Қаҳрамон кист? Қаҳрамон касест, ки нигарони сарзаминаш аст, нигарони дарди меҳан аст. Касест, ки хароб намекунаду обод мекунад, душман намекунаду дӯст мекунад, дард намешаваду дармон мешавад, заҳр намешаваду марҳам мешавад. Кӯшиш мекунад, ки нахобад, то ватанаш дар амон бошад. Оне, ки ифтихори кишвараш аст.

Барои ман қаҳрамон кист? Барои ман қаҳрамон, яъне падар, ки сояаш ба сарам аст. Онест, ки намегузорад ман мариз шавам. Оне, ки барои ёфтани давоям ҷон меканад. Оне, ки худаш намепӯшаду маро мепушонад, худаш намехӯраду маро мехӯронад. Қаҳрамон онест, ки дар хунукии 20- 30 дараҷа ҷон канда кор мекунад, то пуле ба ман фиристаду либосҳои гарм гирам. Қаҳрамон модар аст, ки 3 соат назди дарвозаи қисми ҳарбӣ хоҳиш мекунад, то 10 дақиқа писарашро бинаду суҳбат кунад. Қаҳрамон онест, ки ҳеҷ тарабхонаро ба дастпухти ӯ баробар карда наметавонам. Онест, ки танҳо ба ӯ бовар карда, розҳоямро нақл мекунам. Онест, ки дар ҳама мушкилот мегӯяд: «Ман то охир бо туам». Онест, ки зуд-зуд ғамаш медиҳам, вале ҳар дафъа маро мебахшад. Қаҳрамон онест, ки вақте ҳавсалаам нест, ҳама корро мекунад, то хандаамро бинад.

Қаҳрамон шахсест, ки бе тарс ба мушкилот механдад. Қаҳрамон касест, ки фикри мусбат дорад. Касест, ки ба худ боварӣ карда, аз боварии каси дигар намебарояд. Онест, ки вақте ба касе ваъда дод, ҳатман иҷро мекунад. Қаҳрамон касест, ки хоҳарону бародарони дигаронро мисли фарзандони падари худ дониста, муносибат мекунад. Касест, ки ба шахсони солхӯрда барои аз ин тарафи роҳ ба он тараф гузаштан кӯмак мерасонад. Қаҳрамон он ҷавонест, ки барои хизмат ба Ватан доимо омода аст ва бо пойи худ меравад. Қаҳрамон он фақир аст, ки ҳамёни пул меёбад ва дунболи соҳибаш мегардад. Қаҳрамон — он касе, ки аз қудраташ сӯйистифода намекунад, балки дасти заифро мегирад.

Қаҳрамон — ҳамон шахсоне, ки дирӯз хурд буданду ашк мерехтанд, вале ҳоло бо медалҳои олимпӣ ба ватан бармегарданд. Қаҳрамон, яъне Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазод ва ҳазорҳо нафароне, ки хориҷиҳо нисфи онҳоро ташкил намекунанд. Қаҳрамон шахсест, ки дод мезананд, Тоҷикистон! Қаҳрамон, яъне ишқ, яъне қудрат, яъне имон! Қаҳрамон — Тоҷикистону тоҷикистонӣ.

Қаҳрамон — он касе, ки солҳо боз Ватанро обод карда истодааст.

Сунатулло ҲОМИДЗОД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here