КВД «Тоҷикаэронавигатсия» новобаста ба вазъи бинобар СОVID-19 баамаломада дар нуҳ моҳи соли 2020 ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти иқтисодии корхона ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии пешбинигардида вазифаю уҳдадориҳои тибқи Низомнома ба зиммааш гузошташударо мутобиқ ба қонунгузории ҷумҳурӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, Қоидаҳои умумии авиатсионӣ ва Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳо ва тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва Оинномаи корхона дар амал татбиқ намудааст.

Дар корхона 460 корманд, аз ҷумла 378 мард ва 92 зан фаъолият намуда, ба кор 7 нафар, аз ҷумла 3 зан қабул шуда, 4 нафар ба нафақа баромада (3 зан, 1 мард), 7 нафар (2 зан, 5 мард) аз кор рафтаанд.

Дар фосилаи ҳисоботӣ корхона ба 1591 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ иҷозатномаи истифодаи фазои ҳавоии ҷумҳуриро додааст, ки аз онҳо 443 адад парвози ғайридоимии нишаст, 890 адад парвози ғайридоимии транзитӣ, 189 адад парвози доимии транзитӣ ва 69 адад парвози доимии нишаст мебошад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 адад парвози литери “А” ва 4 адад парвози литери “K” иҷро шудааст.

Бо мақсади нигоҳ доштани сатҳу сифати татбиқи муваффақонаи нақшаҳои истеҳсолӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра тадбирҳои зарурӣ, аз қабили маҷмӯи корҳои омодагӣ ба кор дар давраи баҳору тобистон, таълими фаннии ҳайати шахсӣ, тайёрии касбии тренажёрӣ, муҳокимаи ҳолатҳои мухталиф аз ҷониби ҳайати роҳбарону кормандон, тибқи нақша хизматрасонии фаннии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, санҷиши мавҷудият ва тамдиди муҳлати шаҳодатномаҳои коршоямӣ ва иҷозати ҳуқуқи истифодабарии воситаҳои радионурафкан, истихбори хатҳои алоқавии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ ва дигар тадбирҳои марбут ба нигаҳдошти омодагии ҳаматарафаи корхона равонашуда амалӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, дар самти татбиқу иҷроиши ин ҳадафҳо, яъне таъмини бехатарии парвоз, аз ҷониби роҳбарони сохторҳои таркибии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» пайваста корҳои мунтазами методӣ оид ба пешгирии вайронкунии талаботҳои ҳуҷҷату асноди идории роҳбарикунандаву технологӣ ва интизоми меҳнат гузаронида мешавад. Мунтазам нақшаи чорабиниҳо оид ба барқарорнамоии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ ва ғайра боздид ва такмил дода мешаванд.

Бо мақсади пешгирии сироят ба “СОVID-19” корхона тибқи талаботҳои ҷорӣ тамоми чораҳои дахлдори риояи қатъии санитарию гигиениро ба роҳ мондааст.

Шуъбаи баҳисобгирии муҳосибот ва молия тибқи корбурд ва таҳияи асноди марбути молиявию хоҷагӣ дар асоси талаботҳои стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ (СБҲМ) фаъолият бурда, тамоми намуди ҳисоботҳои андозиро ба сохторҳои дахлдори давлатӣ ба таври электронӣ пешкаш менамояд.

Дар нуҳмоҳаи соли 2020 даромади умумии муассиса 33 903,4 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Хароҷот дар ҳамин давра 30 150 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,3 % кам мебошад.

Дар фосилаи ҳисоботӣ ба маблағи 1 419,6 ҳазор сомонӣ воситаҳои асосӣ ва таҷҳизоти аэронавигатсионӣ харидорӣ гардидааст. Корхона дар давраи ҳисоботӣ барои таълиму тадриси мақсадноки мутахассисон ба маблағи 242,5 ҳазор сомонӣ равона намудааст. Инчунин, дар ҳамин давраи ҳисоботӣ мутобиқи дастурамалҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қишри ниёзманди ҷомеа, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ба маблағи 78 ҳазор сомонӣ кумак расонида шудааст.

Пардохтҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботии соли 2020 дар маҷмуъ 8 308,3 ҳазор сомонӣ мебошад. Аз ин ҳиссаҷудокунӣ аз ҳисоби музди меҳнат ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 3 550 ҳазор сомонӣ гузаронида шудааст.

Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бахши калидии корхона ба шумор рафта, фаъолияти тамоми сохторҳои дигар баҳри босамару босифат анҷом ёфтани вазифаҳои он сафарбар карда шуда, дар маҷмуъ ташкил, идора ва бехатарии парвозҳоро дар фазои ҷумҳурӣ таъмин менамояд. Дар нуҳмоҳаи соли 2020 РХҲҲ ба 14 567 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматҳо пешкаш намудааст, ки ба тамоми филиалҳои корхона марбут аст. Теъдоди парвозҳои транзитӣ 3 824 ададро ташкил намудааст.

Дар фосилаи ҳисоботӣ новобаста ба вазъияти баамаломада, чун ҳарвақта роҳбарияти сохтор ба таълиму тарбияи ҳирфавии мутахассисони РХҲҲ аҳамияти махсус додааст. Дар давоми нуҳ моҳи таҳлилӣ дар пойгоҳи маркази таълимии корхона 3 адад курс бо барномаи “Забони англисии авиатсионӣ” гузаронида шуда, 20 нафар мутахассис ва 2 курси такмили ихтисоси соҳавӣ гузаронида шуда, 17 нафар иштирок намудаанд. Дар Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании шаҳри Санкт-Петербург як адад курси такмили ихтисоси танзимгар-дастуркорон бо иштироки 2 нафар, як адад курси такмили ихтисоси роҳбарони парвозҳо бо иштироки 2 нафар ва як адад курси аввалияи тайёр намудани танзимгар-дастуркор барои 4 нафар ташкил ва гузаронида шудаанд. Ҳамагӣ 45 нафар мутахассисони РХҲҲ курсҳои гуногуни КТИ-ро гузаштаанд. Инчунин, ҳармоҳа дар бастҳои корӣ бо иштироки танзимгарон таҳти назорати роҳбарони парвозҳо таълими техникӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ баҳри омӯзиши ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда гузаронида мешавад. Илова бар ин, ҳармоҳа барои ҳайати мутахассисони раёсат машғулиятҳои фаннӣ бо иштироки роҳбарони парвозҳо гузаронида мешавад. Ҳамчунин, дар ҳамин фосилаи ҳисоботӣ 4 мутахассиси РХҲҲ (Душанбе — 3, Кӯлоб — 1) аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд, ки 1 нафарашон иҷозатнома гирифтааст.

Ҳамин тариқ, дар маҷмуъ дар Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» новобаста ба шароити баамаломада ташкили кор, сайқалу баландбардории малакаву маҳорати ҳирфавии мутахассисон дар сатҳи лозима ба роҳ монда шуда, татбиқи ҳамкориҳои якҷоя бо ҷузъу томҳои сохторҳои дигар, ки баҳри таъмини бехатарии парвозҳо равона карда шудаанд, мувофиқи мақсад мебошад.

Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТП ва АБА) чун сохтори таркибии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар таъмини бехатарии парвозҳо ва пешкаш намудани хизматҳои аэронавигатсионӣ нақши калон мебозад. Бояд тазаккур дод, ки вазифаҳои сохтори мазкур оид ба таъмини радиотехникии парвозҳо тибқи нақшаҳо барои соли ҷорӣ ба роҳ монда шуда, зина ба зина иҷро мешаванд. Дар ин муддат Раёсати таъминоти радиотехникӣ ва алоқаи барқии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» тибқи дастуру қонунгузории ҷорӣ фаъолият намуда, дар самти худ бехатарии парвозҳоро таъмин намудааст. Мунтазам нақшаи чорабиниҳо оид ба барқарорнамоии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ ва ғайра боздид ва такмил дода мешаванд. Дар фосилаи ҳисоботӣ тибқи нақшаҳои корӣ бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо ва боло бурдани сифати хизматҳои пешкашшаванда корҳои зиёди ҳирфавиву фаннӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар фосилаи ҳисоботӣ 2 нафар аз таҷрибаомӯзии дохилисохторӣ бомуваффақият гузашта, иҷозат ба кори мустақилона гирифтаанд.

