(Дар сӯги падари азизам Шариф Мирзоев, ки 40 сол китобдори деҳаи Дашти Гулҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буд)

Падар беҳтарину гуворотарин вожаест, ки акнун бо шуниданаш вуҷудам оташ гирифта, аз чашмонам ашк мерезад. Баъди сари падар ин дунёе, ки миллиардҳо одамро гунҷонидааст, бароям дигар танг аст. Дилам пур аз ғусса мешаваду ба дили пур аз алам мегӯям:

— Оҳ падарам, падари азизу меҳрубонам, бароям чи қадар меҳрубонӣ мекардӣ. Маро то ба имрӯз касе ба мисли Шумо навозиш накардааст. Падарам беҳтарин ганҷинаи ҳаётам, умеди ояндаам, устоди адабу илмам будӣ, ки баъди рафтанат дигар аз ҳеч касе ин сифатҳоро дарёфт накардам. Сад афсӯс, ки имрӯз дар барам нестӣ, аммо аз Худованди бузург сипосгузорам, ки фарзанди чунин падар ҳастам. Ҳангоме ки ба синфи якум қадам мондам, дар ёдам ҳаст, ки чи тавр падарам шодӣ мекард, ки ман мактабхон шудам. Ба ҳамсояҳо мегуфт:

— Духтарам калон мешаваду табиб шуда, маро табобат мекунад.

Чи қадар орзу дошт, ки ман хонаму соҳиби илм шавам. Барои таҳсили хубам падарам дар ёздаҳсолагиам маро ба пойтахт, ба хонаи бародарам равон кард, то дар шаҳр барои дохил шудан ба донишгоҳ омодагии хуб гирам. Баъди хатми мактаб ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам.

Оҳ падари азизам, падари ягонаву беҳамтоям, аз донишҷӯ шуданам чи қадар шод шуда будӣ. Чунин шодмониро бори аввал дар чашмони шумо медидам. Ба ҳама мегуфтӣ:

— Духтари азизам табиб мешавад, табиби падар мешавад, табиби пирии падар мешавад, дар пирӣ дасти падар мегирад. Духтарамро бо хилъати сафед дар ҷои кораш бубинам, ки одамонро муоина мекунад, дар ин лаҳза ман дарро тақ-тақ занам ва духтарам бигӯяд, ки «мумкин нест, ҳоло беморро муоина дорам» ва ман аз ин суханаш чунон шод шавам, ки аз шодии зиёд ҳушам равад. Дар пушти дари духтарам мунтазираш бошам, то ӯ хидмати мардумро ба ҷо ораду ба назди падар ояд.

Ин суханонро мегуфту чунон ханда мекард, ки ҳар лаҳза ба ёдам меояд, аз чашмонам ашк ҷорӣ мешавад, дил пур аз алам мегардад.

Оҳ падарам, падаре, ки дар зиндагӣ ақаллан боре сарзанишам накарда буд, падаре, ки мегуфт:

— Ҳама аз писар доштан фахр кунанд, ман дар баробари писаронам аз ту фахр мекунам.

Падарам чунон навозишам мекард ва ҳар гоҳ ба хона медаромад, аввал «духтарам куҷост, азизи падар куҷост?» мегуфт.

Падарам маърифатпарвару боғпарвар буд. Бо ҳосил бастани боғ меболид. Мегуфт, меваи боғ барои хонавода, ҳамсояву хешутабор ва ҳамдеҳагон аст, на барои фурӯш. Аз инсонпарварии падарам ифтихор доштаму дорам. Ниёзмандии ҳар касеро мешунид, ҳатман ба ёриаш мешитофт.

Чи қадар дӯсташ медоштам. Пас аз реҳлаташ вуҷудамро оташ мегирад, навозишҳояш пеши назарам меояд. Ҳар гоҳ касе духтарашро навозиш мекунад, таппиши дилам зиёд мешавад, навозишҳои ширини падарам дигарбора пеши чашмам меояду дар гӯшам ба такрор садо медиҳанд. Ба назарам меҳрубониҳое, ки аз забони ягон падари дигар нашунидаам, суханҳое, ки аз шуниданашон дилам равшан ва умедам барои таҳсил, барои ояндаам зиёд мешуду ба худам мегуфтам:

— Худоро шукр, чунин падар дорам, падаре, ки ин қадар дӯстам медорад, падаре, ки барои ояндаи дурахшони ман ин қадар ҳавасманд аст. Дилам месӯзад, чунон месӯзад, ки танҳо каме ҳам бошад, ҳавасҳои падарам диламро таскин медиҳанд. Мехоҳам он чизеро, ки дили падарамро шод мекард, бо амри Худованд иҷро намояму руҳи падари азизамро шод гардонам, чунки ҳазорон-ҳазор бор агар бигӯям, ки дилтанги падар ҳастам, мехоҳам дод занаму падар-падар, падарҷонам гӯям, аммо садое аз падарам пайдо намешавад.

Тобистон гузашт, тобистоне, ки ҳар сол барои омаданаш беқарору хушҳол будам. Бо дили беқарору хушҳол мегуфтам, акнун тобистон шуд, назди падару модарам меравам, аммо ин фасл — фасли ашк, фасли андуҳу ғамгиниям гардид. Фасле, ки на гармиро, на сардиро, на равшанӣ ва на торикиро ҳис мекардам, ин фасл ҳам гузашт. Хазоншавии дарахтон сар шуду сармо омад, баргҳои дарахтон дона-дона ба замин мерезанд, ашки чашмонам мисли ҳамин фасл аз рӯям мешорад, мегиряму мегирям, боз суханҳои падарам ба ёдам меояду Худоро шукр мекунам, ки модару бародарон ва апаҳо дорам, онҳоеро дорам, ки мисли падарам мехоҳанд ман хушбахт бошам.

Қалам ба даст мегираму менависаму менависам, лекин суханҳоям дар бораи қаҳрамони зиндагиям, қаҳрамони орзуҳоям, қаҳрамоне, ки орзу дар дил доштанро аз ӯ омӯхтам, поён надорад. Аз Худованди муттаол талаб дорам, то руҳи падарамро шоду охираташро обод гардонад ва ба дили мо сабри ҷамил ато намояд.

Маҳбубаи ШАРИФ,

донишҷӯи ДМТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here