Инсон ҳамеша ба гуфтан маҷбур аст. Ҳамарӯза аз рӯи эҳтиёҷ бо атрофиён бояд ҳарф зад. Имрӯзҳо аксарияти сокинони кишвар бо лаҳҷаи маҳали худ суҳбат мекунанд. Ҳатто дар ин миён аз калимаҳои русӣ низ фаровон истифода мебаранд. Сарҳад гузоштан ҷиҳати бо лаҳҷа ё шева сухан гуфтан хато хоҳад шуд, чунки ба ақидаи забоншиносон, лаҳҷа низ боигарии забон аст, вале…

Борҳо мушоҳида кардаем, ки агар бо атрофиён дар ҷараёни суҳбат бо тарзи адабӣ ҳарф занем, ба гуфторамон механданд ё умуман сарфаҳм намераванд. Ҳатто писханд зада мегӯянд, ки «худта прафессор нагир». Аммо агар аз калимаҳои русӣ истифода кунем «сто протсент» мефаҳманд. Аз ин лиҳоз, барои ақидаи баъзе ҷавонон (ҳатто калонсолон низ) сухан гуфтан бо шевои адабӣ нанговар менамояд. Намехоҳанд, ки «ақибмондаю ангуштнамо» -и атрофиён бошанд.

Масалан, як рӯз дар бозор аз фурӯшандае пурсидам, ки «бародар, нархи чатр чанд сомонӣ аст?». Ба ин тарафу он тарафаш нигариста, бо ҳайронӣ пурсид: «Чатр чиай?». Ба чатрҳои дар шифти мағоза овезон ишора намудам. Ришханд карду гуфт: «А дхта, зонтик гӯ». Рӯзе аз ронандаи нақлиёти мусофирбари Регар-Душанбе хоҳиш кардам, ки нақлиётро поёнтар аз истгоҳи назди чароғак боздорад. Гуфт, ки «хоҳарҷон, тоҷикӣ гап зан».

Агар муносибати мо бо забони адабӣ чунин идома ёбад, эҳтимоли он аст, ки забони адабии тоҷикиро зери хатар гузошта, дар арафаи нобудӣ қарор диҳем.

Рӯзноманигор Ҳусайн Маҳмудов, ки тӯли як сол боз дар Русия пайи таҳсил қарор дорад, роҷеъ ба ин масъала изҳори норизоӣ карда, мегӯяд: «Чанд рӯзе, ки дар Душанбеям, мувоҷеҳи мазоқу масхараи бархе сокинони пойтахтам. Ин ҷо агар бо меъёри адабӣ ҳарф бизанӣ, айбат мекунанд. Ҳатто баъзе кормандони идорӣ низ бо тааҷҷуб нигоҳ мекунанд. Ҳазор як пурсише дар мавриди аслу миллатат мекунанд. Мепурсанд, ки «лелнабодиӣ?», «афғонӣ?» ва ғайра. Забони адабӣ кай барои мардуми мо меъёр мешавад, ман ҳайронам».

Адабиётшиноси маъруф Абдуқодир Рустам дар саҳифаи фейсбукиаш менависад: «… Оё намешавад ба ронандагоне, ки мусофиркашонӣ мекунанд, дарси одоб ва забону фарҳанги нутқ омӯзонида шавад? Васоили нақлияи мусофирбарӣ ҳоло ба манбаъ ва маъхазҳои олуда ва хароб кардани забони мо бадал шудааст».

Ҳамчунин, шоири шинохтаи тоҷик Рустам Ваҳҳобзода ба гуфтаҳои Абдуқодир Рустам чунин шарҳ навиштааст: «Нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ худ фазои хеле муносибе барои таблиғи забони дурусту саҳеҳ ва муоширати солим мебошад. Бояд нафарони босавод ва хушмуоширатеро дар ин нақлиёт бо таъмини садоафзорҳо ҷой дод, ки махсус бо лаҳни муносибу гӯшрасу дилнишин суҳбат кунанд: ба зарурат эълом пахш кунанд, аз истгоҳҳо ба тафсил хабар бидиҳанд, мусофиронро даъват ба рафтори муносиб намоянд…».

Ба андешаи инҷониб, яке аз роҳҳои ҳал намудани ин мавзӯи доғ дар тамоми идораҳои давлативу хусусӣ ба роҳ мондани мукотибаи адабӣ мебошад, чунки дар ҳамаи коргоҳҳо бо лаҳҷа ё забони ғайридавлатӣ ҳарф мезананд (ҳатто дар Кумитаи забон ва истилоҳот низ). Пас, бояд гуфтору рафторро як кард: ТОҶИКӢ!

 Нодира ХАНҶАРОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here