Дар маҷмуъ, Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» низ дар фосилаи ҳисоботӣ ташкили кор, бозомӯзиву вусъати малакаву маҳорати мутахассисонро дар сатҳи лозима ба роҳ монда, ҳамкориҳои якҷоя бо ҷузъу томҳои сохторҳои дигарро, ки баҳри таъмини бехатарии парвозҳо равона карда шудаанд, дар амал тадбиқ намудааст.

Маркази авиатсионии метеорологӣ дар таркиби КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба таъмини киштиҳои ҳавопаймоӣ ва сохторҳои муассиса бо маълумотҳои метеорологӣ машғул мебошад. Дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгӯӣ тибқи низоми «TAF» дар аэродроми Душанбе дар нуҳмоҳаи нопурраи соли мазкур 92,7 %-ро ташкил кардааст. Дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгӯӣ тибқи низоми «TAF» дар аэродроми Хуҷанд бошад, 92,5 %-ро ташкил додааст. Дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгӯӣ тибқи низоми «TAF» дар аэродроми Кӯлоб дар фосилаи ҳисоботии соли мазкур 93,6 %-ро ташкил додааст. Дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгӯӣ тибқи низоми «TAF» дар аэродроми Бохтар бошад, 94,6 %-ро ташкил намудааст.

Тавре нишондодҳо шаҳодат медиҳанд, дар маҷмуъ салоҳияти нишондодҳои пешгӯии мутахассисон дар нуҳмоҳаи нопурра 93,35 %-ро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб рафта, аз маҳорату малакаи ҳирфавиро соҳиб будани мутахассисон гувоҳ аст.

Бо мақсади иҷрои вазифаҳои барномавӣ дар фосилаи ҳисоботӣ дар Маркази авиатсионии метеорологӣ бо мақсади баланд бардоштани сифатнокӣ ҳамчунин корҳои зерин анҷом дода шудаанд:

— бо мақсади пешбурди кор дар сохторҳои Маркази авиатсионии метеорологӣ, сифатбахшӣ дар таҳияи маълумотномаҳои марбут ва  такмили ихтисоси мутахассисони сохтор пайваста, на камтар аз 1 маротиба дар як моҳ, дарсҳои фаннӣ гузаронида шудааст;

— ҳамамоҳа бо мақсади баланд бардоштани самараи меҳнат ва рафъи камбудиҳои имконпазир таҳлили сифатнокии хизматҳои пешкашкунандаи хадамот анҷом дода шудааст;

— ҳамамоҳа ҷаласаҳои Кумита оид ба сифат бо таҳлили татбиқшавандагии низоми менеҷменти сифати таҳиягашта сурат мегирад;

— ҳармоҳа мониторинги иттилоотии метеорологии аз тарафи фурудгоҳҳои байналмилалӣ содиршаванда амалӣ гардида, рафъи норасоиҳои рухзананда бо мақсади такрор нашуданашон ба роҳ монда шудааст;

— ҳармоҳа бо мақсади вусъатбахшӣ ба сифатнокии маҳсули кор баҳогузории автоматикиву дастии нишондодҳои ТАФ дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ тибқи стандартҳои байналмилалии истеҳсоли маҳсулот ва низоми менеҷменти сифат анҷом дода мешавад;

— ҳамамоҳа истихроҷи нишондодҳои метеорологӣ ва таҳияи ҷадвалҳои иқлимии фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар анҷом дода мешавад;

