Имрӯзҳо тариқи истифодаи расонаҳои ахбори ватанӣ нисбати кишт ва парвариши картошкаи “тирамоҳӣ” баромадҳо мешаванд ва барои истеҳсолотчиён истифодаи ин усули кишти картошка тарғибу ташвиқ мегардад. Инчунин, дигар дар баромадҳо ибораи «гирифтани ҳосили барвақтии картошка» низ пеш оварда мешавад. Дар ин бобат мехоҳам нуқтаи назарамро нисбати ин ақидаи асоснокнагаштаи илмӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон баён созам ва хулосаҳоямро нисбати ин мавзуъ бо “қонунҳои асосии зироатчигӣ” ва “омилҳои ҳаёти растаниҳо” алоқаманд менамоям.

Пешакӣ қайд менамоям, ки ҳама сарчашмаҳои илмиро варақ задам, вале навъҳои картошкаи тирамоҳиро пайдо накардам. Дар таҷрибаи истеҳсолиам боре ин кӯшишро дар солҳои собиқ шӯравӣ аз рӯи фармоишҳои “болоӣ” бо ҳамкоронам таҷриба намудам ва натиҷаашро дидам, ки ҳеҷ аст ва хулоса доштам, ки ин технология танҳо барои он хоҷагидороне зарур мешавад, ки онҳо шароити нигоҳдории анбории тухмии картошкаро дар худ надоранд ва таваккалӣ, бе пешбинии хатарҳои зиёди мавсими зимистон дар фасли тирамоҳ тухмиҳои картошкаро зери хок менамоянду халос.

Ҳосили картошкаи дар фасли тирамоҳ шинонидаамонро дар баробари киштаҳои баҳориамон бардоштем, вале бо фарқияти хароҷотҳои фарқкунандаи зиёди истеҳсолӣ ва дараҷаи пасти гирифтани ҳосил.

Дар навбати дигар қайд менамоям, ки масъалаи “истеҳсоли барвақтии ҳосили картошка” — ин худ тамоман чизи дигар аст ва нисбати кишти пешовардаи тирамоҳии картошка алоқамандие надорад ва талаботу хусусиёти илмӣ ва истеҳсолии алоҳидаи худро дорад. Дар ҳақиқат навъҳои тезпази картошка мавҷуданд ва онҳо имконоти хуб медиҳанд, ки ҳосили барвақтии картошка рӯёнем. Дар мавриди дигар боз тариқи истифодаи технологияи илман асоснокгаштаи “сабзонидан”-и тухмиҳои картошка пеш аз кишт вобаста ба навъҳои истифодашаванда дар муҳлатҳои асосии вақт инчунин ҳосили барвақтии картошкаро гирифтан имкон дорад. Лекин дар тавсияҳои имрӯза нисбати кишти тирамоҳии картошка ва гирифтани ҳосили барвақтӣ ин талаботҳои агротехнологӣ ва тавсияҳо шунида намешаванд ва усулҳои безараргардонии тухмиҳои истифодашаванда нисбати касалиҳои занбурӯғӣ, бактериявӣ ва вирусӣ берун аз доираи тавсиякориҳо мемонанд.

Пеш аз он, ки суҳбатамро нисбати ин технологияи ба ақидаи доштаам, номувофиқи парвариши картошка, пеш оварам, мехоҳам мисолеро ба ин монанд аз таҷрибаи илми зироатчигӣ ва окибатҳои он дар торих ёдрас шавам, ки он ба ҳаёти талхи асосгузори илми генетика — академик Н. И. Вавилов ва мухолифи ақидаҳои асосноки илмии генетика дар солҳои аввали бунёди илми генетика ва селексияи ҷаҳонӣ — Трофим Денисович Лысенко алоқаманд мебошад. Аз ин мисоли овардаам фақат бардошти сабақҳоро мехоҳам, ки дастовардҳои асосноки илмии кишоварзиро дар истеҳсолоти доштаамон инкор насозем ва ҷуз ин ҳадафи дигаре надорам ва дар навбати худ нисбати олимони асили соҳаи кишоварзӣ эҳтироми хоса дорам ва кӯшишҳо дорам, ки дар асоси дастурҳои асосноки илмӣ-истеҳсолӣ дар иҷроиши барномаи амнияти озуқавории мамлакат сарбаландона ва бо муваффақиятҳои назаррас ҳамаамон иштирок намоем.

