҳамраҳӣ накардӣ? Қалбам чунин посух дод:

“ Аз рӯзҳои ба дунё омадани инсоният бо онҳо ҳарф мезадам, роҳ нишон медодам, чӣ дурусту чӣ ғалатро мефаҳмондам, ҳатто иҷозат додам то зебогии гетиро, ки дар он умр ба сар доранд, тавасути чашми ман бубинанд. Чун бароям ҳамаи ин ошкор буд. Аммо тамоми заҳматҳои садсолаҳо кашидаам, дар як рӯз ба боди фано рафт. Ниҳоят инсон тасмим гирифт, ки як маротиба худ амал кунад. Ин боиси нокомии ӯ гардид. Ӯ аз ин озурдахотир шуд, ки гӯё чунин роҳро ман ба ӯ нишон дода бошам, бо як овози баланде маро таҳқир кард.

Дигар чунин рафтори ӯро таҳаммул накарда, роҳи хомӯширо ихтиёр намудам. Ин то даме давом меёбад, ки худи инсон бозпас орзӯи бо ман ҳарф заданро накунад…

Пас аз гуфтани ин ҳама боз иброз намуд: — Ҳамакнун ман возеҳу равшан фаҳмидам, ки ту ҷӯёи зебоӣ, ақлу хирад, ишқу муҳаббат буддаӣ. Аз ҳамин лиҳоз ту дигар худатро танҳо ҳис макун, чун ман дар ҳама мушкилият ба ту мадад мерасонам, зеро ту аз имтиҳони ман гузаштӣ, аз ин пас маро мисли дӯсти ҷонии худ бидон.

 Робита миёни инсону дил ва ақли ӯ

Пас аз чунин суханон ман дарк намудам, ки чизе дар вуҷуди инсон нуҳуфта аст… аммо худ аз он бехабар. Худашро аз ин гуна асрори азиме канора гирифтааст… Чаро? Чаро бо дунёи зоҳирӣ шартномаи дустӣ бастаасту дунёи ботиниро ба хотираҳои фаромушӣ супурдааст? Дил ба ман посух дод:

Дӯстам! Ман ба ту ваъда дода будам, ки дар ҳар мушкилӣ кумакрасони ту хоҳам буд. Медонӣ… ҳоло дар бораи ҳамон ақле, ки инсонро аз ман дур сохта буд, қисса хоҳам кард…

Аз азал ақл маро ҳамраҳӣ мекард. Инсонро бо ҳам раҳнамоӣ намуда… каме сукут карду, боз ибрози ақида карда, гуфт: ақл риштаи дӯстии моро канда, робитаи ману инсонро аз байн бурду, худро наздиктар намуд. Лек оқибаташро наандешида… чӣ зарбаи сахте… замину осмон аз ин амали ақл, ки роҳи ҷудоӣ аз ман буд, ба ларза омад. Пеш аз ин рӯйдод, ба ӯ самти роҳро нишон медодаму, ақл онро возеҳтар месохт. Ӯ бошад мехост, тамоми вазифаро ба ӯҳдаи худ бигирад.

 Андешаҳои бузург аз қалб ба вуҷуд меоянд

(Вовенарг Люк де Клюпе)

Ақл ба ин суханони қалб гӯш доду, худ ба ҳарфзанӣ пардохт. Он самтҳоеро, ки ба ман мегуфтӣ, аз паи иҷрояшон мешудам. Аммо, ту боши он самтеро, ки ба ту нишон дода будам, онро инкор кардӣ. Пас бигу чаро ман ба ту бовар мекардаму, ту боши не?

Он роҳеро, ки ту нишон медодӣ, барои инсон ниҳоят хатаровар буд… афзуд қалб.

Чӣ гуна хатар?… дунёро боз хубтару беҳтар бинад хуб нест, магар? Шояд бо ин роҳ, ҳақиқати ба дунё омаданшро дарк кунаду сиёҳро аз сафед фарқ. Аз ҳамин лиҳоз инсон танҳо ҳақиқати зиндагиро бо ҳамроҳии ақл дарк мекунад.

 Ақл ин силоҳи рӯҳонии инсон аст

(В. Г. Белинский)

Қалб ин суханони бемантиқро шунида, чунин посух дод: ин ҳамаи гуфтаҳоят, монанди шаби сиёҳе ҳастанд, ки ба рӯз ниёз доранд. Медонӣ… ман мехоҳам бигӯям, ки тамоми амалҳоят, мисли биёбони бепоёне аст, хушку холӣ. Худат қазоват деҳ, ки ӯро ба кадом ҳолат овардӣ? Меҳру шавқатро аз миёнашон дур сохтӣ. Оташи бадиро байнашон аланга задӣ. Тарсро ба роҳ мондӣ… Ин ҳама хатаровар нест магар, барои аз байн рафтани инсон?

Ту як хоби инсону ман бедории ӯ ҳастам. Инро ба ҳеҷ ваҷҳ ба хотираҳои фаромушӣ насупор, эй ақл…

Ту дар танҳои роҳи нодурусро интихоб намуда, инсонро ба мисли тӯдаи чорпоён табдил додӣ. Вале ман бошам, ӯро ба ҳайси як раҳбар, нобиға, қаҳрамон табдил медодам.

