Муаллимам. Муаллими фанни физика ва фалсафа. Агар устод ба толибилме савол бидиҳад, ки об дар чанд дараҷа меҷӯшад? Толибилм ҷавоб диҳад, ки об дар 100 дараҷа меҷӯшад. Дар ин ҳолат ҳам ба устод, ҳам ба толибилм баҳои “1” мегузорам.

Агар устод савол диҳад, ки об дар чанд дараҷа меҷӯшад? Толибилм ҷавоб диҳад, ки оби муқаррарӣ (Н2О), на обҳои шӯру вазнин (D2O) ё (Т2О) … дар шароити нормалӣ (760 мм сут.сим) дар 100О С меҷӯшад. Дар ин ҳолат ба устод баҳои “1” ва ба толибилм баҳои “5” мегузорам. Дар ҳолати баракс ба устод баҳои “5” ва ба толибилм баҳои “1” мегузорам. Ҳамин тавр бо назардошти як чизи муҳиму муқаддас саволҳоро дигару дигар карда, гоҳ ба устод, гоҳ ба шогирд баҳоҳои қаноатбахшу ғайриқаноатбахш гузоштан мумкин аст. Он чизи муҳиму муқаддас чист?

 

1. Ҳақиқати ягона ва конкретӣ

Ҳар як илм методи омӯзиши худро дорад. Дар иншоям методҳои омӯзиши дигар илмҳоро мавриди баҳс қарор намедиҳам. Ин мавзӯи дигари банда аст. Аммо гуфтаниям, ки фанне, ки дар борааш сухан меронам диалектика (як қисми фалсафа) аст ва методаш диалектиктӣ. Шояд хонандаи зираки банда пай бурда бошад, ки мақсад аз баргузор кардани саволу ҷавоби боло “Мӯйро аз хамир ҷудо кардан” аст. Яъне, аз ботил ҷудо кардани ҳақро.

Дар омӯзиши дилхоҳ фан ба саволҳо бо таври “ҳа” ё “не” ҷавоб гуфтан ғайриилмӣ, метафизикӣ аст, ки моро хоҳу нохоҳ ба сӯи агностисизм мебарад. Роҳи дурусти омӯзиши оламу одамро фанни диалектика бо методи диалектикиаш меомӯзад.

Диалектика (як узви фалсафа) фаннест, ки қонунҳои умумитарини тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккурро бо методи диалектикӣ меомӯзад. Методи диалектикӣ бархилофи методи метафизикӣ методест, ки ба саволҳо бо тариқӣ “ҳа” ё “не” гуфтан не, балки бо назардошти мавқеъ, шароит, гузоштани шартҳо, хусусан бо гузоштани шарти машҳури “агар” ба саволҳо ба “ҳа” ё “не” ҷавоб дода мешавад. Ин ҷавобро ҳақиқати конкретӣ ва ягона мегӯянд. Ин тарзи саволгузорӣ ва ҷавобёбиро методи диалектикӣ мегӯянд, ки аз конкретӣ ва ягона будани ҳақиқат шаҳодат медиҳад.

 

2. Чернишевский ва ҷавҳари диалектика

Дар ташаккул ва инкишофи фалсафаи то марксистӣ хизмати демократҳои револютсионии рус В.Г. Белинский (1911-1848), А.И. Гертсен (1812-1870), Н.А. Добролюбов (1836-1861), Н.Г. Чернишевский (1828-1888) хеле бузург, фарқкунанда ва афзалиятнок аст. Хусусан ақидаҳои фалсафии Н.Г. Чернишевский аз дигарон дида чунон пешрафта ва фарқкунанда аст, ки донишманди бузурги диалектика, мантиқ ва гносеология (назарияи дониш) – В.И. Ленин ӯро гоҳ дар ақиб ва гоҳ дар паҳлӯи Ф. Энгелс мегузошт. Яке аз хизматҳои шоёнаш оид ба фаҳмиши диалектикии конкретӣ ва ягона будани ҳақиқат аст. Н.Г. Чернишевский ягона ва конкретӣ будани ҳақиқатро чунин баён мекунад: Агар маро пурсанд, ки борон фоида дорад ё зарар? Ман мегӯям, ки ин савол аблаҳона аст, чунки ба ин савол ҷавоб “ҳа” ё “не” гуфтан ҷавоби метафизикӣ, ғайридеалектикист, ки моро ба сӯи агностисизм мебарад. Барои ба ин савол бо тарзи илмӣ (диалектикӣ) ҷавоб додан шароит ва вақт, ҳолати зарурӣ ва дигарҳоро ба инобат гирифтан лозим. Бигирем барои онҳое, ки ғалла ҷамъоварӣ мекунанд, коҳ ғарам мекунад, бом мепӯшонад … борон зарар дорад. Барои онҳое, ки кишту корро ба охир расониданд, нешзадани донро интизоранд, сабзиши алафи чорво, об додани дарахтон зарур аст, дар ин ҳолат барон фоида дорад. Ҷавоби дуруст, конкретӣ ва ягона мешавад. Ҳақиқат ягона ва конкретист.