— бо мақсади танзим ва баланд бардоштани сифатнокии фаъолият дар филиали Кӯлоб “Дастурамал оид ба таъминоти метеорологии парвозҳо дар аэродроми Кӯлоб”, “Дастурамал оид ба таъминоти метеорологии парвозҳо дар аэродроми Бохтар” ва чанди дигар таҳия, тасдиқ ва ба истифода супорида шудаанд;

— 1 нафар дар Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандии (ИАМШ) филиали Хуҷанд ба сифати муҳандис-метеоролог аз таҷрибаомӯзӣ гузашта истодааст;

— 1 мутахассиси метеоролог дар Нуқтаи асосии муроқиба ба ҳайси техник-метеоролог аз таҷрибаомӯзӣ гузашта истодааст;

— 3 мутахассиси сохтор (1 муҳандис-метеоролог (Душанбе, 1 техник-метеорологи Хуҷанд, 1 техник-метеорологи Бохтар) бо мақсади баланд бардоштани ихтисос ва мутобиқат ба стандартҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ курсҳои такмили ихтисос тибқи стандарти Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ дар Маркази метеорологии Федератсияи Россия таълим гирифтаанд.

Раёсати рушди корхона бо мақсади тарроҳии дурнамои ҳамаҷонибаи корхона ва сифатбахшӣ ба бехатарии парвозҳо ташкил гардида, фаъолияти хешро дар самти таҳияи барномаҳои татбиқи лоиҳаҳои модернизатсияи базаи моддиву техникии корхона ва лоиҳаҳои гузариш ба низомҳои нави хизматрасонии байналмилалии муосир сафарбар кардааст. Дар фосилаи ҳисоботӣ сохтор як қатор корҳои муҳимро анҷом додааст, ки қобили зикр инҳоянд:

— бо мақсади инкишофи донишҳо ва захираи воқеии дастурамалу маводҳои назариву амалӣ китобхонаи электронии корхона пайваста таҷдиду такмил дода шудааст;

— тибқи барномаи таҳияву тасдиқгардидаи сохтор ҷиҳати такмили ихтисос 19 карат дарсҳои назариву амалӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо намояндагони воҳидҳои сохтории корхона гузаронида шудаанд;

— бо мақсади вусъати таъмини бехатарии парвозҳо ва тавсеаи сифатнокиву пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи ғайриштатӣ, сифатбахшӣ ба фаъолияти корхона ва низоми фаъолияти фурудгоҳҳои кишвар ва мутобиқати онҳо ба талаботҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ — ИКАО таҳия ва татбиқи Низоми менеҷменти сифат (НМС) ва Низоми идоракунии бехатарии парвозҳо (НИБП) давра ба давра тибқи реҷа гузаронида шудаанд;

— бо мақсади татбиқи амалии лоиҳаҳои грантии марбут ба ворид намудани “Навигатсия дар асоси хусусиятҳо PBN” аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии JICA ва Ассотсиатсияи байналмилалии авиатсионии IATA гуфтушунидҳо сурат гирифта, айни замон бинобар вазъияти маълум тавассути Интернет амалӣ шуда истодааст;

— бо мақсади вусъати таъмини бехатарии парвозҳо ва тавсеаи сифатнокиву пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи ғайриштатӣ, сифатбахшӣ ба фаъолияти корхона ва низоми фаъолияти фурудгоҳҳои кишвар ва мутобиқати онҳо ба талаботҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ — ИКАО дар асоси Қоидаҳои умумии авиатсионии ҶТ «Ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ» санадҳои меъёрии марбут таҳия карда шуда, ба Агентии авиатсияи граждании назди ҲҶТ пешниҳод шудаанд;

— дар асоси натиҷагирӣ аз аудити дохилӣ корҳои назоратии хаттӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар нуҳмоҳаи соли 2020 тибқи амру фармон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025» бо фармони Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» як қатор корҳои дигар аиалӣ гардидаанд, аз ҷумла:

