Тайи солҳои охир бо иқдоми неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок ва муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дигаргунсозӣ ва таҳкими ислоҳоти маориф идома ёфта истодааст. Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар» низ аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар” муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта, мутахассисони баландпояро барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла фаъолияти аграрӣ, иқтисодӣ, технологӣ, тибби байторӣ ва техникӣ-кишоварзӣ тайёр менамояд. Коллеҷ дорои 3 бинои таълимӣ, 1 маҷлисгоҳ, 1 толори фарҳангӣ, 1 толори варзишӣ, 1 майдончаи варзишӣ, 2 китобхона, 2 синфхонаи компютерӣ, 5 озмоишгоҳ, 45 аудитория бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз қабили доскаҳои электронӣ, проекторҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Хатмкардагони коллеҷ барои идомаи таҳсил дар донишкадаву донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба курсҳои дуюм ва сеюм қабул карда мешаванд.

Коллеҷ дорои Факултети иқтисодӣ-аграрӣ, Факултети амнияти озуқаворӣ ва кафедраҳои Байторӣ ва тибби байторӣ, Забонҳо, Таъминоти барқӣ, истифодабарии техникаи кишоварзӣ, Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлилу назорат, Агрономӣ ва заминсозӣ буда, аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассис омода месозад:

— 2-25011017 — Фаъолияти тиҷоратӣ дар саноати комплекси аграрӣ.

— 2-740102 — Аграномӣ.

— 2-74060101 — Таъмини истифодабарии техникаи кишоварзӣ.

— 2-740131 — Ташкили кори хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ).

— 2-430103 — Таъминоти барқии соҳаи кишоварзӣ.

— 2-740131 — Агрохимия, тухмипарварӣ ва ҳифзи растанӣ.

— 2-740301 — Байтор.

— 2-250135 — Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат.

— 2-560101 — Заминсозӣ.

— 2-740302 — Тибби байторӣ.

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар» тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2020 корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Коллеҷ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сдандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон фаъолияти таълимӣ, тарбия ва истеҳсолиро ба роҳ мондааст. Сатҳи дониш ва касбомӯзии донишҷӯён, тайёрии омӯзгорон ба машғулиятҳои ҳаррӯза вобаста ба талаботи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии меъёрӣ ва нақшаю барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли таҳсили нав ба мустаҳкам намудани заминаҳои моддию техникӣ, таълимӣ, воситаҳои аёнии таълим, ҷиҳозонидани синфхонаҳо, утоқҳои корӣ ва лабораторияҳои таълимӣ, фонди китобҳои китобхона эътибори махсус зоҳир карда шудааст.

Дар шаш моҳи соли 2020-ум 12 ҷаласаи Шӯрои омӯзгорон, 40 ҷаласаи назди директор, ҳар ҳафта як маротиба ҷаласаи назоратии назди ҷонишинҳо, ҷаласаи Иттифоқи касабаи кормандон ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷаласаҳои номбаргардида масъалаҳои таълиму тарбия, таҷрибаомӯзӣ, назорати берун аз коллеҷ, дуруст ба роҳ мондани интизоми меҳнат, хуб нигоҳ доштани ҳолати санитарӣ ва техникаи бехатарии таҷҳизоти муассисаи таълимӣ, бозомӯзии устодон, омодагӣ ба дарсҳои лексионӣ, лабораторӣ ва амалӣ, иҷрои корҳои илмии хатмкунандагон, корҳои хатм ва ҳама гуна масоили марбут ба таълим ва тарбия мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Дар давоми соли таҳсил ба рафти кори таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён, иҷрои корҳои хатмкунӣ, иҷрои корҳои курсӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда, маъмурияти коллеҷ бо Раёсати кишоварзии шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд амалӣ намудани раванди таълим ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозорро ба имзо расонидааст. Муассисаи таълимӣ масъалаи ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон (хатмкардагони муассиса)-ро, ки аз ҳисоби буҷаи давлат коллеҷро хатм менамоянд, зери назорати доимӣ қарор додааст. Дар коллеҷ ба муносибати рӯзҳои таърихӣ чорабиниҳои сатҳи умумиколлеҷӣ ва гуруҳӣ ташкил карда шудаанд. Аз тарафи қисми таълим ва тарбияи коллеҷ ҳамарӯза чорабиниҳои таъмин намудани сифати баланди дарсдиҳӣ, тақвияи таассуроти тарбиявии дарсу машғулиятҳо, дар амал татбиқ намудани шаклҳои пешқадами кор, ба роҳ мондани таҷрибаи пешқадам, гузаронидани дарсҳои кушод, намунавӣ, иштирок ба дарсҳои ҳамдигар бо таҳлили аниқ ва муҳокимаи онҳо дар ҷаласаи кафедраҳо, банақшагирии корҳо доир ба навиштани барномаҳои таълимии фаннӣ, коркарди дастурҳои методӣ дар мавзуҳои пешниҳодшуда, муҳокимаи дарсҳои намунавӣ, маърӯзаҳо дар ҷаласаи кафедраҳо, ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузории кабинети методӣ, дар ҷаласаҳои назди мудири шуъба ҷамъбаст намудани фаъолияти кори омӯзгорон оид ба такмили дараҷаи тахассусӣ, савияи худомӯзӣ ва рафти иҷрои нақшаҳои онҳо, идома додани корҳои методӣ доир ба таҷҳизонидан ва ороиши кабинетҳои таълимии коллеҷ гузаронида шудаанд.

