Муҳаббатро зи моҳи бояд омӯхт,

Ки аз обаш бурун орӣ, бимирад.

(Ҳазрати Ҳофиз)

Бузургворе дуруст фармуда, ҳамин меҳру муҳаббат аст, ки зиндагиро ширинтару гуворотар менамояд. Ҳамин муҳаббат ба касбу кори хеш, муҳаббат ба Ватани хеш аст, ки инсонҳо содиқу ҷовидонианд. Ҳамеша чунин аст, ки инсонҳои бузург бо зиндагии худ роҳҳои чи гуна зистанро ба рӯйи дигарон мекушоянд ва бо руҳи равшани худ торикиҳои нигоҳу виҷдони инсонҳоро аз байн мебаранд. Оре, ҳамин муҳаббату самимият аст, ки зиндагӣ бо ҳама нозукиҳояш давом дорад.
Инҷо мо аз муҳаббатҳову самимиятҳои бонуе, пизишке сухан меронем, ки дар ҳақиқат волову гуворост. Умуман, вақте калимаи воломақоми занро зикр мекунем, пеши назари мо бешубҳа сухани бузургон ҷилвагар мешавад. Файласуфи рус Бердяев фармуда: “Зан бештар табиат аст ва камтар инсон”. Ё нависанда Блейк дар тавсифи бонуе менависад, ки “вақте зан ҳарф мезанад, гӯё овози фариштагонро мешунавам. Вақте ки гом бармедорад, ангор ҳеҷ чизи падид ва нопок ба ӯ наздик намешавад. Ҳар мазраъае бо ӯ гӯшае аз биҳишти адн асту ҳар гӯшае бо вуҷуди шарифаш паноҳгоҳи ором ва ҳар деҳкадае сарзамини муқаддас ба назар мерасад”.
Ин бонуе, ки мо тавсифаш менамоем, дар ҳаққиқат фариштахӯву мушфиқу меҳрубону ғамхор аст. Бонуе ҳалиму меҳрубон, хоксору ботамкин. Инсоне, ки аз чеҳрааш байти воломазмузни Ҳазрати Бедилро метавонӣ хонд, ки гуфта:
Чист иқбол?- пешбин будан,
Осмон доштану замин будан.
Оре, заминӣ будан бахтест бузург, ки Худованд ба ҳар нафаре ин иқболро сазовор намедонад. Ҳарчанд доираи гӯишу биниши ин камтарин ба андозаи дархӯри ҳиматам ҳаст, хостам меҳрномае навишта бошам ба инсони шарифу латиф, инсоне, ки зи чеҳрааш метавонӣ вожаи мубораки одамгариро хонӣ. Инсоне, ки қалби мардона дорад, аммо на қалби сохтаву костаи “мардсимоён”. Қалбе, ки саршори лутфу меҳрубонист, қалбе, ки дар оинаи он чеҳраи мардсифатонро мебинӣ. Зане, ки дар чеҳрааш вожаи одамгарӣ намудор аст. Зане, ки тамоми ҳастии хеш, тамоми муҳаббати хешро барои пешаи худ бахшидааст. Зане, ки маризони худро дӯст медораду бо онҳо механдаду мегиряд. Ин бонуи пешавар Матлуба Ҳоҷиева — мудири шуъбаи омосҳои репродуктивии занонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” мебошад, ки пайваста бо дониши баланду меҳрубонии модаронаву хоҳаронаву духтарона ва бо ҳилми тоҷикона ба дилу дидаи беморону ҳамкасбон ҷой гирифта.
Матлуба-апа ҳанӯз дар овони мактабхонӣ дар ноҳияи файзбори Файзобод медиду мешунид, ки модару хоҳари мардуми шарифи тоҷик аз бемории саратони узвҳои таносули занона дар азиятанд. Дар тарозуи ақли хеш бармекашид, ки Одамхудои рӯйи замин, яъне Модари Тоҷик имрӯз аз саратони узвҳои занона дард мекашад. Ӯ аз хурдӣ орзу менамуд дар оянда пизишк шуда, барои табобати миллати азияткашидааш аз бемориҳои саратон хизмат мекунад. Зин-рӯ, аз кӯдакӣ аз остонаи дабиристон меҳри пешаи пизишкӣ, билхоса пизишки омосҳои узвҳои занонаро дар замир мепарварид. Ва ҳамин орзуҳо буд, ки ӯро баъди хатми мактаб соли 2001 ба остонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино овард. Пайдост, ки ба ин даргоҳи бонуфуз ва донишгоҳи беҳад серталаб на ҳар кас роҳ меёбад. Ҳувайдост, ки инҷо ба ғайр аз дониши баланд ва маҳорату устуворӣ дигар касеву чизе мусоидат намекунад. Зин-рӯ, пайваста мехонду мехонд ва натиҷаи ҳамин хондан буд, ки сазовори номи баланди донишҷӯй гардид.
