“Саҳми Маркази “Шаҳри бехатар” дар ҷодаи пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва таъмин намудани бехатарии ҳаракат дар роҳҳои пойтахти кишвар хеле назаррас буда, дар тӯли фаъолияти он беш аз 1 миллиону 700 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо муайян ва маблағи ҷаримаи ситонидашуда зиёда аз 116 миллион сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, бо ёрии камераҳо зиёда аз 52 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ва 400 ҷиноят ошкор карда шудааст”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Барои таъмин намудани бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад

Тибқи маълумоти оморӣ, дар дунё тақрибан 40 ҳазор касб вуҷуд дорад. Албатта, ҳар касбу ҳунар махсусиятҳои худро дорад. Дар ин миён касбе, ки бисёрии одамон ҳанӯз аз овони кӯдакӣ соҳиби он шуданианд, корманди Бозрасии давлатии автомобилист. Орзуи ин касбро сазовор шудан як тараф, аммо муҳимтар донистани вижагиҳои касбӣ мебошад.

Барои посух гирифтан ба саволҳои муҳим дар бораи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ба фаъолияти он дар соли 2019 ва семоҳаи соли 2020 назар андохтем.

Воқеан, корманди БДА будан дар назари аввал кори осон менамояд. Дар асл, фаъолияти кормандони ин ниҳод хеле мушкил аст. Он масъулияти махсусро талаб намуда, душвориҳои зиёде дорад. Аммо ҳар корманди БДА медонад, ки ӯ талаботи касбии худро иҷро карда, хеле аз дигаронро аз бадбахтиҳо эмин медорад. Аз ин хотир, ҳар корманди БДА бояд пеш аз ҳама ҷасорат дошта бошад. Дар баъзе ҳолатҳо ӯ ҳамчунин бояд баъзе маълумотҳои аввалияи тиббиро ҳам донад, зеро баъзан ҳолатҳое мешавад, ки то омадани духтурон дер шуданаш мумкин аст. Зиракии ҳамаҷониба доштан низ муҳим мебошад. Зеро дар байни анбуҳи зиёди мошинҳо маълум кардан мушкил аст, ки кадоме аз ронандаҳои онҳо чӣ гуна одаманд ва чӣ бархӯрде доранд. Равоншинос будан низ аз шартҳост. Аз нигоҳи ҷисмонӣ қавӣ буданашон ҳам хеле зарур аст.

Корманди БДА ҳамчунин бояд хеле бодиққат ва қотеъ бошад. Ӯро зарур аст, ки на танҳо ҳаракати нақлиётро назорат намояд, балки ҳолатҳои эҳтимолии садамавиро ҳам эҳсос кунаду пешгирӣ намояд. Бори дигар такрор мекунем, ки кори онҳо хавфнок ва мушкил мебошад. Аз ин ҷост, ки кормандони ин ниҳодро аксарият рамзан “аскарони роҳ” ҳам меноманд.

Албатта, миёни коршиносони масоили интизомиву ҳуқуқи суолҳои зиёде сар мезананд, ки масалан дар баъзе кишварҳо, назири Гурҷистон, Украина, Латвия, Литва ин ниҳодро аз байн бурданд. — Оё имкон дорад, ки дар Тоҷикистон ҳам чунин шавад?,- мепурсанд бештар вақт ронандаҳо.

Мо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андохтем. Мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ баробари дигар мақомоти давлатии ба ин кор махсус ваколатдоршуда аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ сурат мегирад. Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ вазифаҳои махсуси назоратӣ ва иҷозатдиҳиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ иҷро менамояд. Бинобар ин, фаъолият доштани БДА барои мо хеле зарур мебошад.

Ҳоло агар ба таваҷҷуҳи хонандагони нашрияи “Фараж” маълумоти фаъолияти кормандонро пешниҳод кунем, шояд фикри онҳо дар бораи ин сохтор дигаргун шавад ва ин андеша, ки онро бояд аз байн бурд, умуман дар фикрашон ҷо наёбад.