 

3. Абуҳанифа ва ҷавҳари диалектикӣ

Донандаи дин, илми дин ва илм – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (699-767) ҳамаи илмҳои замони худро бо хубӣ аз бар карда буд. Вале аз ҳамаи илмҳо дида, илми фикҳ (илми масъала)-ро афзалтар меҳисобид ва ҳалқа ташкил карда аз он ба толибилмонаш бо тарзи саволу ҷавоб дарс мегуфт. Рӯзе дар ҳалқа саволе ба миён омад, ки касе аз шогирдон ба он савол ҷавоби воқеӣ гуфта натавонистанд. Ҳатто Абӯюсуф, ки донотарин шогирди Имом буд, мағрур ба донишаш шуда, ҳалқаи алоҳида ташкил карда буд, ба он савол ҷавоб ёфта натавонист.

Он савол чунин буд: Фақире ба косиби ранггаре ҷома мебарад, то косиб ҷомаро ранг кунад. Ранггар ҷомаро мегирад ва мегӯяд, ки баъди як ҳафта омада ҷомаатро бар. Фақир баъди як ҳафта ба суроғи ҷомааш меравад. Ранггар аз гирифтани ҷома мункир мешавад. Фақир ноумед ба хонааш бар мегардад. Ранггар баъди як ҳафтаи дигар ба фақир таъин мекунад, ки омада ҷомаи рангшудаашро барад.

Саволи матраҳ ин аст, ки фақир ба косиб барои ранг кардани ҷома музди рангкунӣ бидиҳад ё не?

Ҳамаи шогирдон, ҳато Абӯюсуф ҳам ба ин савол ҷавобҳои ғайриилмӣ (метафизикӣ) – “ҳа” ё “не” гуфтанд. Ба қавле Имом Абуҳанифа табассуме карду ба савол чунин ҷавоб гуфт:

Агар косиб баъди мункиршавии гирифтани ҷома ҷомаро ранг карда бошад, дар ин ҳолат фақир бояд ба косиб ҳақ надиҳад, чунки ӯ ҷомаро барои худаш ранг кардааст. Агар косиб ҷомаро баъди пушаймон шуданаш ранг карда бошад, дар ин ҳолат ҷомадор бояд ба косиб ҳақ диҳад, чунки косиб ҷомаро барои соҳибаш ранг кардааст.

Фиқҳи Имом Абуҳанифа саршори ана ҳамин хел масъалагузориҳову масъалаҳалкуниҳост.

 

4. Хулоса

Хулоса, ҳар кас чӣ ақидае дорад, ақидаашро гуфтан гирад. ба ақидаи банда фиқҳи Абуҳанифа диалектикаи ҳаёт бо методи диалектикӣ – ҷавҳари диалектика аст.

Хонандаи азиз, ба як чиз диққат диҳед. Чизе, ки дар асри XIX сотсиал демократи рус Н.Г. Чернишевский гуфтааст, онро Имом Абуҳанифа Нуъмон дар асри VIII гуфтааст. Акнун хонандаи азиз худ қазоват кунед, ки кашшофи ҷавҳари диалектика кист?

Бо ин гуфтаҳоям хизмати шоёни сотсиалистони демократи русро дар ташаккули тафаккури фалсафа паст задани нестам. Як кашфиётро бехабар аз якдигар метавонад садҳо кас кунад, лекин ҳар кас бо мурури замон мавқеи худро дорад.

Ҳоҷӣ Нуриддини ХАЙРИДДИН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here