Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ширкатҳои мухобиротии хориҷиро, ки дар Тоҷикистон ба сокинон хидмати пулакӣ мерасонанд, уҳдадор кард, худро сабти ном кунанд ва андоз аз арзиши иловашуда пардохт намоянд. Меъёри қонуни мазкур (ба истилоҳ «андоз аз Google») 17-уми декабри 2020 қабул шуда, моҳи январи соли 2021 ба иҷро даромад. Тибқи муқаррароти қонуни мазкур ҳамаи ширкатҳои хориҷӣ, ки мустақиман ё тавассути агентҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ мерасонанд, бояд дар мақомоти андоз худро ба қайд гиранд.
Ҳанӯз аз рӯзи аввали қабули қонуни мазкур вокунишҳои гуногун дар васоити ахбори омма ба вуҷуд омаданд. Бархе онро дастгирӣ намуданд ва бархе маҳкум карданд. Вокунишҳо бахусус замоне афзоиш ёфтанд, ки маводе бо унвони «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад” дар Азия-Плюс аз 26 феврали соли 2021 рӯи чоп омад ва Бонки миллӣ фавран ба он вокуниш нишон дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъди расонаӣ шудани маводи «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад” ва нодуруст баён доштани мақсаду масъалагузорӣ фикру ақидаҳои зиёдро ба миён овард.
Ҳафтаномаи Фараж тасмим гирифт, роҷеъ ба ин масъала ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намуда, мушаххас намояд, ки оё воқеан чунин супорише аз тарафи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкор намудани хориҷиёне,ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, вуҷуд дошт ё на? Агар воқеан чунин супориш шуда бошад, оё Бонки миллӣ ҳуқуқи фош кардани сирри мизоҷони бонкҳоро дорад? Агар ҳа, пас нигоҳдоии ҳифзи он чӣ мешавад? Зеро дар сурати фош кардани асрори мизоҷон ин амал метавонад иммиджи низоми бонкиро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ коҳиш диҳад.
Дар Бонки миллӣ ба суолҳои мо посух гуфтанд ва нашрия тасмим гирифт, ки натиҷаи онро пешкаши хонандагон гардонад. Чӣ тавре мегӯянд, сухан аз забони луқмон хуш аст.
Суол:
Дар маводи “Азия-Плюс” қайд шудааст, ки «Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки ба Кумитаи андоз маълумоти заруриро оид ба интиқоли маблағҳо ба суроғаи шахсони хориҷӣ, ки аз хизматрасониҳои электронии ҷумҳурӣ даромад мегиранд, пешниҳод намояд. Дар ин бора дар қарори ҳукумат, ки 6 феврали соли равон қабул шудааст, гуфта мешавад». Оё воқеан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки миллии Тоҷикистон чунин дастур дода шудааст?
Посух:
— Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 вазифаҳо барои соли 2021” аз 6 феврали соли 2021, №14 ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардида, БМТ аз он пурра огоҳ мебошад ва ҷиҳати иҷрои он дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал менамояд. Дар Қарори зикргардида нисбати Бонки миллии Тоҷикистон чунин омадааст: “14. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки: … -якҷо бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ, аз ҷумла оид ба гузаронидани маблағҳо ба суроғаи шахсони хориҷӣ, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, чораҷӯӣ намояд”, аммо хабарнигори “Азия-Плюс” дар маводи худ ба ҷои ибораи “тавсия дода шавад” ибораҳои “супориш дода шуд (поручено)” ва “уҳдадор кардаанд(обязали)”-ро истифода бурда, дар шарҳу маънидоди Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳриф роҳ додааст.
Муаллифи мақолаи АИ “Азия-Плюс” нуқтаи асосӣ, яъне худи банди 14 Қарорро, ки дар он гуфта мешавад: “Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад:” нодида гирифта, барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа мақолаи худро аз маълумоти дар сархати 9, банди 14-и Қарор (бо маънидоди худ) шурӯъ намудааст.