Танҳо дар соли гузашта зимни назорат аз болои ҳаракат дар роҳ зиёда аз 1 млн 155 ҳазору 202 қоидавайронкуниҳо, аз ҷумла идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ — 1749 далел, бе шаҳодатномаи ронандагӣ — 968, истифодаи нақлиёти сиёҳшиша — 1048, бе аломати қайди давлатӣ — 3793, бо рақамҳои бегона — 264, итоат накардан ба талаботи корманди милитсия — 5873, суръатафзоӣ — 187 918, вайрон намудани қоидаи сабқат ва манёвркунӣ — 19899, итоат накардан ба талаботи чароғак — 9814, ба амал овардани вазъияти хавфнок — 2913 ва зимни ҳаракати нақлиёт гуфтугӯ бо телефони мобилӣ 30 031 далелҳо ошкор карда шудааст. Дар ин давра бар асари 1212 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт 391 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 1314 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Аммо масъулияти онҳо танҳо ҷазо додани ронандагон нест. Онҳо ҳамчунин вазифадоранд, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт тадбирҳо андешанд. Вобаста ба ин, дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо 9 маротиба рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якум, 4 маротиба дар марҳилаи 2-юми роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Душанбе-Қӯрғонтеппа ва роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро санҷида, барои бартараф намудани камбудиҳо ба Маркази татбиқи лоиҳаи роҳҳои автомобилгард мактубҳо, санадҳо ва амрномаҳо дода шудааст. Барои бартараф намудани камбудиҳое, ки ба бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъсири манфӣ мерасонанд, ба сардорони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва идораҳои роҳдорию коммуналӣ 919 адад амрнома дода, нисбати шахсони масъули ин корхонаҳо мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад бо моддаи 293 ва 31 адад бо моддаи 344 қисми 1, бо моддаи 291, қисми 2 бошад, 555 адад маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бар илова, дар заминаи дархости онҳо аз ҳисоби буҷавӣ дар кӯчаю хиёбонҳои мошингарди шаҳри Душанбе 191 адад, шаҳри Кӯлоб 16 адад, шаҳри Бохтар 16 адад ва дар ҳудуди вилояти Суғд 24 адад, ҳамагӣ 247 адад аломатҳои роҳ гузошта шудааст. Ба ғайр аз ин, ба 337 адад аломатҳои роҳ таъмири техникӣ гузаронида шудааст. Дар хиёбону кӯчаҳои мошингарди шаҳрҳои Душанбе 50227 метри мураббаъ, Бохтар 95 метри мураббаъ ва Кӯлоб 10271 метри мураббаъ, дар умум ба ҳаҷми 15393 метри мураббаъ хатҳои уфуқӣ бо ранги сафеди нитроэмалӣ кашида шудаанд.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мо худамон як рӯз дар роҳ ба ҳайси нозири роҳ бо кормандони БДА кор кардем, либоси нозири роҳро ба бар кардем ва мушоҳида намудем, ки ҳақиқатан корашон осон нест. Дар зери борону барф ва офтоби тафсон аз субҳ то шом рост истодан душвор асту боз ҳам онҳо мегӯянд, “ин вазифаи ҷониву ҳамзамон хеле вазнину масъулиятноки мост”. Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки ронандаҳо чӣ гуна фиребашон мекунанд, ба кормандони ҳифзи ҳукук итоат намекунанд, бо мошин аз болояшон гузаштанӣ мешаванд ва ҳатто далелҳое ҳам солҳои қаблӣ расонаӣ шуда буданд, ки чӣ гуна “аскари роҳ”-ро ронандае таҳқиру таҳдид мекунад, метарсонад, суханҳои қабеҳ мегӯяд, ҳодисаи дар болои капоти мошин нозири роҳро бо либоси низомӣ дар маркази шаҳр байни мардум кашол карда масхара мекунанду ба навор мегиранд, ӯ меафтад, ронанда ба ҷойи кӯмак кардан фирор мекунад ва мушкилоти дигар. Ин гуна муносибат аз чаҳорчӯбаи ахлоқу фаросат берун аст. Ронандаҳо низ бояд маърифату муносибати худро доро бошанд, ронандаҳо низ бегуноҳ нестанд. Мушоҳидаҳои зиёде дорем, ки ҳатман дар шумораҳои оянда рӯйи саҳифа хоҳем овард.

“Бовар дорам, ки ҳар кадоми шумо манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, ба савганди ёдкардаатон содиқ мемонед ва риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои мақомот боз ҳам тақвият мебахшед”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Бархеҳо ба ин назаранд, ки кормандони БДА бояд бештар дар шоҳроҳҳо назорат бубаранд, зеро дар пойтахт камераҳои назоратӣ вуҷуд доранд ва он кофист.

Масъулин чунин далелҳоро пеш меоранд, ки хизматбарии кормандони БДА дар асоси нақшаи ҷойгиршавии посгоҳҳои доимоамалкунада ва хатсайрҳои патрулии БДА дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи таҳлилҳои ба вуқуъ пайвастани садамаҳои роҳу нақлиёт таҳия гардида, аз тарафи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе низ кормандони БДА дар асоси нақшаи ҷойгиршавии посгоҳҳо ва хатҳои сайри патрулӣ ба хизмат сафарбар карда мешаванд. Гарчанде имрӯзҳо дар аксар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи имкониятҳои Маркази автоматикунонидаи идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ — «Шаҳри бехатар» назорат бурда шавад ҳам, боз бисёр омилҳои дигаре ҷой доранд (идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, бе иҷозати дахлдор идоракунии воситаи нақлиёти сиёҳшиша, нагузаштан аз муоинаи техникӣ ва ғайра), ки зарурияти иштироки бевоситаи корманди БДА-ро ба миён меорад.

“Таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба шахсоне, ки кирдорҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ содир намудаанд, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, гардиши ғайриқонунии силоҳ, таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва масъалаҳои дигар вазифаи муҳими мақомоти корҳои дохилӣ мебошад”.

Эмомали РАҲМОН

Дар миёни ронандаҳо баъзан чунин шикоятҳо низ садо медиҳанд, ки кормандони БДА рақами мошини онҳоро дар ғайбашон мекананд. Онҳо ин ҳақро дар ҳақиқат доранд?

Кормандони БДА мегӯянд, ки танҳо дар ҳузури ронанда рақами бақайдгирии давлатии воситаи нақлиётро бо тартиб додани санад мегиранд. Дар ҳолате, ки ронанда воситаи нақлиётро бе назорат мегузорад ё қоидаи таваққуфро вайрон менамояд, воситаи нақлиёт тавассути автомашинаҳои махсус (эвакуатор) ба ҷаримагоҳ бурда мешавад.

Кормадони БДА истифода бурдани воситаҳои нақлиётро бо кушода гирифтани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ дар ҳолатҳои зерин, бо тартиб додани санад, манъ менамоянд:

— дар сурати ҷой доштани носозиҳо ва шартҳое, ки феҳристи онҳо дар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар карда шудааст;

— аз нав таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт бе иҷозати дахлдор;

— нагузаштани муоинаи техникии давлатӣ;

— бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ ба воситаи нақлиёт насб кардани воситаҳои равшанидиҳандаи ба стандарт ҷавобгӯй набуда ё таҷҳизоти махсуси садодиҳанда.

Пеш аз оғози тамоми ҷашнҳои миллӣ ҳамеша дар сомонаи ВКД эълонҳои амсоли “Эҳтиёткор бошед!”, “Гаштугузорро дар кӯчаву хиёбонҳо камтар кунед!”, “Ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт боэҳтиёт бошед!”-ро мехонем. Ҳатто аз падару модарон низ хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин рӯзҳо фарзандони худро беназорат нагузоранд. Ва мебинем, рӯзе нест, ки дар мо садамаи нақлиётӣ сабт нашавад.

Мардум бояд талаботи қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя кунанд. Магар бар зарари касе чунин талошҳо мекунанд? Албатта не. Мардум бояд дуруст дарк кунанд, ки кормандони БДА вазифаи ҷонии худро иҷро мекунанд оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ.

Хонандагони нашрия бояд ба кормандони БДА эътимод намоянд. Зеро онҳо ҳар кореро, ки анҷом медиҳанд, танҳо ба хотири ҳифзи амният ва низоми ҳаракату бехатарии онҳост. Агар ронандаҳо дар рафтори кормандони ин ниҳод муносибати ғайриқонуние диданд, метавонанд бевосита ба роҳбарияти он муроҷиат намоянд. Ва албатта, итминон аст, ки ягон рафтори ғайриқонунӣ беҷазо намемонад.

Кормандони БДА бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, ободиву пешрафти давлатамон, пеш аз ҳама супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайваста иҷро мекунанд ва суботи комили сиёсӣ, ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият ва тартиботи устувори ҷамъиятӣ барояшон дар мадди аввал аст. Вазифаи онҳо низ дар баробари дигар вазорату мақомоти дахлдор манфиати миллат ва обрӯи касбиашон мебошад, то ба боварии Пешвои миллат, ки онҳоро ҳомии боэътимоди халқу Ватан мешуморанд, сазовор бошанд. Президенти кишварамон дар тамоми вохӯриҳое, ки бо кормандони мақомот мегузаронанд, ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки “поквиҷдону содиқ ва ватандӯсту меҳанпараст бошед”. Вазифаи онҳо албатта масъулияти бузургро тақозо мекунад ва аз уҳдаи иҷрои вазифаҳое, ки давлат ва халқи Тоҷикистон дар назди онҳо гузоштаанд, бояд сарбаландона бароянд.

“Дар солҳои 2017-2018 дар роҳҳои кишвар қариб 2300 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 721 нафар ба ҳалокат расида, 2370 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, маъюб шудаанд. Яъне 721 оила мотамзадаву бадбахт шуда, ҳазорон кӯдакон ятим гардидаанд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо ба дӯши давлат меафтад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

 “ФАРАЖ”

 P.S. Имрӯз ҷаҳон бо вируси КОВИД-19 муборизаи беамон мебарад. Раёсати БДА яке аз аввалинҳо буд, ки ҳангоми вуруд ба дохили Раёсат ба тамоми шаҳрвандону корафтодагон ниқобҳои тиббиро ройгон дар даромадгоҳ тақсим мекарданд. Дар роҳҳо бошад, кормандони БДА бо ниқоб ва дастпӯшакҳои махсуси тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ сари вақт таъмин карда шуданд ва қоидаҳои беҳдоштро иҷро мекунанд.

Шумо низ эҳтиёткор бошед! Аз ҷойҳои серодам худро канор гиред! Гигиенаи шахсиро ҳатман риоя кунед!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here