Тағирёбии иқлим на танҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад , балки боиси сар задани ҳама гуна офатҳои табиӣ мегардад. Бахусус, гарм гаштани ҳаво метавонад боиси тез об шудани пиряхҳо ва сероб гаштани дарёҳо гардад, ки ин ба омадани сел мусоидат мекунад ва сабаби обхезии дарёҳо мегардад. Инчунин тағирёбии иқлим боиси фаромадани ярч, боридани боронҳои сел, жола мегардад.
Ҳар сол танҳо жола ба иқтисоди олам ба андозаи 5,2 миллиард доллари ИМА зарар мерасонад. Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Кишвари мо аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва иқлим ба жола ва борону сел ҳам осебпазир аст ва ҳар сол дар манотиқи гуногун садҳо гектар заминҳои кишт ва боғу токзор ҳадафи жолаю сел қарор мегиранд ва ҳисороти зиёде ба кишоварзон мерасонад. Жолаю борон бештар замоне мезанад, ки дар киштзорон сабзаҳо нав медаманд, зироат акнун неш мезанад. Аслан дар Тоҷикистон, аҳолӣ аз сел зарар мебинанд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 21 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи зарари он 34 млн. 218 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Фаромадани сел 52.3 % ташкил медиҳад.
Чораандешии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар паст кардани хатари офатҳои табиӣ
Яке аз вазифаҳои асосии Тоҷикистон ин тақвият додани устувории иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ тавассути паст кардан, идора ва мубориза ба хатарҳои зиёди табиӣ мебошад. Ҳамасола дар моҳи октябр ба ифтихори Рӯзи байналмилалии кам кардани хатари офатҳо, дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Барномаи Рушди СММ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва шарикон як қатор чорабиниҳои огоҳсозӣ гузаронида мешавад.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки тӯли шаш моҳи соли 2018 дар кишвар аз ҳолати фавқулодда ба хоҷагии халқ 28 миллиону 988 ҳазору 400сомонӣ зарар расидааст. Дар натиҷа ба 1485 хона (1437 адад зарари сабук, 28 адад пурра ва 20 адад қисман), 78 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 21 дармонгоҳ, 5 иншооти маданиву маишӣ, 11.346 км роҳи нақлиёт, 47.151 км хати интиқоли барқ, 1.588 км иншооти соҳилбандӣ, 69.75 км хати обёрӣ ва каналҳо, 74.5 км заҳбуру заҳкаш, 15.5 км селпартовҳо, 10 пойгоҳи обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ, 26 иншооти гуногуни хоҷагии халқ, 1063 адад иншооти ёрирасон, 3836.99 гектар кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ зарар расидааст.
Идоракунии хатари офатҳои табиӣ яке аз самтҳои фаъолияти асосии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2003 инҷониб БР СММ дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳоро ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, таҳкими потенсиали ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дастгирӣ намудааст. Дар амалисозии ду Стратегияи миллии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз офатҳои табиӣ дар байни аҳолии осебпазир, такмили идоракунии хавф дар сатҳҳои сиёсат, ҷорӣ намудани ҷузъҳои хавфи офатҳои табиӣ дар Нақшаи рушди ноҳияҳо, коркарди санадҳои ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар самти хавфи офатҳои табиӣ лоиҳаҳое мебошанд, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда равона гардидаанд. Лоиҳаҳои мазкур аз тарафи донорҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Ҳукумати Ҷопон, Ҳукумати Федератсияи Русия, Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ оид ба рушд, Агентии рушди Канада, Департаменти Британияи Кабир оид ба рушд, Идораи ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстонаи СММ ва захираҳои молиявии БР СММ маблағгузорӣ мешаванд.
Оид ба паст кардани хатарҳои офати табиӣ сардори Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Холиқов чунин маълумотро пешниҳод намуд: «Тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи ноҳияҳо дар вилоят 461 мавзеи хатарнок мавҷуд аст, ки аз он 356 хатарнок ва 45 тояш хело хатарнок мебошад. Дар ин ҷойҳои хатарнок 331 ҳазору 530 нафар зиндагӣ мекунанд. Аслан ин ҷойҳоро хатари омадани сел, ярч, обхезӣ ва эрозияи замин таҳдид мекунад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 9 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки зарари ин офатҳо 19 миллиону 544 ҳазору 242 сомониро ташкил медиҳад. Ба минтақаҳои осебпазир дар вилоят ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Ҳамадонӣ, Хуросон ва Кӯлоб дохил мешаванд. Мо дар баробари корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, инчунин бо мардум, бахусус бо мактабу муассисаҳои тиббӣ корҳои фаҳмонидадиҳии зиёд мебарем. Тавассути Маркази таълимие, ки дорем, ки сари ҳар чанд вақт намояндагони идораю мақомотҳои гуногуни вилоятро барои иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ даъват мекунем. Ба онҳо дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, расонидани кӯмак ба дигарон, инчунин бехатарии худу наздиконашон ва рафъи хатарҳои офатҳои табиӣ омӯзиш мегузаронем».