Фарзанди деҳқон Трофим Денисович Лысенко — дар оянда мухолифи ашаддии илми генетика, кӯшишҳои зиёде кард, ки ба «cафи шахсиятҳои забардасти замона» дохил шавад ва барои расидан ба ин мақсадаш аз ҳама роҳҳои беасоси илмӣ истифода бурд ва дар дохили ин муносибатҳои интихобкардааш сӯйистифода аз мавқеи баъзе аз ҳамфикронаш дар системаи роҳбарикунанда ва инчунин дигар ҳамсафон дар илми замонааш буд. Бо мақсади таъмини парвози баланд ва расидан ба мақсадҳои доштааш Т. Д. Лысенко хост, ки устуворияти мавқеъгирии худро аз самти академикӣ ба самти амалдорони замонааш тағйир диҳад ва пайваст созад. Барои анҷоми тезтари ин нақшаи доштааш барои ӯ ҳолати дорои мазмуни “ҳангомавӣ” лозим буд ва фарорасии ин мавридро доимо поида мегашт. Бо пеш омадани баробарии ин ниятҳо дар Украина дар фосилаи ду мавсими сол — 1927-1928 ва 1928-1929 киштаҳои гандуми тирамоҳиро сармо зад ва ҳосили галлавӣ бардошта нашуд. Дар паҳлуи дигар аз ин ноомадиҳои овардаи табиат роҳбарони замонаи Украина баъди ду соли беҳосилии зироатҳои тирамоҳии ғаллавӣ нороҳат ва орзуманд ва мунтазири “муъчизакорие” аз тарафи олимон нисбати овардани тағйирот ва гирифтани ҳосили баланд ва аз рӯи он додани ҳисобот барои Кремлин буданд. Дар моҳи феврали соли 1929 Т. Д. Лысенко ба падараш, ки дар деҳа мезист, “дониста” хабар мерасонад, ки онҳо бояд як миқдори тухмии гандуми тирамоҳиро дар халта зери барф дар муҳлати вақти муайяне монанд ва пасон ин тухмиҳои нешзадаро дар баҳор кишт намоянд. Дар моҳи май падараш ин миқдор тухмиро дар замин кишт карда, ҳосил гирифт ва овоза карданд, ки онҳо аз истифодаи ин тухмии дар зери барф гӯронидашуда ҳосили дучанд ва сечанд гирифтаанд. Ин натиҷаи таъсироти омили техникиро Т. Д. Лысенко барои худ асоси илмӣ сохт ва дар муқобили илми генетика гузошт ва ин “дастоварди илмиро“ тобистони соли 1929 Кумитаи халқӣ ва замини Украина нисбати ҳалли проблемаи ғалла дар назди роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ эълом дошт. Барои ин “муъҷизакориҳояш” ҳамчун мукофот Т. Д. Лысенко ба Институти селексия ва генетикаи Одесса фиристонида шуд ва дар як маврид пайваста аз тарафи Кумитаи халқӣ-замини СССР дастгирӣ меёфт. Дар соли 1935 дар илми замонавӣ Д. Т. Лысенко олим ва шахсияти аз ҳама “обрӯманд” ҳисоб гардид ва дар анҷумани 2-юми колхозчиён-зарбдорон иштирок ва баромад намуд ва аз суханрониҳояш тамоми толор ба ҳаяҷон омада, “браво, Лысенко” мегуфтанд. Баъди ин баромади таърихии Д. Т. Лысенко олими забардаст, академик Н. И. Вавилов аз вазифаи президенти Академияи ВАСХНИЛ (Академияи умумиттифоқии кишоварзии ба номи Ленин) аз кор баромад ва Т. Д. Лысенко узви ин академияи бонуфуз таъин гашт.

Равиш ва оқибати ин муносибатҳои  “ихтирооти ҳангомавӣ“ сабабгор гаштанд ва дар соли 1948 дар ҷаласаи навбатии ВАСХНИЛ тарафдорони Т. Д. Лысенко генетикҳои замонаро аз мавқеашон танг намуда берун сохтанд ва дар асоси натиҷаи кори ҷаласаи баргузоргашта Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул намуд, ки шумораи 35 нафари навро ба аъзогии ҳақиқии ВАСХНИЛ қабул созанд, ки дар байни онҳо ягон олим-генетики асосӣ набуд ва ҳамаашон тарафдорони ақида ва шахсияти Трофим Лысенко буданд. Дар оқибати кор ҳама фаъолиятҳои илмӣ ва кафедраҳои генетика маҳкам ва худи генетикҳо аз кор ронда шуданд ва ҳатто унвони олимии онҳо низ гирифта шуд. Тариқи фармони Вазири маълумоти олии СССР миқдори 3000 олим, ки нисбати илми генетика сарукор доштанд, аз кор ронда гардиданд. Дар соли 1949 Владимир Павлович Эфроимсон — яке аз асосгузорони генетикаи тиббӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ҳамин тариқ, тамоми тарафдорони Н. И. Вавилов бо ҳар баҳонаҳои беасос ба Сибир бадарға шуданд ва баъзе аз ҳимоятгарони илми генетика, аз қабили Д. А. Сабинин, А. Н. Промптов ва Л. В. Ферри ба таъқибот тоб наоварда, худкушӣ намуданд. Дар охир худи акдемик Н. И. Вавилов низ аз азобу гуруснагӣ дар маҳбас вафот кард.