Бояд зикр кард, ки дар мавҷудияти Қарори Ҳукумат шубҳае нест ва буда ҳам наметавонад, зеро нусхаи Қарор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пештар аз нашри мақола дастрас шуда буд. Гузашта аз ин, зери шубҳа бурдани Қарори Ҳукумат низ ба манфиати мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон нест, вале аз ҷониби хабаргузории “Азия-Плюс” паҳн намудани иттилоъ оид ба гӯё аз Қарори Ҳукумат хабар надоштани сохторҳои муайяни давлатӣ метавонад танҳо ба хотири манфиатҷӯӣ ҷиҳати зиёд кардани шумораи хонандагон бошад.
Бинобар ин, рӯзноманигоронро мебояд, ки қабл аз нашри ин ё он маводи ихтисосӣ мавзӯъро пурра омӯхта, нозукиҳои онро дарк намоянд ва ҳамзамон назари мутахассисро дар мақолаи хеш истифода баранд, то матлаби навиштаи онҳо боиси гуногунфаҳмӣ, шарҳи нодуруст ва ташаккули афкори ғалат дар ҷомеа нагардад.
Суол:
Ҳамчунин, дар мавод зикр гардидааст: “Инчунин, ба Бонки миллӣ супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати ташаккули низоми интиқоли пардохтҳои андоз, боҷ ва боҷи гумрукӣ ба буҷа дар шакли ғайринақдӣ чораҳо андешад.” Роҷеъ ба ин масъала Бонки миллии Тоҷикистон чӣ шарҳ дорад?
Посух:
— Вобаста ба ин масъала низ ҳамин нуқтаро таъкид кардан зарур аст, ки тибқи сархати 8-и банди 14 қарори дар боло қайдшуда, “ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати рушди низоми пардохт ва ташаккули низоми ба буҷет ворид намудани маблағи андозҳо, пардохтҳо, боҷҳо ва хироҷҳои гумрукӣ ба таври ғайринақдӣ чораҷӯӣ намояд;” Тавре маълум мешавад, бо навиштаи муаллиф “Нацбанку поручено” шарҳ нодуруст буда, дар асл дар қарор тавсия омадааст.
Ҳамзамон, тибқи Дастурамал “Дар бораи тартиби сабти рақамҳои мушаххаси андозсупоранда ва рамзҳои (кодҳои) гурӯҳбандии даромадҳои андозӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ дар супоришномаҳои пардохтӣ, ҳангоми гузаронидани маблағҳо ба буҷети давлатӣ тавассути Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 3 марти соли 2012, ки байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА ҶТ “Амонатбонк” мувофиқа шудааст, маблағи андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо рамзи мақомотҳои ваколатдори воридкунандаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии буҷети ҷумҳуриявӣ ва рамзи андозҳо гурӯҳбандӣ шуда, дар маҷмӯъ тавассути Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон (НАБИМ) дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) дар шакли ғайринақдӣ коркард ва бетаъхир ба буҷети давлатӣ интиқол дода мешаванд.
Боиси қайд аст, ки дар охири рӯзи кории моҳҳои ҳисоботӣ барои қабулу гузаронидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ НАБИМ то соати 23:50 фаъолият менамояд. Инчунин, дар рӯзҳои истироҳатии охири моҳҳои ҳисоботӣ баҳри иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ, рӯзи корӣ эълон карда шуда, ҳамаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ба онҳо баробар саривақт ба буҷет интиқол дода мешаванд.
Маълумоти зарурӣ оид ба воридоти андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тибқи рамзҳои муқарраршуда тавассути барномаи табодули ягонаи электронии Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотҳои дахлдор равона карда мешавад.
Инчунин, ҷиҳати иҷрои муқаррароти қисми 16 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, бо мақсади ба танзим даровардани раванди қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ, ки тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон анҷом дода мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 2 майи соли 2019, таҳти №225 ”Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон” тасдиқ шуда, мавриди амал қарор дорад.
Бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 30 ноябри соли 2018, таҳти №565 қабул гардид.
