Санаи 14-уми феврал тамоми ошиқони рӯи дунё рӯзи Валентини муқаддас — «Рӯзи ошиқон»-ро ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз аксар ҷавонони нимааврупоӣ ба ҳамдигар изҳори муҳаббат мекунанд, туҳфаҳо ҳадя менамоянд ва баъзеҳо онро ҷашн мегиранд.
«Рӯзи Валентин» гӯё ҳаждаҳ аср пеш дар Рими қадим ба вуҷуд омадааст. Он вақтҳо ин ҷашн Lupercalia ном доштааст. Ҳар сол дар ҳамин рӯз одамони зиёде дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр ё деҳаашон ҷамъ омада, ба ҳамдигар роз мегуфтаанд. Баъд аз ҷашн дилдодагон ба орзуи худ мерасидаанд, яъне оила барпо мекардаанд.
Шарҳи таърихи пайдоиши «Рӯзи ошиқон», ки ба номи Валентини муқаддас ёд мешавад, гуногун аст. Баъзеҳо аз асри чор дар Рим ёдовар мешаванду баъзеи дигар онро ба асрҳои минбаъда мутааллиқ медонанд. Таърихнигори англис Сэмюэл Пепис дар асри 17 дар бораи ҷашни мазкур ёдовар шуда, гуфтааст, ки «рӯзи Валентини муқаддас дар кулли мамлакатҳои христианитабор ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ошиқон ба ҳамдигар изҳори муҳаббат намуда, сувенир: дастпӯшакҳо, ангуштарӣ ва қанду қандалоту шириниҳо, ки сурати дил дошта бошанд, тақдим мекунанд».
Тасмим гирифтем, ки дар «Рӯзи ошиқон» бо суоли «Рӯзи ошиқонро чи гуна ҷашн мегиред ва ба ҳамсар (дӯстдошта)-атон чӣ туҳфа карданӣ ҳастед?» ба чанд нафар аз журналистон муроҷиат намоем. Фишурдаи суҳбатро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.

Хуршед АТОВУЛЛО:
— 14-уми феврали соли 1990 хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз хуни 21 навҷавон рангин шуда буд ва таҷлили ин ҷашнро кори нафароне медонам, ки аз таърихи рӯзи Валентин ва таърихи Ватани хеш бехабаранд. Валентин касе буд, ки никоҳи пинҳонӣ мекард, ҳамон тавре, ки имрӯз мансабдорону сарватмандони мо зани дуюму сеюму чорум мегиранд. Аз ин шахс чеҳра сохтан кори аблаҳон аст.
— Шумо худатон зани дуюм надоред?
— Хушшеее! Сарриштаи якеаш намераваму…
Ду не, ман шаш зан доштам, ҳозир ҳафто: «Самак», «Ману Ту», сайти тоҷикӣ, сайти русӣ, «Фараж», «Суғд-нюс» ва занам!

Абдувоҳиди ЗЕВАР:
— Ин ҷашн ба мо бегона аст. Аммо ҳамчун ҷашни бародарони насоро эҳтиром мегузорам. Боре ҳам таҷлил накардаам. Таърихашро ҳам медонам. Ҷашни қадимист. Ҳанӯз дар Рими қадим асос гузошта шудааст. Барои ҷомеаи мо низ чунин ҷашне лозим аст, ки ба ормонҳо ва расму русуми миллии мо ҷавобгӯ бошад.
— Агар Шумо ҷашн нагирифта бошед, пас чаро дар эҷодиётатон ишқ ҷои аввалро мегирад?
— Дар зиндагӣ ошиқ набудан маънои зинда набуданро дорад. Ман ҳар рӯз сад маротиба ошиқ мешавам. Ошиқи зебоӣ, фаросат, нафосат, назокат, ошиқи кулли офаридаҳои зебои Худованд.

Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА:
— Ман маъшуқа надорам ва аз ин хотир гулҳои зеботарини рӯи дунёро мехоҳам барои ошиқони лайливу маҷнунӣ, ки даста — даставу тора — тора ҳастанд, ҳадя кунам, ки номаш бахт аст, то хушбахти ҷаҳон бошанду ҳар рӯз дар рӯзгорашон бӯи муаттари ин гулҳо бошаду чаҳ — чаҳи андалебон аз хоби ноз бедорашон намояд, то дар ғафлат намонанд.
— Янгем чӣ?
— Барои янгетонам беҳтарин туҳфа гул аст.