Қалб ақли худро дорад, ки он барои ақли инсон номаълум аст

(Блез Паскал)

Аввалан нишотам он буд, ки диққати инсонро ба худ ҷалб карда, ӯро ба самти дигар равона сохтам. Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳову солҳо мегузаштанд. Ба инсон як роҳи муайянро нишон медодам… Лек ҳамаи ин кӯшишҳоямро дар як лаҳзаи кӯтоҳе об гирифта бурд. Дигар аз ӯҳдаи идораи ӯ набаромадам. Дардҳо… душвориҳо… пасон ин дарду хомушии туро ҳис кардам. Борҳо ба худ мегуфтам, ки  бо кадом усул  ин гуноҳамро пок карда, дуюмбора риштаи дӯстиро бо қалб барқарор намояму аз ин дард наҷот…

Қалбҳам пас аз шунидани ин суханони ақл, риштаи дӯстиро дуюмбора бо ӯ васл кард…

Маънии ҳақиқии ҳаёт, рӯҳи бедору дили зинда аст

(Ҳазрати Алӣ)

Аз азал бузургтарин тӯҳфа баҳри инсон ин ақл буд. Агар тавонад куллан ақли худро ба кор дарорад, шунидани суханони ман ба ӯ муяссар мегардад. Танҳо таввасути ақл он алоқае, ки дар рӯзи азал бо ман дошт, ба бори дувум барқарор намояд. Ин боис мегардад, зиндагиро чӣ аз нигоҳи зоҳирӣ ва чӣ аз нигоҳи ботинӣ хуб дарк кунад, гуфт қалбам.

Бале дустам! Дуруст мегӯи… то даме, ки ман туро меҷустам, аввал кӯшиши ба кор даровардани ақлам будам, ки бо кадом роҳ аз ин қафас худамро раҳо кунам. Қафасе, ки дар он барои як парандаи озод ҳаво тангӣ мекард. Ҳар чанд мехостам аз панҷараҳои ин қафас озод гардам, лек ба ман муясар намегардид. Худамро ниҳоят танҳои танҳо ҳис мекардам. Дар ҷуёи дӯст шудам. Бо афроди зиёде вохурдам, лекин онҳо аз худ болотар касеро намедиданд. Гуё осмон дар зери пою замин дар болои сарашон чарх мезад…  Пасон ба як хулосае омадам, ки аз чунин дӯстон дида, танҳо буданам беҳ!…

Дилам боз ба сухан даромад. — Ман ба ту як чизи муҳимеро хоҳам гуфт, ки ин ақли туро низ фарогир аст . Дӯстам! Медонам, аз ибтидо ту танҳоиро ҳис мекардӣ. Маънии дӯстиро дарк менамудӣ. Лекин ин танҳоиву хомушӣ, ки фарогири ту буд, ҳеҷ касе дарк намекард, ба ҷуз аз ман. Ин дарди туро эҳсос мекардам то замони мулоқотам бо ту танҳо хомӯширо равобин будаму халос.

Ин дарду андуҳгинии туро дида дигар сабре надоштам, ки хомӯш бимонам. Мегуфтам, поёни ин шаби сиёҳи туро сафед хоҳам кард ва аз ин қафаси танг туро раҳо хоҳам дод. Сукутамро шикастам. Ончизе, ки ниҳон буд, бароят ошкор сохтам. Пасон танҳоии туро аз байн бурдам. Ба худ саволе дода буди, ки чаро танҳоиро эҳсос мекунам? Чаро дар ақлам ҳеҷ ҷавобе ба ин савол намеояд? Чаро? Чаро?… танҳо он замон бо як суханам ин ақлат ба кор даромаду посухи амиқе гирифтӣ. Ин посух: “Ба ҳеҷ ваҷҳ фаромуш макун, ки танҳо ба ҷуз аз Худо, ки якаву ягона аст,  каси дигар наметавонад худро танҳо ҳисобад” ҳамин буд. Аниқ дарк намудам, ки ту алакай ба саволат ҷавоб гардондӣ. Чанд муддати дигар туро боз танҳо гузоштам. Аммо ту боши дар ин бора ба фикр ғӯтавар шудиву ақлатро ба кор бурдӣ. Ин сабаб гардид, ки алоқаи ман бо ту пайваст гардад.

Дер боз Худоро дар дини Масеҳӣ меҷустам, аммо дар рӯи салиб ӯ набуд.

Ман дар ибодатгоҳҳои ҳиндуҳо ва дайрҳои қадимаи бутпарастон будам, вале дар онҷо ҳатто аз ӯ асаре набуд. Ба Каъба рафтам, аммо дар онҷо низ Худоро наёфтам. Пас рӯ овардам ба дили худ. Танҳо онҷо Худоро ёфтам, ки дар ҷои дигаре набуд.

(Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ)

Ғолиб Мараматшоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here