Минбаъд волидоне, ки аз супоридани алименти фарзандонашон саркашӣ мекунанд, ҷазояшон сахттар хоҳад шуд. Мутобиқи тағйиру иловаҳои наве, ки ба Кодекси мурофиавии шаҳрвандии Тоҷикистон ба парлумон барои баррасӣ пешниҳод шуд, ҷазои волидони саркаш аз пардохти алимент сангинтар мешавад. Қаблан танҳо пас аз се моҳи таъхир дар супурдани алимент эҳтимоли ба ҷавобгарӣ кашида шудани волидон имкон дошт, аммо тибқи тағйироти нав, ки ба парлумон пешниҳод гардид, онҳое, ки дар муддати як моҳ бе сабаб алименти фарзандашонро пардохт намекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Тибқи қонун, дар Тоҷикистон падару модар дар тарбия ва парастории фарзанд ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар доранд, аммо бо сабаби он, ки бисёре аз модарон таҳсил нокарда ва соҳиби ҷойи кор нестанд ва аксаран тарбияи фарзанд ба дӯши онҳост, мардон супорандаи аслии алимент ба ҳисоб мераванд.
Қонуни нав барои сарпечӣ аз пардохти алимент то 180 соат кори ҳатмӣ, то ду соли ҳабс ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст.
Тибқи гуфтаи мақомот, шикояти зиёди хонаводаҳо, хусусан занони фарзанддоре, ки аз шавҳаронашон ҷудо шуда, вале сари вақт алимент дарёфт намекунанд, онҳоро водор кардааст, ки ин тасмимро гиранд.
Воқеан ҳам, имрӯз бештари занон ба ин мушкилӣ дучор мешаванд, ки пас аз шикояту даводавҳои зиёд метавонанд танҳо думоҳа ё семоҳа алименти фарзандашонро ба даст оранд. Бархе мавридҳое низ дар Тоҷикистон ҷой дорад, ки фарзандон ба балоғат расидаанд ва мардон аз алимент саркашӣ намуда, ҳатто қарзи чандинсолаашонро пардохт намекунанд.
Раҷабгул Сабзаева, сокини шаҳри Норак ду фарзанди болиғ дорад ва чандин сол аст, ки наметавонад қарзи алименти шавҳарашро, ки 4700 сомонӣ аст, ба даст орад. Муроҷиатҳои ӯ ба мақомоти масъул натиҷа надод ва шавҳар бо баҳонаҳои зиёд аз баргардонидани алимент дасткашӣ намуд. Бо аризаи шикоятӣ ҳалномаи судро низ аз дасташ гирифтанду бо ҳамин гӯё ба масъала хотима бахшиданд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи ҳуқуқшиносон, маблағи алимент бояд ба пуррагӣ рӯёнида шавад. Агар алиментсупоранда дар назди ситонанда қарздор бошад, ҳатто агар фарзандон ба балоғат расида бошанд ҳам, он бояд пардохт шавад. Зеро, дар акси ҳол, истеҳсолоти иҷро қатъ карда намешавад. Дар сурати ҷой доштани қарз ситонанда бояд ба судиҷрочӣ муроҷиат кунад ва ӯ дар навбати худ маблағи қарзро муайян мекунад. Агар алиментсупоранда бо ин хулоса розӣ набошад, бояд ба суд муроҷиат кунад.
Хонум Сабзаева муддати тӯлонист, ки ҳаққи фарзандонашро ба даст оварда наметавонад. Ҳалнома, ки охирин умеди ӯ буд, масъулон онро бо баҳонае аз дасташ гирифтаанду дигар барнагардондаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабгул аввалин зане нест, ки ба мушкилоти алимент рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯзҳо агар мо ба идораи суд назар афканем, садҳо нафар занро мебинем, ки пушти дари судиҷрочиҳо навбат поида меистанд, то ин ки ҳаққи фарзандонашонро ба даст оранд.