— ҷаласаҳои ҷамъбастӣ оид ба натоиҷи фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар соли 2019 ва семоҳа ва нимсолаи аввали соли 2020 гузаронида шудааст;

— корхона аудити берунӣ тибқи стандарти байналмилалии сифат ISO 9001:2015 ва талаботи Низоми менеҷменти сифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт»-ро бомуваффақият гузаронида, сертификати марбутро ба даст овардааст;

— бо мақсади татбиқи барномаҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти “Сиёсати дарҳои кушода” ва ба “кишвари транзитӣ” табдил додани Тоҷикистон корҳо оид ба кушодани долонҳои ҳавоии нави транзитӣ баҳри ҷалби ширкатҳои хориҷӣ, кушодани хати ҳавоии нав — DIPAX-NULMO-DILRO-EDOSU бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон зина ба зина пеш бурда шуда истодааст;

— сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти корхона барои соли 2020 таҳия ва тасдиқ карда шуда, Нақшаи хариди молу мавод барои соли 2020 тасдиқ гардида, ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст;

— мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ва «Дастурамали тартиби муайян, тасдиқ, ҷорӣ намудани тарифҳо ва сметаи тарифи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо)-и субъектҳои инҳисороти табиӣ», лоиҳаи 5 ҳуҷҷати меъёрии марбут ба хизматрасониҳои корхона дар соли 2020 барои ширкатҳои хориҷию ватанӣ таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд;

— баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ дорад», ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи иқтисодию молиявии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» барои соли 2020 ва нақшаи фаъолияти корхона барои дурнамои миёнамуҳлати солҳои 2020-2023 таҳия ва пешниҳод гардидаанд;

— ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» дар бораи ба анҷом расонидани чорабиниҳои дахлдор дар самти мазкур, ҳисобот ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардидааст;

— лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси комиссияи давлатии қабул ҷиҳати ба истифода супоридани манораи назоратӣ-танзимгарӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Агентии авиатсияи гражданӣ таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст;

— санади комиссияи давлатии қабули манораи назоратӣ-танзимгарӣ аз ҷониби аъзои комиссияи давлатӣ ба имзо расонида шуда, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи санади комиссияи давлатии қабул ҷиҳати ба истифода додани иншооти сохтмонаш ба анҷом расидаи манораи назоратӣ-танзимгарӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе» дар мувофиқаи мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад;

— бо мақсади ҷалби сармояи беруна тавассути ҳамкории тарафайн баҳри бунёд намудани манораи назоратӣ-диспетчерӣ бо инфрасохтори истеҳсолӣ дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, дар асоси cупориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди корхона ҷиҳати гирифтани розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оғоз намудани гуфтушунид бо ҶСК «Азимут»-и Федератсияи Россия, ба Агентии авиатсияи гражданӣ манзур карда шудааст;

— пешниҳодҳои техникию молиявии озмуни машваратчии Лоиҳаи дастгирии институтсионалии соҳаи аэронавигатсия ва ҷорӣ кардани системаи автоматиконидашудаи тарроҳии хатсайрҳо дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ки аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ карда мешавад, ҷамъбаст гардида, дар бораи ғолиби озмун муайян шудани Ассотсиатсияи байналхалқии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) эълон дар портали электронии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷойгир карда шудааст;

— супоришҳои техникӣ ва дархосту саволҳои иштирокчиёни марҳилаи якуми (пешниҳодҳои техникии) озмуни байналхалқии хариди стансияи авиатсионии метеорологӣ (обуҳавосанҷӣ) барои филиали корхона дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд бо васли таҷҳизоти иловагии мутамарказикунонии идора ва истифодаи низоми «Авимет» дар якҷоягӣ бо машваратчии Лоиҳа — ширкати Егис «Авиа» пурра баррасӣ гардида, нашри эълони он дар портали электронии ЕБРР ECEPP дар фосилаи наздиктарин ба нақша гирифта шудааст;