Хусрав ШОҲСАИДОВ:
— Ҳаҳаҳа, саволи аҷиб! Аз он ки маъшуқа надорам, ба ҳеҷ кас ҳеҷ чиз туҳфа намекунам. Агар медоштам, албатта чизе туҳфа мекардам. Ман, дӯстам, дигар он қадар завқу ҳаваси ошиқӣ ҳам надорам. Ҳавасҳо мурдаанд дигар…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА:
— Зани ман дар бораи ин рӯз танҳо аз ТВ медонад. Замони ошиқии мо кайҳо гузаштагӣ. Бо мурури солҳо танҳо эҳтироми байниҳамдигарӣ (ин ҳам як навъ ишқ аст) мемонад. Ман ба занам танҳо дар рӯзи 8-уми март ва рӯзи мавлудаш туҳфа медиҳам. Так что, не дождётесь!
— Ба маъшуқаатон чӣ?
— Кӣ гуфт, ки ман маъшуқа дорам? Шумо ин гапро аз ман шунидед? Маъшуқаҳо марди пулдору ҷавонро мекобанд. Мо ҳам пирему ҳам бепул, Бибиҷон!
— Ман бовар надорам, ки Шумо маъшуқа надошта бошед. Худатон гуфтед, ки замони ошиқиатон бо занатон гузашта. Пас, аз бе ошиқӣ зиндагӣ кардан дилгир намешавед?
— Боз гапҳои байни ҳардуямонро чоп накунӣ? Ин сирҳоро на тариқи агент, балки рӯ ба рӯ мепурсанд.

Фарангиси МУЗАФФАР:
— Ҳаҳаҳа. Ошиқ нестам ва ба касе туҳфа ҳам омода накардаам ва ҳатто аз касе интизори туҳфа ҳам нестам. Дар ин рӯз мисли дигар рӯзҳо кор мекунам. Мехостам дар ин рӯз ошиқонро табрик гӯям, аммо ошиқи асил ҳам намондааст. Ба ҳар ҳол, «ошиқони забонӣ»-ро табрик мегӯям.

Алишер ЗАРИФӢ:
— Рӯзи ошиқон ё Valentine Day ягон ҷашни хосе нест барои ман ва ин санаро ба ростӣ ҷашн ҳам намегирам. Чун, агар ба таърихи Valentine Day назар афканем, он ҳеҷ пайванде бо фарҳанги мо надорад. Аммо гуфтанӣ ҳам нестам, ки аз таҷлили он бояд ҷилавгирӣ шавад. Онҳое, ки мехоҳанд, бигузор ҷашн гиранд ва фикр мекунам, бар асоси қонунгузории кишвар низ ҷашни Valentine Day мамнуъ нашудааст. Фақат ҳаминро таъкид карданиам, ки мо ҳарчи бештар ба идҳову ҷашнҳое, ки ба фарҳангу суннати мо тоҷикон рабт доранд, таваҷҷуҳ ва онҳоро бештар тарғиб намоем, беҳтар аст.

Майсара ҚУРБОНОВА:
— О, азизам, ман каме барвақттар ба дунё омадаам ва ба ин савол ҷавоб дода наметавонам, чун синну солам кайҳо аз ин давра гузаштааст.
— Ишқ пирӣ надорад… Ақаллан фикратонро дар бораи ҳамин рӯз иброз мекардед?
— Фикрам ин аст, ки мо мехоҳем ё намехоҳем, ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон аллакай ин рӯзро ҳамчун рӯзи ошиқон қабул кардаву ҷашн мегиранд. Ҳарчанд муқобилони он ҳам кам нестанд. Ин кори баде нест, бигузор ошиқон ин рӯзро ҷашн гиранду ҳамдигарро қадрдонӣ намоянд ва туҳфаҳо бахшанд.

Санҷар ҲОШИМӢ:

— Ман ин рӯзро мисли ҳар рӯзи Худо бо шукргузорӣ ва чеҳраи кушод истиқбол мегирам. Ва аслан, барои мани ошиқ ҳар рӯз ид аст ва шукр, ки ҳамеша идҳоямон бо хурсандӣ мегузаранд. Ба завҷаам бошад, фикр мекунам, ҷуз дили пур аз муҳаббату алфози ширин, ки ҳамарӯза ҳадяаш мекунам, туҳфаи гаронтареро ёфтан ғайримумкин аст.

Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛО:
— Ман ин рӯзро аслан ҷашн намегирам. Ҳар рӯз барои ман рӯзи ошиқон аст. Ман худам барои занам туҳфаи беҳтарин ҳастам.

Таҳияи Бибиҷон АШӮРОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here