Дар дунё зиёда аз 250 намуди зағир, аз ҷумла дар давлатҳои собиқ шӯравӣ 50 намудаш вуҷуд дорад. Онҳо дар кишварҳои тропикиву субтропикӣ хеле хуб парвариш ва нашъунамо меёбанд.
Дар дохили тухми зағир 40-50 фоиз равған, 15-20 фоиз луоб, 18-35 фоиз сафеда, 12-26 фоиз углевод, туршиҳои органикӣ, херментҳо, витамини А ва ғайраҳо мавҷуд аст. Равғани зағирро дар техникаи саноати хӯрокворӣ, рангубордиҳӣ, бофандагӣ, чармгарӣ ва хусусан дар байни мардум васеъ ба кор мебаранд.
Кунҷораи зағир хӯроки боби чорво низ ба шумор меравад. Нахи зағирро дар ҷумҳурии мо саноати бофандагӣ истифода мебарад, ки баъди пахта ҷои махсусро мегирад. Набояд фаромӯш кард, ки аз 1 килограмм нахи зағир 24 милиграмм матои хоҷагӣ ва 1,6 грамм матои техникӣ истеҳсол кардан мумкин аст. Зағир дар Миср, Эфиопия 2-3 ҳазор сол пеш аз мо маълум гардида буд.
Зағир яке аз зироатҳои дӯстдоштаи суғдиён ба шумор меравад. Кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин, Ҳиндустон, Хитой, Кавказ ва дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳуриамон ба ин зироати гаронбаҳо сарукор доранд.
Асосан зағирро аз Ҳиндустон ба Юнону Рим ва Аврупои Ғарбӣ бурдаанд. 70 фоизи майдони кишти зағири олам ба майдони собиқ шӯравӣ рост меомад.
Дар ҷумҳурии офтобрӯямон зағирро дар доманаи куҳҳо, ҳамвориҳо, заминҳои обӣ кишт мекарданд. Зағирро дар баландиҳои 2500 метр аз сатҳи баҳр кишт мекунанд. Он дар ҳарорати 3-6 дараҷаи гармӣ неш зада месабзад. Аммо майсаҳои наврустаи зағир то ба 4-6 дараҷаи хунукӣ тобоваранд. Он дар муддати 70-90 рӯз пухта мерасад.
Дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳуриамон зағиркорӣ солҳои пеш соҳаи асосӣ ҳисоб мешуд. Заминҳои киштбоби зағир низ кам нестанд. Аммо чӣ шуд, ки солҳои охир ба ин соҳа хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ кам аҳамият медиҳанд.
Хуб мешуд, ки масъулони соҳа ба хоҷагиҳои фермерӣ ва хоҷагиҳои оилаҳои алоҳида ба ин соҳаи муҳими фоидаовар диққати зарурӣ дода, онро ба соҳаи сердаромад табдил медоданд.
Саймурод ОДИНАЕВ,
мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