Навиштаҳо инъикосгари фикру андешаҳо, сирру розҳо ва ногуфтаҳои моянд. Ҳарфҳо хоҳишу изтироби дил, санҷишу таҳлили ақлро рӯйи авроқи сафед аён мекунанд. Вале ин ҳама кори қалам аст. Бе қалами хубу тез гуфтаниҳои мо ногуфта мемонанд.
Қалами тез доштан, навишта тавонистан … аҷаб мафҳумҳо. Магар касе ҳаст, ки навишта натавонад? Магар касе ҳаст, ки боре ҳам ба даст қалам нагирифта бошад? Гап дар сари он ки қалам доштан аз қалам доштану навишта тавонистан аз навишта тавонистан фарқ дорад. Ҳар кас бо мақсади гуногун менависад. Олиме барои таҳқиқи кашфиёте, шоире барои навиштани шеъри тозае, нависандае барои тасвири ғаму шодии одамон, ошиқе барои навиштани номаи хушбахтӣ ё ҷудоӣ, журналист барои ифодаи мушкилоти ҷомеа, хонандаи синфи якум барои ҳарфнависиро омӯхтан қалам ба даст мегирад. Якеро ғаму дарди ниҳонӣ, эҳсосоти гуногуни инсонӣ, ки дилро фаро мегиранд, ба навиштан маҷбур месозад, дигаре таҳлилу санҷиши мизони ақл, андешаҳои чуқурро ба қалам медиҳад.
Гоҳе ба худ меандешам: “ Оё ман навишта метавонам? Барои навиштан чӣ баҳонае дорам? Навишта метавонистаму баҳонае барои навиштан пайдо мекардам, пас дар чӣ мавзӯ менавиштам?”
Расул Ғамзатов дар китоби “Доғистони ман” навиштааст: “Нагӯй, ки ба ман мавзӯ диҳед, бигӯй, ки ба ман чашм диҳед.” Пас, ман бояд чашм дошта бошам, чашми дил, чашми ақл. Чашми тезбине, ки худ мавзӯ ёфта тавонад. Мавзӯи ман бояд дилчасп бошад. Хонандаи ман бояд маро аз навиштаҳоям шиносад.
Дар романи нависандаи амрикоӣ Ҷек Лондон “Мартин Иден” қаҳрамони асосӣ Мартин дарёнаварди одӣ аст. Ӯ ҳамагӣ 2 сол дар мактаб таҳсил кардааст. Лекин аз шӯру шавқи ишқ ба хурӯш меояд. Ӯро нобаробариҳои замон такон мебахшад. Ғурури ҷавонмардиаш маҷбур месозад, ки бо қоғазу қалам сарукор гирад. Ҷавонмард худомӯзӣ мекунад. Мартин барои дили Руффи худро ба даст овардан, барои аз тангии рӯзгор берун омадан менависад. Ӯ навиштаҳояшро пинҳон намедорад. Гарчанде дар аввал истеъдоди хуб надошт, вале рафта — рафта шавқу завқ, кӯшишу ғайрат ва ҷасораташ вайро муваффақ мегардонанд. Қаҳрамони дигари роман нависандаи хуб аст. Вале вай барои худ менависад. Ӯ намехоҳад навиштаҳояшро касе хонад.
Пас ин ҷо боз саволҳое ба миён меоянд. Саволҳои нав, магар ман шавқу завқ дорам? Оё кӯшишу ғайрат ва ҷасорати ман барои навишта тавонистан басанда аст?
Эҳҳ , ин саволҳо. Дар ҳақиқат навиштан мушкил будааст. Қалам гирифтану ҳарфҳоро шинохтан маънои онро надорад, ки ман навишта метавонам. Ба ман пеш аз ҳама фикри солим, шавқу завқ, кӯшишу ғайрат, ҷасорат ва истеъдод лозим будааст. Ин будааст маънои қалами тез доштану навишта тавонистан. Эҳҳ, агар навишта метавонистам…
Шодмон Кенҷаев