— созишномаи грантӣ оид ба маблағгузории Лоиҳаи дастгирии институтсионалии соҳаи аэронавигатсия ва ҷорӣ кардани системаи автоматиконидашудаи тарроҳии хатсайрҳо дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ки дар доираи Лоиҳаи азнавсозии таҷҳизоти аэронавигатсионӣ барои солҳои 2019-2021 пешбинӣ гардида буд, бо Бонки аврупоии таҷдид ба имзо расонида шудааст;

— ҷиҳати баргузор намудани озмуни байналхалқии хариди стансияи авиатсионии метеорологӣ (обуҳавосанҷӣ) барои филиали корхона дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, бо васли таҷҳизоти иловагии мутамарказикунонии идора ва истифодаи низоми «Авимет», ба машваратчии Лоиҳа — ширкати Егис «Авиа» маводҳои зарурӣ оид ба таҳияи супориши техникии лотаи 2 Лоиҳа пешниҳод гардидааст;

— ҷиҳати барасмиятдарории лоиҳаи созишномаи бевосита байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва тасдиқи минбаъдаи он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархости марбути корхона оид ба дастгирии масъалаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвонии ин вазорат манзур карда шудааст;

— бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, алалхусус COVID 19, маводҳои зарурии танзифӣ-ҳифозатӣ дастрас ва тақсид гардида, шаш маротиба барои безараргардонии дохил ва беруни тамоми иншооти корхона мутахассисон аз ширкати дизенфиксионии ватании “Фавз” ҷалб карда шудаанд;

— бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони корхона бо ташаббуси Директори генералии корхона курсҳои иловагии забони англисии умумӣ дар маркази таълимии авиатсонӣ сурат гирифта, кормандони сохторҳои гуногуни корхона забони англисиро пайваста меомӯзанд.

Ба гуфтаи Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» муҳтарам Лоиқ Ашуров, «ба Тоҷикистони азиз пеш аз автомобилу қатора самолёт омада буд. Тамоми давру замон авиатсияи граждании Тоҷикистони Шӯравӣ дар ҳайати Аэрофлоти СССР ҳамчун як авиаотряди мустақил баромад мекард ва метавон гуфт, чӣ аз ҷиҳати маҳорати касбӣ ва чӣ аз ҷиҳати техникӣ яке аз беҳтаринҳо ба шумор мерафт. Аммо воқеаҳои солҳои 90-и асри гузашта, ки Тоҷикистони азиз дар оташи ҷанги бародаркуш қарор дошт, ба авиатсияи тоҷик ва сохторҳои дар маҳалҳо будаи он таъсири манфӣ расид. Гузашта аз ин, зиёд техникаву таҷҳизоти соҳаи навигатсия, ки муҳлати аниқи истифода доранд, оҳиста-оҳиста муҳлати истифодабариашон мегузашт. Ин буд, ки маҳз Пешвои миллат иқдом гирифтанд, то баҳри рушду нумӯи соҳа ва дар асоси талаботҳои муосири Ассосиатсияи авиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ тамоми соҳаҳои авиатсияи тоҷик ба сохторҳои гуногуни хизматрасонию ҳавонавардии мустақил дар назди Агентии авиатсияи гражданӣ ҷудо карда шавад. Агар пеш танҳо аз майдонҳои ҳавоии Душанбею Хуҷанд ба давлатҳои ИДМ тайёраҳо дар парвоз бошанд, ҳоло ба бешумор давлатҳои сайёра тайёраҳо аз Тоқикистони азиз дар равуоянд, ки дар ин замина хизмати «Тоҷикаэронавигатсия» дар хизматрасонии ин парвозҳо ва беҳтарии парвозҳо басо калон арзёбӣ карда мешавад. Кормандони «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳар қадаму ҳар нафас дастгириҳои Пешвои муаззами миллатро эҳсос менамоянд ва чун сарбозони содиқи Пешвои муаззам ҳамеша барои давлату миллат омодаи хизмат мебошанд».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here