Коллеҷ аз соли таҳсили 2017 то инҷониб бо низоми кредитӣ, ки тибқи Низомнома оид ба ташкили ҷараёни таълим дар низоми кредитии таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.11.2007, №529) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, сафарбарнамоии донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, олии касбии кишварҳои хориҷӣ, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ амал намуда истодааст.

Коллеҷ дар самти робитаҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия, Донишгоҳи давлатии миллии Қазоқистон ва коллеҷу донишгоҳҳои Федератсияи Россия ҳамкориҳои зич дорад. Бояд қайд намуд, ки дар асоси Лоиҳаи “Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия ба андозаи 49 000 ҳазор Евро дастрас намудани таҷҳизоти таълимӣ оид ба тахассусҳои соҳаи агрономӣ дар назар аст.

Дар самти иҷрои корҳои илмӣ устодони коллеҷ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумла, дар аввали соли таҳсили 2020 аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ корҳои зерини илмӣ ба иҷро расонида шудаанд: васоити таълимӣ 2 адад, дастури методӣ 1 адад, мақолаҳои илмӣ 29 адад, мақолаҳои публисистӣ 32 адад, фишурдаҳо 71 адад, дарсҳои кушод 18 адад, семинарҳои илмӣ 6 адад, маҳфилҳои фаннӣ 24 адад, конференсияҳо 1 адад, мизҳои мудаввар 4 адад.

Аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар коллеҷи мазкур бо риояи Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Пеш аз қабули аттестатсияи таълимгоҳ барои имтиҳоноти давлатӣ синфхонаҳои махсус барои фанҳои имтиҳонӣ ҷиҳозонида, бо овезаҳо, воситаҳои айёнии техникӣ, муляжҳо, намунаҳои растаниҳо ва зироатҳои кишоварзӣ таъмин карда шудаанд. Дафтарчаҳои имтиҳонии хатмкунандагон пурра ба тартиб дароварда шуда, ҳама санҷишу имтиҳоноти ҷорӣ ва натиҷаҳои рӯзнома ва ҳисоботи таҷрибаомӯзиҳо қайд карда шудаанд. Аз натиҷаи таҳсили сесола барои аттестатсияи давлатии хатмкунандагон варақаи ҷамъбастии баҳоҳои хатмкунандагон бо баровардани баҳои миёнаи ҳар як хатмкунанда тайёр карда шудааст.

Саволномаҳои имтиҳонӣ барои гузаронидани имтиҳонҳои шифоҳӣ аз тарафи омӯзгорони фаннӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ тартиб дода шуда, дар иттиҳодияҳои фаннӣ (комиссияи фаннӣ) дида баромада, ё аз ҷониби ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ тасдиқ карда шудаанд. Тамоми билетҳои имтиҳоноти давлатӣ барои тамоми ихтисосҳо бо барномаҳои таълимӣ мувофиқ кунонида шуда, дар ҷаласаҳои шӯроҳои методии факултетҳои коллеҷ аз сари нав дида баромада шудаанд. Ҳангоми баҳогузорӣ ба дониши хатмкунандагон ҳам аз ҷониби раисони комиссия ва ҳам аъзои комиссияҳои аттестатсияи давлатии хатмкунандагон меъёри баҳогузорӣ риоя карда шудааст. Дар аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар имтиҳон 190 нафар роҳ дода шуда, аз онҳо 169 нафар иштирок кардаву аз имтиҳон гузаштаанд.

