Дар ёздаҳ моҳи соли 2020 Нозироти андоз дар ноҳияи Зафаробод дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Суғдро роҳнамои кори худ қарор дода, кӯшиш кардаанд, ки нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»-ро таъмин намоянд ва барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандону андозсупорандагон ва беҳтар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд ва баҳри кам кардани бақияпулиҳои қарзҳои гузашта корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.     

Новобаста аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла кам шудани воридот, оид ба зиёд намудани воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ аз тарафи Нозироти андоз барои дарёфт намудани захираҳои нави андозбандӣ чора ва тадбирҳо дар асоси талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шудаанд, ки дар натиҷа ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ба санаи 01.12.2020 дар Нозироти андоз 5989 адад субъектҳои андозсупоранда ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла:

— шахсони ҳуқуқӣ- 496 адад;

— соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда — 284 адад;

— соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда — 952 адад;

— хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ — 4219 адад.

Филиал ва намояндагиҳои тариқи РСБ фаъолияткунанда 38 ададро ташкил менамоянд.

Нозироти андоз дар ноҳияи Зафаробод иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷетро дар ёздаҳ моҳи соли 2020-ум бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,5 фоиз иҷро намудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 183,6 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид шуда, нақшаи пешбинишуда 37 миллиону 600,3 ҳазор сомонӣ буда, воридоти он 37 миллиону 783,9 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, нақшаи андозҳо 29 миллиону 560,8 ҳазор сомонӣ, воридоти он 29 миллиону 573,2 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки 100,0 фоиз, фарқияти маблағи зиёд воридшуда 12,4 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар ин давра иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,1 фоизро ташкил дода, ба ҷои нақшаи пешбинишуда 8 миллиону 039,5 ҳазор сомонӣ, амалан ба буҷет 8 миллиону 210,7 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуда, маблағи зиёд воридшуда 171,2 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмуъ 100,0% (нақша 15 миллиону 180,8 ҳазор сомонӣ, воридот 15 миллиону 181,2 ҳазор сомонӣ, фарқият 0,4 ҳазор сомонӣ зиёд)-ро ташкил намудааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз 10 намуди андозҳо 5 намуди он иҷро нагардидааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 1 миллиону 476,1 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид гардидааст, аз ҷумла, андоз аз даромад — 761,9 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид шудааст, яъне нақшаи пешбинишуда — 5 миллиону 500,9 ҳазор сомонӣ, маблағи воридшуда — 4 миллиону 739,0 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 86,1%.

Сабаби иҷро нагардидани андоз аз даромад бинобар аграрӣ будани ноҳияи Зафаробод, мавсими корӣ набудан ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва набудани бақияи қарзи ба ин намуди андозҳо мебошад.

Андози нақлиёт 498,5 ҳазор сомонӣ кам ворид шудааст, яъне нақшаи пешбинишуда — 1 миллиону 589,6 ҳазор сомонӣ, маблағи воридшуда — 1091,1 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 68,6%.

Боҷи давлатӣ 133,8 ҳазор сомонӣ кам ворид шудааст, яъне нақшаи пешбинишуда — 621,9 ҳазор сомонӣ, маблағи воридшуда — 488,1 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 78,5%).

Андози ғайриманқул 38,1 ҳазор сомонӣ кам ворид шудааст, яъне нақшаи пешбинишуда — 1 миллиону 410,5 ҳазор сомонӣ, маблағи воридшуда — 1 миллиону 372,4 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 97,3%).

Дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ 43,9 ҳазор сомонӣ кам ворид шудааст, яъне нақшаи пешбинишуда — 1 миллиону 166,1 ҳазор сомонӣ, маблағи воридшуда — 1 миллиону 122,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 96,2%).

Бақияи қарзи андоз ба санаи 01.11.2020 сол 9 миллиону 401,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати аввали сол 495,8 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст (9897,7-9401,9-495,8 ҳазор сомонӣ кам), ки кормандон ба зиёдшавии қарзҳои бақияпулиҳои андоз роҳ надодаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар Нозироти андози ноҳияи Зафаробод ба ҳолати 01.11.2020 сол қарзҳои баҳснок ба маблағи 37 миллиону 441,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки баҳри ҳалли мусбати ин қарзҳо корҳои зиёде бояд амалӣ карда шаванд, то қарзҳо ба буҷет баргардонида шаванд.