Матлуба Ҳоҷиева дар давоми таҳсил ҳамеша дӯстдори пешаи аз хурдӣ интихобнамудаи худ буд. Ҳамин рафтору кирдор, донишу маҳорат ва шавқмандии зиёд ба касби саратоншиносӣ доштаи донишҷӯи бахши панҷуми факултети тиббӣ Матлуба Ҳоҷиева буд, ки ҳини омӯзиши дарси саратоншиносӣ дар кафедраи Донишгоҳ муаллимаи хеле ҳалиму меҳрубон ва нозукбину пуртаҷриба, ки ба банда ҳам ҳақи устоди доранд, д.и.т. Умарзода Саидаи Ғайрат Матлуба-апаро ҳамчун навбатдори шабона ба ҳайси ҳамшира дар шуъбаи омосҳои узвҳои репродуктивии занона ба кор қабул намуданд. Аз ин дастгирии устоди ғамхор шодии ин донишҷӯдухтаро ҳадду канор набуд.
Ҳоҷиева Матлуба Музаффаровна дар баробари донишадӯзӣ дар донишгоҳ таҷрибаомӯзиро низ аз худ мекард ва аз нозукиҳои пешаи интихобнамудааш аз устоди худ пурсон мешуд. Соли 2008-ум Донишгоҳро бо ахлоқи намунавӣ хатм намуда, сазовори номи баланди табибӣ гардид. Давраи такмили ихтисосро ҳамчун интернаи клиникӣ соли 2008 дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва давраи ординатураи клиникиро солҳои 2009-2010 дар Муассисаи давлатии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонд. Аз 10-уми сентябри соли 2010 то январи соли 2017 ҳамчун пизишки Омосҳои репродуктивии занона кору фаъолият намудааст. Аз 10-уми январи соли ҷорӣ инҷониб мудирии шуъбаи Омосҳои репродуктивиро дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ба уҳда дорад.
Ҳоҷиева М. М. дар ҷумҳуриҳои Олмон, Белорусия, Русия, Украина, Қазоқистон ва Хитой такмили ихтисос намудааст.
Бо ин ҳама масъулияти баланд, бонуи ташнаи илму дониш таҳти роҳбарии устоди худ д.и.т. Умарзода Саидаи Ғайрат рисолаи илмии худро дар мавзуи “Пешгирӣ ва табобати барвақти омосҳои тухмдонҳо” пажуҳиш бурда истодааст, ки дар ҷодаи душвори илм ба ин роҳпаймои роҳи илм барору комёбӣ мехоҳем.
Яке аз нобиғагони шеъри форсӣ Фурӯғи Фаррухзод гуфта буд, ки “ман ба иллати хусусияти руҳӣ ва ахлоқии худам ва масалан, хусусияти зан буданам, табиатан масоилро ба шакли дигаре мебинам”.
Ин ҷарроҳи чирадаст, бонуи донишвару меҳрубон, ғамшарики мардум ҳар субҳ бо як нигоҳи ба худ хос вориди ҳуҷраи беморон мешавад, бо лабханди хоҳарона, бо солории модарона ва бо ҳилми духтаронаву бо илми духтурона беморонро бо вуруди Хуршед дуруд гуфта, рӯз ба хайр мегӯяд.
Ҳоҷиева Матлуба Музаффаровна, ки соҳиби оилаи солим ва ду фарзанди дустрӯяк мебошад, ин шабу саҳар зодрӯз дорад. Бо як меҳрубонии додарона «Зодрӯз хуҷаста бод!» мегӯям.

Лоиқи СӮФӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here