Кору тадбирҳои тарбиявӣ яке аз самтҳои асосӣ ва рӯзмарраи фаъолият дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос ба ҳисоб меравад. Дар робита бо ҳамин масъулини қисми таълиму тарбияи коллеҷ дар соли таҳсили 2020 дар самтҳои гуногун фаъолият намуда, ҷиҳати пешбурди корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯён як қатор корҳоро ба сомон расонида, ба ин васила дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саҳмгузорӣ кардаанд. Ҳамзамон, кормандони қисми таълим ва тарбия бо мақсади дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимию тарбиявӣ дар байни донишҷӯён дар биноҳои таълимӣ корҳои амалӣ бурда, фаъолияти сарпарастони гуруҳҳои академикиро зери назорати қатъӣ қарор додаанд, ки дар натиҷа дар муддати кӯтоҳ корҳои хуби самарабахш ба анҷом расонида шудаанд.

Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти кормандони қисми таълиму тарбия — ин ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо дар сатҳи коллеҷ ва берун аз он ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки кормандони қисми таълиму тарбия дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангии ҷумҳуриявӣ дар сатҳи коллеҷ чораҳои зарурӣ андешида, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани онҳо ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёнро ҷалб намудаанд. Аз ҷумла, кормандони зерсохторҳои таълимию тарбиявии коллеҷ дар ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани 24-уми ноябр — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-юми феврал — Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8-уми март — Рӯзи модарон, 21-22-юми март — Иди Байналмилалии Наврӯз ва ғайраҳо саҳмгузорӣ намуда, бахшида ба ин санаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ ҷаласаҳои тантанавии идона, нишастҳои илмӣ, маҳфилҳои фарҳангию фароғатиро баргузор намудаанд.

Дар тарбияи маънавии ҷавонон театр саҳми беандоза дорад. Барои ғизои маънавӣ ва фарҳангӣ бардоштани донишҷӯён раёсат ва садорати факултетҳо донишҷӯёнро ба намоишномаҳои театрӣ, синамо, осорхонаҳо ва дигар ҷойҳои маданиву фарҳангӣ равона мекунанд. Аз ҷумла, ба тамошои намоишномаи театрии “Театри давлатии ба номи А. Муҳаммадҷонов” дар солҳои таҳсил тибқи нақша зиёда аз 400 нафар донишҷӯён бо роҳбарии бевоситаи устодон ҷалб гардидаанд.

Самти дигари фаъолияти қисмати таълиму тарбия — ин тарбияи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маънавиёт ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии донишҷӯёнро ташкил медиҳад, ки он бо иштироки васоити ахбори умум, кормандони ҳифзи ҳуқуқ сурат мегирад. Дар давоми солҳои таҳсил зиёда аз 6 маротиба дар сатҳи баланди коллеҷ бо ҷалби шоирону нависандагон ва адибони маъруф чорабиниҳои адабӣ ташкил карда шудааст. Илова бар ин, дар сатҳи факултетҳо низ ба таври пайваста маҳфилҳои адабӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Яке аз самтҳои фаъолият дар коллеҷ баланд бардоштани маънавиёт ва ҷаҳонбинии донишҷӯён дар ҳамкории муштарак бо намояндагони васоити ахбори умум ва бо ҷалб намудани донишҷӯён ба барномаҳои ахлоқию тарбиявӣ ва чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мебошад. Донишҷӯёни коллеҷ бо барномаҳои телевизионии “Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон”, Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, барномаҳои гуногуни телевизиони “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон” ва Телевизиони вилояти Хатлон, ҳамзамон барномаҳои радиоӣ ҳамкории зич доранд. Ба таври пайваста муҳаққиқону коршиносон ва олимони соҳавии коллеҷ дар барномаҳои телевизионӣ ширкат намуда, андешаронӣ мекунанд.

Дар коллеҷ бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкории волидайн дар тарбияи донишҷӯён корҳои зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар коллеҷ ва ҳамаи факултетҳо “Шӯрои волидайн” ташкил карда шуда, тибқи нақша-чорабиниҳо дар ин самт вохӯрии волидайни донишҷӯён бо ҳайати устодону кормандон гузаронида шуда истодааст. Дар вохӯриҳо аксаран волидайн ва наздикон ширкат варзида, аз сифати таълим, ҳаёту фаъолият ва одобу ахлоқи фарзандони худ дар ҷараёни таҳсил ва ҳамзамон шароити зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳҳо аз наздик шинос мегарданд.

