Дар пеш маросими ҳаҷ аст, — яке аз шартҳои асосии мусулмон будан дар ҳолати имкон доштан. Албатта, имсол ҳам мисли солҳои пешин одамони зиёд нияти зиёрати Хонаи Худоро доранд ва иншоАллоҳ ба ин нияташон мерасанд.

«Ҳаҷкунию ҳоҷишавӣ танҳо иҷрои яке аз шартҳои мусулмон будан аст ва ё боз ягон хел уҳдадорию масъулият ҳам дорад?» Бо ҳамин савол муроҷиат намудам ба чандин нафароне, ки Худованд сазовори ҳоҷигиашон гардондааст. Аз ҳамаи пурсидашудагон ҷавоб ва пешниҳоду масъалагузориҳои сокини деҳаи Қаҳрамон, ҷамоати ба номи М. Турсунзодаи шаҳри Ҳисор ҳоҷӣ Ҳамзахон Юсуфов писандам афтод. Маълум, ки Офаридгор ӯро дар баробари хоксору фурӯтан, хушмуомила, фарҳангию адабиётпарвар, таърихдӯст, саховатпеша, соҳибобрӯю соҳибэътибор гардондан ва имконоту қудрати бо завҷааш Сафармоҳ ба зиёрати Каъба рафтан, боз фаҳму идрок ва дониши фарох, қобилияти андешаронию андаке пешбинӣ карданро ҳам додааст. Таассуроти ӯ аз зиёрати Каъба арзандаи донистан аст. Аммо ман дар ин матлаб танҳо фишурдаи чанд мушоҳидаю пешниҳодоти ӯро меорам, ки минбаъд барои зиёраткунандагону ташкилкунандагони ҳаҷ ибрат бошад.

 

— Бо чанд нафаре, ки аз зиёраткунандагони кишварҳои дигар ҳамсуҳбат шуда бошам, ҳама васфи Тоҷикистони азиз ва Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмонро карданд. Эшон нисбати халқу Ватани мо самимият ва эҳтироми зиёд доштанд, ки аз донистану фаҳмидани ин чиз бисёр ифтихорманд мешудам. Аммо, мутаассифона аз ҳунару дониш ва малакаи забондонии роҳбаладони тоҷик ифтихор карда наметавонистам. Таассуфовар буд, ки онҳо на забони арабиро медонистанду на англисиро. Ин иллат, чи барои худашон ва чи барои мо мушкилоти зиёд эҷод мекард. Вақти он расида, ки роҳбаладонро аз рӯйи сифатҳои забондонӣ ва муоширати хуб доштанашон дар асосҳои озмунӣ қабул намоянд. Яке аз ченакҳои камтарин, аммо асосӣ барои қабули довталабон бояд донистани Тоҷикистону таърихи он, урфу одатҳои тоҷикӣ ва табиату манзараҳои кишвар бошад. Ин барои муаррифии Ватанамон (ақаллан дар омади гап) бисёр муҳим мебошад. Агар роҳбалад забондону донишманд бошад, шеваи равону лаҳни хуш дошта бошад, ҳатто дар мавриди ҳаҷ ҳам Ватани худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда метавонад. Ин чиз, алалхусус, дар замоне, ки роҳбарияти мамлакат барои чун кишвари сайёҳӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳама ҷиҳата ҷаҳду талош меварзад, бисёр зарур мебошад. Мо бояд дар ин масъала аз имконияти роҳбаладон ва ҳатто худи зиёраткунандагоне, ки қобилияти муаррифӣ кардани кишварро доранд, истифода барем. Зеро ин ҳам имконият ва захираи хубест барои ба ҷаҳониён шиносонидани кишвари азизамон.

Камбудии дигаре, ки ба мушоҳида расид ин каммасъулиятӣ ва дағалмуомилагии баъзе аз роҳбаладони тоҷик нисбати сомеонашон буд. Онҳо ба хоҳишу дархости эшон эътибори ҷиддӣ намедоданд. Ин кирдор махсусан барои зиёраткунандагони солманд, ки аксарият буданд, мушкилӣ эҷод мекард.

Боз як камбудӣ: Дар сурате, ки ҳузуру ҳаловати зоҳидини давлатҳои соир аз шароити хоб ва хӯроки хеш бисёр баланд буд, аз тоҷиконро ақаллан миёна ҳам гуфта намешуд. Ин дар ҳоле буд, ки тоҷикон нисбат ба ҳамтоёнашон аз дигар давлатҳо маблағи бештар супорида буданд. Аз ин сабаб тоҷикон норозигии бештар мекарданд. Аммо роҳбаладон бо маънои аслии ибора худро ба карӣ мезаданд.