Баъди гузашти солҳо ДНК-ро кашф намуданд ва дар ин асос боз дар олами илми зироаткорӣ рушноӣ сар зад ва кашфи ДНК равиши илмро ба маҷрои асосӣ ва устувори хеш баргардонд. Танҳо дар ин миён бар асари кӯшишҳои беасоси илмӣ як гуруҳ олимони забардаст аз байн рафтанд ва гардиши чархи устувори илм боздошта шуд, ки ин нисбати пешрафти ҷомеа низ таъсироти худро сахт гузошт.

Кишоварзони асил ҳамеша дар корашон ба қонунҳои биологӣ ва конунҳои асосии зироатчигӣ такя менамоянд ва инчунини дигар омилҳои асосии ҳаёти растаниҳоро дар истеҳсолот асоси кор меҳисобанд. Барои мисол, яке аз омилҳои асосии ҳаётии растаниҳо — ин “гармӣ” мебошад, ки ин омил нишон медиҳад, ки бе иштироки гармии муносиб тухмиҳо намесабзанд, растаниҳо афзоиш намеёбанд ва ҳосил намебанданд.

Инчунин, дар навбати худ қонуни зироатчигӣ — “Таъсироти мутақобилаи омилҳои ҳаёти растаниҳо” исбот месозад, ки бе иштироки оптималии омилҳои асосии ҳаёти растаниҳо, аз ҷумла омили “гармӣ” сабзиш ва ҳосилбандии зироатҳо аз имкон берун аст. Дар ин миён мувофиқи натиҷаи тадқиқотҳои гузаронидашудаи олимони соҳа, барои сабзиши тухмии картошка ҳарорати хок дар дараҷаи 8-10 дараҷа ва ин ҳарорат мувофиқи равиши мавсими сол афзоянда бошад ва бояд дараҷаи оптималии худро дар ҳаёти растанӣ гирад. Дар фасли тирамоҳ, ки рӯй ба сармо аст ва дараҷаи хок дар мавридҳои асосӣ бештар манфӣ мебошад, чаро мо қонунҳои асосии зироатчигӣ ва омилҳои ҳаёти растаниҳоро нисбати кишти картошка ба ҳисоб нагирем ва онҳоро инкор созем? Дар сурати инкори омили “гармӣ” ва риоя нагардидани қонуниятҳои зироаткорӣ тухмии дар хоки сард гузошташуда бедор намешавад ва онро сармо мезанад, ба касалиҳои гуногун дучор мегардад ва инчунин дигар намигариҳои зиёди хок ва сафолакбандиҳои хок онро мепӯсонад, аз ҳисоби сахтшавии қабати хок столонронии растанӣ, ки асоси ҳосил ҳисоб меёбад, маҳдуд мегардад, аз норасоии ҳаво тухмиҳо метосанд. Инчунин, дар сурати нобаҳангом сабзидани тухмӣ ноустувориҳои ҳаво ва сармоҳои пешоянд сабабгори сармозании сартосарӣ мегарданд.

Масъалаи гирифтани ҳосили барвақтӣ бошад, дар худ талабот, нозукиҳои илмӣ ва истеҳсолӣ дорад. Пеш аз ҳама дар гирифтани ҳосили барвақтии картошка мо қонунҳои асосии зироатчигӣ ва омилҳои ҳаёти растаниҳоро ба назар бояд гирем ва дар баробари риоя гаштани онҳо фаромӯш насозем, ки интихоби навъи картошка дар иҷроиши ин мақсад нақши асосӣ дорад. Аз рӯи ин ниятҳо олимони соҳа картошкаи навъи барвақтӣ, миёнапаз, дерпазро ихтироъ намудаанд ва барои таъмини эхтиёҷоти истеҳсолотчиён пешкаш сохтаанд. Инчунин, дигар олимони соҳа хуб нишон додаанд, ки дар парвариши картошка, бахусус истеҳсолоти картошкаи барвақтӣ гузаронидани чорабинии агротехникии “сабзонидан ва нешзанонии тухмиҳо” пеш аз кишт омили асосии агротехникии иҷроиши мақсад мебошад ва асоси гирифтани ҳосили пурраи картошка ва гирифтани ҳосили картошкаи барвақтӣ ҳисоб меёбад.

Дар хулосаҳоям нисбати масъала қайд карданиам, ки бояд имконот ва захираҳои доштаамон сари масъалаҳои асосноки илмӣ-истеҳсолӣ сарф гарданд ва дар асоси қонунҳои асосии зироатчигӣ ва омилҳои асосии ҳаёти растаниҳо кишоварзиамонро мақсаднок ташкил намоем.

Мизроб АМИРБЕКОВ,

кишоварз

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here