Мо деҳқононро маҷбур карда наметавонем, ки ин ё он навъи таҷҳизоти кишоварзиро харидорӣ кунанд, зеро интихоб аз онҳост. Лекин то ҳадди имкон ҳаракат мекунем, ки корхонаҳои истеҳсолкунандаи ватаниро дастгирӣ намоем. Мутаассифона, на ҳамаи таҷҳизоти истеҳсолнамудаи кохонаҳои ватанӣ рақобатпазир шуда метавонанд. Бо вуҷуди он ки нархи таҷҳизотҳои ватанӣ нисбатан арзон аст, деҳқонони мо ҳаракат мекунанд, ки бештар таҷҳизоти воридшударо харидорӣ намоянд.
Ин нуктаро Юсуф Акрамзода, директории Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии (КВДҶ) «Тоҷикагролизинг» зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон баён намуд.
Мавсуф мегӯяд, ки хушбахтона мо дар марказҳои хизматрасонии худ истеҳсоли якчанд намуди таҷҳизотҳоро ба роҳ мондаем, ки рақобатпазир мебошанд. Чунки дар ҷумҳурӣ шахсони ботаҷриба ва мутахассисони варзида зиёд ҳастанд. Махсусан дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ истеҳсоли алакай 5 намуди таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки ояндаи наздик дар маркази хизматрасонии ноҳияи Вахш ва дигар ноҳияҳо истеҳсоли боз якчанд намуди таҷҳизоти соҳа ба роҳ монда шавад. Зеро яке аз мақсадҳои асосии мо дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат пеш аз ҳама дастгирии корхонаҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ мебошад. Лекин боз таъкид мекунем, ки таҷҳизоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ бояд рақобатпазир бошанд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки КВДҶ «Тоҷикагролизинг» имконият дорад, ки дар мавсими шудгору кишти зироати ғалладонагӣ ва дигар намуди зироат дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонии минтақаҳои ҷумҳурӣ хизматрасонии техникиро нисбат ба хоҷагиҳои хусусӣ то 20 дарсад арзон иҷро кунад. Инчунин маъракаҳои шудгор, кишти баҳорию тирамоҳӣ, такрорӣ ва дигар корҳои агротехникиро босифат ва сари вақт анҷом дода, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ мадади амалии техникӣ расонад.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли сипаришуда аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 20 адад комбайнҳои ғалладарави тамғаи «Нива- Эффект», 165 адад тракторҳои гуногунтамғаи МТЗ ба корхона ворид карда шуданд. Инчунин дар асоси шартномаи тарафайн байни КВДҶ «Тоҷкагролизинг» ва ширкати «Агралис»-и Германия 10 адад комбайнҳои тасмачарх ва чархдори навъи «Класс-Тигер» барои ҷамъоварии шолӣ ва аз Ҷумҳурии Чин 8 адад тракторҳои тасмачархи белдор ба ҷумҳурӣ ворид ва пешкаши хоҷагиҳои деҳқонӣ гардонида шуданд.
«Феълан бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо Агентии японии ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҷудо намудани 10 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати харидории техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ба хотири таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳа пешниҳод карда шудааст».- илова намуд Юсуф Акрамзода.
Зоҳири САЙФУЛЛО