 

Рафтору кирдори худи зиёраткунандагон

Боиси таассуф аст, ки аксар зиёраткунандагони Хонаи Худо аз Тоҷикистон зоҳид (парҳезкор) набуданд. Онҳо берун аз маънии ин мафҳум кору рафтор мекарданд. Зоҳид бояд бо сабру таҳаммул бошад, зиёрат ва тоату ибодатро мақсади асосии хеш қарор диҳад. Аммо ҳоҷиёни мо баҳри ягон чизи хеле камарзиш ҳам доду фарёд мекарданд. Дар кӯчаҳо бо овози баланд гап зада диққати мардумро ба худ мекашиданд, ки бисёр нозеб буд. Алалхусус, баландгӯию додзаниҳояшон ҳангоми гирифтани маводи хӯрокворӣ, об ё ягон матои ройгон бештар мушоҳида мешуд. Дар ин гуна ҳолатҳо онҳо ба куҷо омадану чаро омадани худро фаромӯш мекарданд, нангу номус ва шарму ҳаё гуфтани суханон ба ёдашон намерасид.

Шахсе, ки нияти ҳаҷ намудан мекунад, пеш аз озими сафар шудан бояд ба худ савол диҳад, ки мурод аз ҳаҷ карданаш чист? Бо ин амал ӯ ба чӣ ноил шудан мехоҳад? Шахси нияти ҳаҷ дошта, бояд фоидаи молиро фаромӯш кунад. Ҳамеша дар андешаи он бошад, ки чӣ тавр аз имконоти фароҳамовардаи Худованд бештар фодаи маънавӣ бардорад? Чӣ тавр кунад, ки бо истифода аз имконоти ҳаҷ ба Офаридгори худ наздиктар шавад? Дар акси ҳол ӯ ҳоҷии ҳақиқӣ нест. Барои ном рафтааст ё «ҳоҷӣ бизнес» аст.

Манзараи зер ҳеҷ аз ёдам намеравад: Тоҷикзане, ки дар ҳамсоягии мо мезист, ба назди фолбин рафта, худро фол кушод. Худоё! Ин тоҷикзан ба куҷо омадани худро магар фаромӯш карда буд?! Магар дар шаҳре, ки Хонаи Худованд он ҷост будани худро намедонист? Чаро ӯ мустаҷобшавии муродашро дар Хонаи Худо аз худи Худо хоҳиш накарда, умед ба фолбин баст? Магар бефаросатӣ аз ин зиёд мешавад? Агар эътиқодаш ба Худою Хонаи Ӯ набуд, пас ба чӣ хотир маблағҳои зиёд харҷ карда, рисқу рӯзии аҳли хонадонашро кам намуда, ба зиёрати Каъба омад ва ҷойи дигареро, ки шояд эҳтиёҷи бештар дошт банд кард?

Аз бероҳбарӣ, бесаранҷомӣ, бетанзимии ҳоҷиёни тоҷик аҷабам меомад. Худ шоҳидам, ки зиёрати ҳоҷиёни Индонезия, Покистон, Туркия, Эрон, Ӯзбакистон сарҷамъона сурат мегирифт. Онҳо таҳти роҳбарии саркалонашон сарҷамъона маслиҳату машварат мекарданд, барои Ватанашон, халқашон ва рафъи мушкилоти ҷомеаашон дуо менамуданд. Аммо ҳоҷиёни мо гӯё, ки саркалон надоштанд. Ҳар яке сари худ буд. Дар беҳтарин ҳолат ду-се нафарӣ шуда, чақ-чақи одию муқаррарӣ мекарданд. Мавзӯи яке аз «баҳсҳояшон»-ро ёд дорам, ки бас «зарурӣ» буд ва маҳз дар Каъба бояд ҳал мешуд. Аз «бузургию беҳамто» буданаш онро дар ҷойҳои дигар матраҳ кардан имкон надошт. Яъне, ки масъалаи хондан ё нахондани намози қаср дар мавриди ҳаҷ. Магар ғалат кардам? Магар ин масъала майда-чуйда аст? Агар бечораҳо ин гуна масъаларо маҳз дар мавриди ҳаҷ, вақти зиёрати хонаи Худо ва дар Хонаи Худо баҳсу баррасӣ намекарданд, боз кай ва дар куҷо карда метавонистанд?

