Ҳадаф дар зиндагии инсон аҳамияти бузург дорад. Чун агар инсон дар зиндагиаш ҳадаф надошта бошад, ӯ ҳеҷ гоҳ ба ягон мақсад намерасад ва ҳама вақт дар нимароҳи зиндагӣ мемонад.

Инсон новобаста аз олиму донишманд буданаш, бояд ҳама вақт бикӯшад, то ба мақсадау ҳадафҳояш бирасад, чун инсон бе ҳадафу мақсад ба мисли замбӯри беасал аст, ки ба ҳеҷ дарде даво намешавад.

Ҳаёт мисли осмон асту инсон мисли паранда. Агар ин паранда ҳадаф надошта бошаду натавонад ба самти дилхоҳаш парвоз кунад ва ба ҷойи мехостааш равад, шояд аз дӯстонаш ҷудо шуда, ба дасти ҳар гуна парандаву чарандаи бадсиришт афтад ва аз зиндагию буду набудаш маҳрум шавад. Пас, ҳар касу ҳар чизро мебояд, ки ҳама вақт ҳадаф дошта бошад, чун зиндагӣ бе ҳадафу мақсад маъное  надорад.

Инсонҳо дар зиндагӣ ба бисёр чизҳо фикр мекунанд ва мехоҳанд ба онҳо бирасанд, чун одамӣ бо орзу зинда аст. Бисёре аз шахсоне ҳасанд, ки мекӯшанд, то илм омӯзанду соҳибмаълумот шаванд, аммо чун дар зиндагиашон ҳадаф надоранд, ба муроду мақсадашон намерасанд ва дилшикаставу озурда шуда, ба корҳое даст мезананд, ки ин лаёқаташон нест. Аммо боз метавон бо инсонҳое рӯ ба рӯ шуд, ки ҳеҷ вақт кӯшиш накардаанд илм омӯзанду соҳибмаълумот шаванд, аммо чун дар зиндагиашон ҳадаф гузоштаанд, то ба ҳадафҳояшон бирасанд ва ҳама вақт кӯшиш мекунанд ба орзуяҳошон бирасанд, хушбахтанд.

Мақсад аз ҳадаф гузоштан дар зиндагӣ ин аст, ки ба умеду орзуҳои худ бирасӣ ва ҳама вақт муваффақ бошӣ. Асли зиндагӣ саҳнаи набарду мубориза аст. Ҳар кас дар саҳнаи набард ҳадаф дошта бошад, ғолиб шуда, соҳиби ҳама чиз мегардад. Дар дунё бояд мисли бозингар бошӣ, на мисли довар, зеро аввалӣ дунболи ҳадафҳост ва дуввумӣ бошад, дунболи хатоҳо. Зиндагӣ ду паҳлу дорад ва ҳадаф аст, ки инсонро ба болоҳо бурда, ба мақсадаш мерасонад, дигарӣ бошад, беҳадафӣ, ки инсонро мешиканад ва ба нобудӣ мерасонад…

Хулоса, умр барои инсон як бор муяссар мегардад. Инсон бояд ҳамеша дар зиндагӣ саъю кӯшиш кунад, то соҳибақлу соҳибхирад ба воя бирасад. Соҳибақл бояд илм омӯзаду пешаи дуруст интихоб кунад ва кӯшиш намояд, то ҳама вақт ба ҳадафу мақсадаш бирасад. Мегӯянд, ки азму ҷаҳд одамро аз се вартаи бузург мераҳонад — дармондагӣ, фисқ ва эҳтиёҷ. Агар инсон саъю кӯшиш намояд ва ба ҳадафаш бирасад, пас ӯ ҳамеша ҳама гуна дарду ранҷро низ аз сари худ дур карда метавонад.

Интихоби ҳадафи дурусту манфиатбахш тамоми умр ба инсон хушию сурур, рӯзгори осоишта ва хонаи обод меорад.

ГУЛНОЗ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here