Бо мақсади дарёфти манбаҳои иловагии андозбандӣ дар давраи ёздаҳ моҳи соли 2020 аз ҷониби Нозироти андоз дар ноҳияи Зафаробод таҳлил, омӯзиши маълумотҳо ва корҳои муқоисавӣ оид ба нишондоди эъломияҳои андоз бо маълумотҳои ба Нозироти андоз дастрасгардида нисбати 343 андозсупорандагон назорати камералӣ тартиб дода шуда, ба суроғаи ҳуқуқии андозсупорандагон огоҳинома аз рӯи натиҷаи назорати камералӣ ба маблағи 1 миллиону 755 ҳазору 810 сомонӣ ирсол гардидааст. Аз ҷониби андозсупорандагон ба маблағи 1 миллиону 426 ҳазору 788 сомонӣ эъломияи иловагии андоз пешниҳод гардида, аз ин ҳисоб ба маблағи 1 миллиону 243 ҳазору 685 сомонӣ ба буҷети давлатӣ пардохт гардида, ба маблағи 21 ҳазору 455 сомонӣ аз ҳисоби ҳақдорӣ пӯшонида шудааст. Инчунин, аз ҷониби андозсупорандагон ба маблағи 46 ҳазору 653 сомонӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва ё тавзеҳот пешниҳод намудаанд.

Дар давраи сипаришуда аз ҷониби Нозироти андоз нисбати 229 андозсупорандагон, ки ба қонуншиканиҳо роҳ додаанд, ҷаримаи маъмурӣ тадбиқ карда шудааст, ки маблағи он 220 ҳазору 884 сомониро ташкил медиҳад ва воридоти он 133 ҳазору 170 сомонӣ мебошад, ки 60,3%-ро дар бар мегирад. Аз ҷумла, нисбати 16 нафар андозсупоранда хариди назоратӣ гузаронида шуда, маблағи он 39 ҳазору 260 сомониро дар бар мегирад.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 40 адад андозсупорандагон бо мошинаи назоратии дорои хотираи фискалӣ таъмин карда шудаанд.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ Нозироти андоз бо 3269 адад андозсупорандагон санадҳои муқоисавии дуҷониба тартиб додааст. Яъне, шумораи андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ 461 адад буда, бо 349 адад шахсони ҳуқуқӣ санади муқоисавӣ тартиб дода шудааст, ки 75,7%-ро ташкил медиҳад.

Шумораи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 284 ададро ташкил медиҳад, ки бо 149 адад соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда санади муқоисавӣ тартиб дода шудааст, ки 52,3%-ро ташкил медиҳад.

Шумораи хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияткунанда 4201 ададро ташкил медиҳад, ки бо 2126 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ санади муқоисавӣ тартиб дода шудааст, ки 50,6%-ро ташкил медиҳад.

Шумораи соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 958 ададро ташкил медиҳад, ки 645 адад санади муқоисавӣ тартиб дода шуда, 67,3%-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо аз ҳисоби боздоштани суратҳисоби андозсупоранда, ҳабси маҳсулоти тайёри андозсупоранда ва аз ҳисоби пули нақдӣ нисбати 120 андозсупоранда ба маблағи 4 миллиону 284,0 ҳазор сомонӣ татбиқ карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 3 миллиону 270,6 ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст, ки 76,3%-ро дар бар мегирад. Аз ҷумла, 118 адад қарор оид ба боздоштани амалиёти суратҳисоби андозсупоранда ба маблағи 2 миллиону 667,6 ҳазор сомонӣ татбиқ карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 2402,5 ҳазор сомонӣ ва 118 адад қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда ба маблағи 505,5 ҳазор сомонӣ татбиқ карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 483,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.

Ба санаи 01.12.2020 сол дар Нозироти андози ноҳияи Зафаробод 3530 нафар андозсупорандагон ба тариқи электронӣ гузаштаанд, ки 71,1%-ро ташкил медиҳад, яъне, шахсони ҳуқуқӣ 307 адад, соҳибкорони инфиродӣ 125 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 2898 ададро ташкил медиҳад.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2020 маблағҳои ҳисобшуда 41 миллиону 149,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз он ҷумла, ҳуқуқӣ — 32 миллиону 082,7 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон —  9 миллиону 066,8 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2019 бошад, 34 миллиону 042,9 ҳазор сомонӣ буда, аз он ҷумла, ҳуқуқӣ – 24 миллиону 569,6 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон — 9473,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2019-ум 75 миллиону 192,4 ҳазор сомонӣ маблғ зиёд ҳисоб шудааст.

Ба гуфтаи сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Зафаробод муҳтарам Комил Салимзода, «ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои аграрии дурдасти ҷумҳурӣ ба шумор рафта, баҳри тараққиёти ин ноҳия аз тарафи Доҳии тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода хизматҳои арзанда расонида шудааст. Тамоми заминҳои ин ноҳия тариқи пойгоҳҳои дар замони шӯравӣ бунёдгашта обёрӣ карда мешаванд. Гарчанде соли 2020 камоб гардида бошад ҳам, Раиси вилоят нагузоштанд, ки деҳқонони Зафаробод лаҳзае бе об монанд ва ин буд, ки мо имрӯз бо сари баланд нақшаҳои андозро ба иҷро расонида, дар гулгулшукуфии кишвар саҳми худро мегузорем».

Саиди ҲАЙДАР,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here