Зиёрати Хонаи Каъба, ин пеш аз ҳама иҷро намудани яке аз шартҳои мусулмонист, ки дар ҳоли имкону қудрат доштан адо карда мешавад. Лекин он натанҳо фарзу сунатҳо, балки уҳдадорию масъулиятҳо ҳам дорад. Яке аз уҳдадориҳои асосиаш он аст, ки ҳоҷӣ бояд ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки ӯ дар кишвари бегона ва дар назди миллионҳо ҳоҷиёни кишварҳои дигар намоянда ё симои Ватани худ аст. Ӯ бояд донад, ки аз рӯйи гуфтор, рафтору кирдори маҳз вай ҷаҳониён бв Ватанаш, халқаш, миллаташ баҳо медиҳанд. Бояд донад, ки як амали ноҷояш метавонад, ки ба шаъни ҳамаи инҳо, ки муқаддасанд иснод овард. Уҳдадорӣ ё масъулияти дигари шахсӣ ҳоҷӣ, ин таҷдиди амалу кирдорҳояш баъд аз баргаштан аз ҳаҷ мебошад. Шахсе, ки нияти ҳаҷ мекунад, бояд пешакӣ биандешад: Оё қобил ҳаст, ки ҳамаи он уҳдадориҳоро ба иҷро расонад? Оё метавонад, ки баъди аз ҳаҷ баргаштан бори гарони «ҳоҷӣ буданро» бикашад? Охир ҳоҷӣ будан, пеш аз ҳама парҳезгор ва поку беолоиш будан аст. Дар роҳи Ҳақ хизмати самимӣ ва таҳидилӣ кардану хешро аз шар дур доштан аст. Лекин, таассуф, ки баъзе аз ҳоҷиёни мо баъди аз ҳаҷ баргаштан худро дар осмони ҳафтум тасаввур мекунанд, ноандешида аз он, ки оё Худованд зиёраташонро қабул намудааст ё на? Ин гуна ҳаҷкардагон ба такаббур роҳ медиҳанд, калонгарию худнамоӣ мекунанд ва даъвои бологузарию болонишинӣ менамоянд. Агар нафаре байни се-чор кас аввал бо онҳо салом накунад ва ё фавқулода саломашон надиҳад, зуд эрод мегиранд, ӯро маломат, коҳишу сарзаниш менамоянд, бо пичинг ё рӯйи рост суханони сард мегӯянд. Ба пиндори ман ин гуна рафторҳо ба шахси ҳоҷӣ намезебад ва мутлақо нодуруст мебошад. Ба ҷуз ин, кайҳо исбот шуда, ки бархе аз ҳоҷиён ба корҳои ношоям, мисли майхӯрӣ, нашъаю чилимкашӣ, бонгзанӣ, қиморбозӣ, дуздӣ, зинокорӣ ва ба инҳо монанд амалҳои нангин даст зада, ба ному шаъни ҳоҷиёни воқеан зоҳид иснод овардаанду меоранд.

Шахси ҳаҷкарда бояд фурӯтану ботамкин бошад, сабру таҳаммулро пеша кунад ва дар мулоимгуфторию хушбаёнӣ намунаи ибрат шавад. Пок бошад. Ба ғайбату суханбозиҳо рағбат накунад. Бо донишу фазлу фаҳми худ аз дигарон фарқ намояд. Бештар дар андешаи ободӣ, тинҷию осоиштагии кишвар бошад ва дуои тани сиҳату муваффақ будани Пешвои миллатро кунад, ки маҳз муваффақии Ӯ маваффақии Тоҷикистон аст. Агар чунин фазилатҳоро надорад, саъй кунад, ки ба онҳо доро шавад. Дар акси ҳол мақоли машҳури «Ӯ рафт Макка — Мадина, омад «Ӯ»-йи қадима» ба вай ҳам рабт пайдо мекунад.

Андеша дорам, ки ҳар як ҳаҷкунандае, ки аз Тоҷикистон ба Маккаю Мадина меравад, бояд аз ин ду Хонаи Худо истода, пеш аз ҳама дуои тинҷию осоиштагии Ватани азиз ва ободию сарсабзӣ, хуррамию шукуфоии онро кунад, баъд аз зану фарзандону хонаю дари худро. Зеро тинҷию осоиштагӣ ва хуррамию сарзабзии хонааш ва зану фарзандонаш ба ободу тинҷу осоиштагии Тоҷикистон вобаста аст. Зеро ҳеҷ як хонаю дар ва ҳеҷ як кас бе тинҷию осоиштагии Тоҷикистон орому осуда буда наметавонад. Камина бо дарки ҳамин чиз дар Маккаю Мадина айнан ҳамин тавр кардам. Пас аз ин ҳам ҳамеша ва махсусан дар намозгузориам ҳамин тавр мекунам аз дигарон низ хоҳиш дорам ин корро бикунанд. Сар-сарӣ не, аз қалб ва бо дарку эҳсос.

 

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here