Ҳар рӯз дар маршруткаҳои шаҳр шоҳиди филми навбатии «сериали тоҷикӣ» мешавӣ, ки ба гумон охир надорад. Коргардони ноаёне гӯё санҷиданист, ки оё баҳр дар пиёла меғунҷад? «Актёрон» (мусофирон) ҳам хаёлоти бой доранд, ки бо вуҷуди аз серодамии маршрутка дар ҳолати ногувор афтодан доди танзро медиҳанд.

— Болотар баро, апа, болотар…

Дар ҳоле ки мошин то «даҳон» пур буда, дигар «боло-моло» надорад. Ё «ошёнаи дуюм», яъне болои сари мардум дар назар буд?

— Пои мара кӣ таги каблукаш кард?!…

— Ака, ба пеш намешавад гузашта, дари пушта кушо, фуроям…

— Ин ҷавонако аҷибанд, ягон калонсол, ки даромад, чашмашон даррав ба телефонашон мечаспад…

Мусофирони пештар ба маршруткаи серодам даромада содалавҳона фикр мекунанд, ки ҷои сӯзанзанӣ намонду акнун мошин чорхез мезанад. Аммо «қассоб дар ғами чарбу» гуфтагӣ барин, пулчинак бо росту дурӯғ, ҷангу ҷанҷол боз даҳ нафарро дароварда «пресс» мекунад. Каме бо зарда гап занӣ, ҷавоби пулчинаки бепарво тайёр: «Маъқулат нест, таға (апа)? Сахтӣ накарда, ба такси рав!».

Аксар вақт «филм» тамом нашуда, дар ними роҳ мефуроям. Саволҳо низ ҳамроҳам мефуроянд: «Чаро худро ба азоб монда, дар мошини пур нишастед?», «Хубтар набуд, ки каме интизор шуда, дар маршруткаи холитар равед?». Дар мошину истгоҳ ба ҳамсафарони тасодуфӣ борҳо ин саволҳоро додаам. Ағлаби ҷавобҳо ин гунаанд:

— Ба кор дер монда истодаам.

— Агар ба инаш нашинӣ, дигараш баъди як соат меояд.

— Ҳаво хунук (гарм, барф ё борон меборад) аст.

— Агар баъди ман ин баднафс боз даҳ нафарро намегирифт, бемалол мерафтем…

Саволҳо… ҷавобҳо… Ҳолатҳо гоҳе мазҳакаро монанду гоҳе фоҷиаро. Аммо оё боре фикр кардаем, ки «муаллиф»-и ин ҳолатҳои ногувор, пеш аз ҳама, худ ҳастем? Агар дар маршрутка ҷои нишаст пур шуда бошад, бояд ба он нанишинем. Қоида ҳамин, талаботи бехатарӣ низ. Ба кор дер мемонем? Бояд каме барвақттар аз ҷогаҳи гарму нарм хест.

Кормандони БДА куҷо менигаранд? Шумо аз Моҳ афтодаед? Ман шахсан ёд надорам, ки ягон нафари онҳо ронандаро барои аз меъёр зиёд гирифтани мусофир ҷарима карда, чашмашро тарсонида бошад, ки дар сурати такрор кардан аз ҳуҷҷати ронандагӣ маҳрум месозад. Онҳо маршруткаҳоро бисёр манъ мекунанд, аммо на ба хотири ин нороҳатиро пешгирӣ кардан…

Шояд ин намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, ки назар ба автобусу троллейбус барои дар ҷои хостаат манъ карданаш басо қулай аст, дар шаҳр кофӣ нест? Ё масъулон фосилаи ҳаракати онҳоро назорат намекунанд? Ростӣ, намедонам. Ин мушкили нав нест, собиқааш аз синни ман бештар аст. Вале то ҳол дарди дандони мусофирон мондааст.

Ба фикрам, он илоҷи ҳал дорад. Агар муҳтарам сарвари Бозрасии давлатии автомобилӣ лутфан ба чанд маршрутка савор шуда, тарзи кори ронандаҳои баднафс ва чӣ тавр ба тартибот назорат кардани нозиронашро бо чашми худ бубинад, дар он сурат ба шербачаҳояш ҳатман чунин фармон медиҳад: ронандаи ҳар маршрутка барои ҳатто як мусофир зиёд гирифтан ҷарима карда шавад. Расман!

Банда шахси хушбинам ва аминам, ки чунин рӯз дур нест. Дар ин давраи пандемия боз як хоҳиш аз он кас: ронандаҳоеро низ бояд гӯшмол дод, ки мусофирони бениқобро савор мекунанд.

Руқия ҚУРБОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here