Илова бар ин, бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» комиссия таъсис дода шуда, ба таври пайваста дар байни ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемории COVID-19 дар муассиса корҳои зерин ба сомон расонида шудаанд, аз қабили харидории хокаи хлор 200 (дусад) кг, харидории дастпӯшакҳо 150 дона, харидории ниқобҳои яккарата 300 дона, харидории маводҳои антисептикӣ 40 қуттӣ, омода намудан ва дар даромадгоҳҳо гузоштани шити безараркунанда. Тамоми дастқапҳои дарҳои биноҳои таълимии коллеҷ бо матоҳои махсус дар маҳлули безараркунанда афшурда печонида шудааст. Дар саҳни коллеҷ, дохили биноҳои таълимӣ, ҳоҷатхонаҳо дастшӯякҳо бо оби гарм, собун, дастпоккунакҳои яккарата ва маводҳои антисептикӣ таъмин карда шудаанд. Тамоми устодон, донишҷӯён ва кормандони техникӣ бо ниқоб ва маҳлулҳои безараркунанда таъмин карда шудаанд. Инчунин, биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷ пурра дезинфексия, дератизатсия карда шуда, дар асоси суратмаҷлиси ситоди ҳокимияти маҳалии шаҳри Бохтар дар хобгоҳи коллеҷ ҷой барои қабули 120 нафар беморон бо тамоми шароитҳои мавҷуда омода карда шудааст, ки маблағи умумии корҳои ба анҷом расонидашуда 34000 (сиву чор ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар мунтазам дар ташкили шанбегиҳои дохили муассиса ва берун аз он барои гузаронидани чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ саҳми босазо гузоштааст.

Муассисаи таълимии “Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар” тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади дастгирӣ барои таъмири бинои давлатии Ҳизби халқии демократии шаҳри Бохтар ба маблағи 5500 сомонӣ ва барои дастгирии шаҳрвандони осебдида аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон ба маблағи 3300 сомонӣ кумаки молиявӣ расонидааст.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар” аз ҳисоби буҷети МИҲД-и шаҳри Бохтар маблағгузорӣ карда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ дар коллеҷ аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи вилояти Хатлон ва Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санҷишҳои молиявии нақшавӣ гузаронида шуда, нисбати натиҷаи ин санҷишҳо санадҳо тартиб дода шуда, дар асоси моддаи 5 ва 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Дафтари бақайдгирии санҷишҳо” ба қайд гирифта шудаанд. Фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории коллеҷ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 173 аз 26.01.2015 ва барномаи СБҲМ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №40 аз соли 2012 ба роҳ монда шудааст. Ҳамаи хароҷотҳои пешбинишудаи коллеҷ дар асоси маблағҳои ҷудошудаи смета мақсаднок истифода шуда, аз ҷумла маоши омӯзгорон ва кормандони коллеҷ ҳармоҳа пурра пардохт карда шудааст. Коллеҷ ба ҳолати 1-уми июни соли 2020 қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ надорад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз маблағҳои пешбинишуда қисми дохилии бинои хобгоҳ, қисми берунаи толори варзишӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда, дар саҳни даромадгоҳ 2 адад чойлоби ангур сохта шудааст. Аз ҳисоби маблағи таҷҳизот бошад, 15 адад компютери рӯимизӣ, 4 адад проектор, 4 адад принтер, 2 адад барқтаъминкунак, 2 маҷмуъ камераҳои назоратии замонавӣ, 50 маҷмуъ мизу курсӣ барои донишҷӯён харидорӣ карда шудааст.

Ба гуфтаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар”, номзади илмҳои ветеринарӣ, дотсент Сабзаалӣ Амиров, “имрӯз дар бозори меҳнат талабот ба мутахассисони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ басо калон буда, тайёр намудани мутахассисони ҷавон бо донишҳои мукаммал амри воқеист. Баҳри пешрафти соҳа хизмати Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати иҷтимоии худ ба ин соҳаҳо мақоми афзалиятнок додаанд, зиёд буда, маҳз амнияти кулл ва фазои Ваҳдати саросарӣ имкон дод, ки кишвар бо роҳи дурусти созандагию ободкориҳои беназир дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт пеш рафта, зиндагии шоиста барои ҳамватанон таъмин карда шавад”.

— Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, маорифчиёнро дастгирӣ кардаву руҳбаланд месозанд. Мо — аҳли маориф аз дастгириҳову таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем ва мекӯшем, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаи таълимиямон боз ҳам беҳтар шавад,- афзуд ӯ.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here