Масъалаи нақлиёт мушкили №1-и ҳалнашудаи пойтахт дар даҳсолаи охир боқӣ мондааст. Барои мисол, ҳамагӣ 46 дақиқае, ки дар хатсайри №54 пушти сар кардем…

Соат 16:57. Истгоҳи назди “Ҷазира”. Дар истгоҳ донишҷӯён танба шудаанд, ҳама мунтазири “манзилбаракашон”. Якбора 3-то №54 қатор шуда истодааст, аммо ҳеҷ кадоми онҳо ҷойи холӣ надоштанд. Банохост аз қафои онҳо боз якто №54 пайдо шуд, ҳама тапар-тапар давиданд. Мо ҳам зӯр задем, ки ҷо шавему поямонро ба зинаи даромадгоҳ мондем, аммо дарунтар даромадан ҳеҷ имкон нашуд-дия! Пулчинак ҳам баромада натавонист. Наход кондуктор беҷо монад!? Гӯиё пахтаро даруни халта зер карда истода бошад, моро тела дода, гуфт: “Ай даҳани дар қафо равен!”. Бо азобе дарро пӯшид ва дар ҳавои он мо як такон хӯрда, ба одами дар пеш рост истодагӣ рафта задем. “Канӣ сумоша дароз кнен”,- ғурунгид пулчинак.

Соат 17:07. Истгоҳи “Автовокзал”. “Биё, астановкаи Авктовакзал, 15 кас бфро, биё, биё”,- хандида гуфт пулчинак. Бе “перегрузит” наметонен,- луқма партофт як ҷавон,- агар аз ҳар истгоҳ одам нагиред, намешавад а? “Эҳа, инҳо ҳам кор карданашон даркор, бе лой хишт монда мешавад?”,- бо мақоли аҷиб фикрашро ба пулчинак расонид ҷавони дигар. Сари кондуктор гаранг шуд. Аз 5 сомонӣ ба кӣ бақия доданашро фаромӯш карду “ба қафо дароз кунед” гуфт. Аз қафо низ касе талабгори бақия набаромад. “Соҳибаш набудааст, бигир дар кисаат зан”,- ба нигоҳи пулчинак эътибор надода, ҷавоне сӯйи ҳамроҳаш чашмак зад. “Ҳеҳ, мебихшӣ да, ин ҷа биёр”,- даст дароз кард пулчинак.

Соат 17:25. Истгоҳи “Гардиши 46-ум”. 10-12 нафар донишҷӯён фаромаданду ҳавои “салон” як қадар тоза шуд. Бечора бархе қадбаландҳояшон ним соат хам меистоданд, гӯё ба касе таъзим медода бошанд. Ногоҳ пеши роҳи моро №54-и дигар гирифт. Ана акнун пойга сар шуд. Хар аз харигарӣ монад, гӯшашро бур! Ҳеҷ кадоме намехост аз қафои якдигар равад. Ронанда фармонро чунон тоб медод, ки саворагони ӯ ҳам баробари чанбарак мекалавиданд. Дар истгоҳи дигарӣ пулчинак аррос мезад: “Биё, апа, тез кн!”. Духтарак бо вуҷуди серодам будан, савор шуду базӯр аз пеши дар худашро ба дарун тиққонд. Аз қафояш боз як бачаро кондуктор ҷеғ мезад. Духтарак ба шӯр омаду шикваомез овоз сар дод: “Эҳ, ака, илтимос!!!”. Нидои духтарак ба кондуктори гурусначашм огоҳӣ медод, ки сарҳади шарму ҳаёро убур накунад. Ронанда фақат як таъкид дошт; “Ай даҳани дар қафо гузарен!”. Ӯ мехост ҳарчи зиёдтар одам бор кунад.

Соат 17:34. Бозори “Саховат”. Як ҷойи нишаст холӣ буду халос, лекин дар курсии дигарӣ як бача менишаст. Духтараке рост меистод. Қариб ҳама нишастагон ҷавонҳо буданд, аммо ҳеҷ кадоме нахост ба духтарак лутф кунад. Гӯё бо телефонҳояшон банд буданду аз рост истодани духтарак бехабар мондаанд. Бачае, ки дар паҳлуяш ҷойи холӣ буд, тарафи духтарак изи дандон нишон медод, сар то пойи ӯро “анализ” мекард, ё мутеи нафсоният мешуд, ки хунук — хунук ба духтар назар меандохт. Кондуктор ҳам гӯё духтракро мазоҳ карданӣ шуда, гуфт, ки он ҷо шинад. “Ман намешинам”,- гуфта, ҷавоби сареъ дод духтарак. “Агар нашинӣ, ақиб гузар, пеши дар наист, ё фаро!”,- тундӣ кард ронанда.

Соат 17: 43. Наздикии хобгоҳи донишҷӯён. Сокинони хобгоҳ фаромаданд. Он духтарак ҳам бо чеҳраи пажмурда барқосо фаромада рафт.

Ронандаҳо сабаби сари вақт наомаданашон ва якбора бисёр одам гирифтанашонро ба дарозии хати гардиш, ки 18 км аст, рабт медиҳанд. Ба гуфтаи насли калонсол, замоне автобуси №18 серодам буд. Автобусе, ки аз ҳама зиёд дуздӣ мешуд, автобусе, ки бо латифаву мазҳакаю фоҷиаҳояш маъруф буд. Имрӯз низ метавон чун синоними он автобус хастсайри №54-ро шиносем, ки дар он ҳам ҳодисаву одатҳои аҷиб рух доданаш мумкин аст.

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here