Ҷиҳати татбиқи қарори мазкур Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳайати масъулини Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати нақлиёт, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ, КВД“Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ШСҲК “Барқи Тоҷик”, муассисаи “Шабакаи гармидиҳандаи ш.Душанбе” ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Мақомоти давлатӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати иҷрои қарори мазкур корҳои заруриро анҷом дода истода, айни замон пардохти як қатор хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, аз ҷумла ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, тиббӣ, алоқаи телефони шаҳрӣ, хизматрасониҳои бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии ш.Душанбе ва ноҳияҳои он, маблағҳои андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ имконпазир гардиданд.
Ҳамаи ин тадбирҳо ва чораҳои андешидашуда барои зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт дар доираи татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо, тавсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба ин васила ҳиссаи пули нақдро дар иқтисодиёт коҳиш дода, ба шаффофияти амалиётҳо мусоидат менамоянд, ки ҳам ба аҳолӣ ва ҳам ба иқтисодиёти кишвар манфиатовар мебошад.
Суол:
Дар расонаҳои ахбори омма таъқид мешавад, ки БМТ баъди ба кор андохтани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ акнун ҳамаи имкониятҳоро барои муайян кардани фиристанда ва гирандаи қариб ҳар як интиқоли анҷомдода дар ихтиёр дорад. Дар сурати доштани маълумот низ, оё БМТ ҳуқуқи фош кардани иттилоъ оид ба маблағи интиқолдодаи мизоҷони бонкҳоро дорад? Агар ҳа, дар кадом ҳолатҳо?
Посух:
-Пеш аз ҳама қайд кардан лозим аст, ки мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад.
Аз ин рӯ, Маркази миллии протсесингии интиқоли маблағҳо бо мақсади таъмини шаффофияти амалиётҳо аз рӯи интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ маълумотҳои интиқолгиранда ва интиқолдиҳандаро дар ихтиёр дошта, дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳлил ва баррасӣ менамояд. Бори дигар таъкид менамоем — танҳо аз рӯи амалиётҳои интиқоли фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ.
Пӯшида нест, ки яке аз хусусиятҳои асосии фаъолияти бонкдорӣ дар мавриди амалиётҳои бонкӣ ин махфияти маълумот ва нигаҳдории сирри бонкӣ мебошад ва муқаррароти мазкур дар заминаи қонунгузорӣ муайян шудааст. Маълумотҳо вобаста ба амалиётҳои интиқоли фаромарзии маблағҳо сирри бонкӣ буда, Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доштани сирри бонкиро кафолат медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон талаботи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаи 54 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” дастури амал қарор дода, бо сохтору идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Пешниҳоди маълумот ба шахсони сеюм танҳо тибқи моддаи 48-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» гирад, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ танҳо ба шахсони зерин дода мешавад: 1) ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ё намояндаи онҳо; 2) ба фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ; 3) ба Бонки миллии Тоҷикистон; 4) ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба интиқол тааллуқ надорад) 5) ба судҳо дар асоси қарори суд; 6) ба иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси ҳуҷҷати иҷро; 7) ба бюрои таърихи қарз 8) ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ дар асоси қарори суд.
Инчунин, тибқи банди 5 “Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27.09.с.2019, таҳти №117 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.11.с.2019, таҳти №992 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, Бонки миллии Тоҷикистон маҳфуз нигоҳ доштани иттилооти ба Маркази миллӣ воридшуда, саривақт ва дуруст гузаронидани интиқолҳои фаромарзӣ, инчунин анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳоро байни Иштирокчиён таъмин менамояд.
Бори дигар таъкид менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша ба факту далелҳо такя карда, ҷонибдори принсипи волоияти қонун мебошад ва барои ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО ҷиҳати шарҳу тафсири воқеъбинона ва холисонаи мавзуъҳои ба низоми бонкӣ тааллуқдошта ҳамеша омода аст. Дар баробари ин, мулоҳизаю хулосабарориҳои ноогоҳона ё шарҳи барғалати санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби бархе аз намояндагони васоити ахбори умумро, ки метавонад ба соҳаи ҷудогонаи иқтисодиёт таъсири манфӣ расонида, ҳамзамон боварии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро ба бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш диҳад, ғайри қобили қабул медонад.
Шуъбаи матбуот