Ҷ. Ҳ., як зани дигар аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки модари чор фарзанди хурдсол аст, ба ин мушкилӣ дучор шуда ва муддати 7 моҳ натавонистааст ҳаққи фарзандонашро ба даст орад. Ӯ аз суд дархост намуд, ки барои ҳар як фарзандаш 300 сомонӣ ва барои худаш то ба сесолагӣ расидани фарзанди хурдиаш 200 сомонӣ алимент ҷудо намоянд. Ӯ танҳо пас аз 7 моҳи даводав ба идораи суд, ки натиҷа надод, тасмим гирифт ба намояндагони ВАО муроҷиат кунад ва танҳо дар ин сурат тавонист ҳаққи фарзандонашро рӯёнад. Айни замон ӯ бо чор фарзандаш дар хонаи шавҳари қаблиаш маскун аст ва ӯ сари вақт алименти фарзандонашро месупорад.
Модари Ҷ. Ҳ., ки дар рӯзҳои вазнини зиндагии духтару наберагонаш дар барашон буд, имрӯз аз он хушҳол аст, ки фарзандонаш ҳам бо ҷойи хоб ва ҳам бо хӯрока таъминанд. Ӯ мегӯяд: “Ман имрӯз зиёд хурсанд ҳастам, ки духтару набераҳоям бо ҷойи хоб таъминанду мушкилиҳои қаблӣ бартараф шудаанд. Тибқи ҳалномаи суди болоӣ духтарам дар хонаи шавҳараш маскун шуд ва пули алименти фарзандонашро ҳармоҳа мегирад”.
Тибқи оморҳои расмӣ, танҳо соли гузашта 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи судҳо аз ҳам ҷудо шудаанд, ки аксарияти онҳо фарзанди ноболиғ доранд. Қонун мардонро муваззаф кардааст, ки то синнаи 18-солагӣ алименти фарзандашонро пардохт намоянд. Бархе аз занҳо аз он шикоят доранд, ки мардон бо баҳонаҳои он, ки гӯё фарзандашонро ба онҳо нишон намедиҳанд ва диданӣ намемонанд, аз алимент саркашӣ мекунанд.
Марям, қаҳрамони дигари мо, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки шавҳараш 7-моҳа маблағи алименти фарзандашро пардохт накардааст. Ӯ мегӯяд, ки шавҳараш баҳонаи онро мекунад, ки гӯё ҳамсараш кӯдакро ба ӯ нишон намедиҳад: “Шаш моҳ баъд меравам, ҳоло ҳам пардохт накардааст. Ба судиҷрочӣ занг мезанам, мегӯям пулро намедиҳанд. Баъд онҳо ба ӯ занг мезананд ва баъди чанд моҳи муроҷиат пардохт мекунад. Баҳона меҷӯяд, ки гӯё ман кӯдакро ба ӯ нишон намедиҳам, ки дурӯғ аст. Бори охирон баъди муроҷиатҳои пай дар паям 400 сомонӣ пардохт кард, аммо қарзҳояш ҳамоно истодаанд”.
Ин қаҳрамони мо низ танҳо пас аз муроҷиат ба ВАО тавонист 4-моҳа алимети фарзандашро ситонад.
Ба ин мазмун даҳҳо шикояти занон дар судҳои кишвар низ баррасӣ шудааст. Аммо мақомот мегӯянд, баъзе мардон бо баҳонаи муҳоҷират ва бархеи дигар бепуливу бекорӣ аз пардохти алимент худдорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудошавии оилаҳо сабабҳои гунонун дорад, ки асосии онҳо аз бефарзандӣ, бо ҳам мувофиқ наомадани зану шавҳар, дахолат кардани шахсони сеюм, дар муассисаҳои иҷрои ҷазо будани мард ва ғайра маҳсуб меёбад.
Дар ҳамин замина, коршиносон мегӯянд, ки Ҳукумтаи кишварро мебояд дар баробари сангинтар кардани чораҳои қонунии ситонидани алимент барои бо кор таъмин кардани аҳолӣ иқдомҳои бештарро рӯйи даст бигирад. Зеро набуди ҷойи кор ва мушкилоти фаровони молӣ ва таъсири буҳрон ба кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон то андозае мардҳоро ҳам дасткӯтоҳ кардааст. Ҳамчунин, ба андешаи коршиносон, волидонро мебояд барои таҳсил ва соҳибкасб шудани духтарони худ низ талош варзанд, то ин ки онҳо муҳтоҷ ва дастнигари маблағи алимент набошанду худ низ барои таъмини фарзандон ва пешбурди зиндагии хеш даромаде дошта бошанд.
Фарзонаи УМАРАЛӢ,
Фирӯз БАРОТОВ