Маърифати экологии шаҳрвандон дар кадом сатҳ қарор дорад?
Тибқи иттилои мутахассисон ва коршиносон, маърифати экологии шаҳрвандон то ҳол паст аст. Аз ин рӯ, баъзан онҳо бо рафторҳои худ гирифториашонро бо офатҳои табиӣ бештар мекунанд. Онҳо дар ҷойҳои номувофиқ хона месозанд, ё бо партофтани партовҳо роҳҳои селгузарро маҳкам менамоянд. Онҳо ҳатто дар ҳоли сар задани офатҳои табиӣ чӣ гуна рафтор карданро низ намедонанд. Ноҳияи Хуросон ба гурӯҳи ноҳияҳои хатарзо ҳангоми офатҳои табиӣ дохил мешавад. Ба ақидаи роҳбари Маркази захиравии занон аз ноҳияи Хуросон Маърифат Хидирова, “Мардум бахусус занон, ба бурдани корҳои тарғиботӣ дар самти паст кардани хатари офатҳои табиӣ ниёз доранд. Имрӯз аллакай мо ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудем. Аз ин рӯ, мардум низ бояд муносибаташонро ба табиат дигар кунанд, аз захираҳои табиӣ дуруст истифода баранд. Ҳама дар хотир доранд, ки соли 2009 дар ҷамоати ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон омадани селу ярч боиси вайрон шудани садҳо хонаҳои истиқоматӣ ва бекор гаштани заминҳои кишт ва роҳҳо гашта буд. Ба ақидаи мутахассисон, худи мардум низ то андозае дар сар задани ин хатар гунаҳкор буданд. Онҳо на селпарто ва на тарзи дурусти истифодаи оби полезиро доштанд. Бо супориши Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва соҳибкорон ба онҳо хонаҳо сохтанд. Вале то дергоҳ сокинони деҳаи вайроншуда, бахусус занону кӯдакон дар ҳолати тарс қарор доштанд. Ташкилоти мо бо аҳолӣ, оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқуллода корҳои фаҳмонидадиҳии зиёде мебарад. Дар деҳаи навбунёде, ки ҳоло мардуми аз офати табиӣ зарардида зиндагӣ мекунанд, назар ва муносибаташон ба табиат тамоман дигар ва эҳтиёткорона шудааст. Чунин минтақаҳо дар ноҳияи Хуросон зиёданд, ки мо бо онҳо кор мебарем.“
Вазъи шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳодисаҳои фавқулода
Осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулоддаи обу ҳаво, аз ҷиҳати иҷтимоӣ фарқ мекунад. Масалан, одамони камбизоат ва пиронсолон, мардуми таҳҷоӣ, бахусус маъюбон ва кӯдакон аз тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулоддаи обу ҳаво таъсири номутаносиб мегиранд. Зарурати паст кардани осебпазирӣ инчунин дар он аст, ки ҳолати ҳозираи осебпазирии ин гурӯҳҳо ба қобилияти онҳо баҳри самаранок муқовимат кардан бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим таъсири мутаносиб дорад. Агар солҳои пеш ба онҳо ҳамчун маъюб аҳли ҷомеа танҳо нигоҳи хайрхоҳона дошт, вале пас аз қабули Конвенсияи СММ “Оид ба ҳуқуқи маъюбон“ вазъи онҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беҳтар гардид. Вазъро дар Тоҷикистон роҳбари ҷамъияти маъюбон Фирӯз Ҳамроев чунин баҳогузорӣ намуд: “Дар ҳақиқат маъюбон ба гурӯҳҳои осебпазир дар ҳолатҳои фавқуллода дохил мешаванд. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар ба мо семинарҳои омӯзишӣ доир ба вазъиятҳои фавқулодда мегузаронад, ки мо дар навбати худ, дарсҳои омӯхтаи хешро ба дигар шахсони имконияташон маҳдуд дар минтақаҳо меомӯзонем. Инчунин мо ҳама талаботу пешниҳодҳои хешро ба онҳо ирсол медорем, ки дар ҳоли сар задани вазъияти фавқуллода онҳо ба мо кӯмаки беҳтар ва саривақтӣ расонанд. Албатта, нисбати солҳои пешин ҳоло ба биноҳои навсохт роҳ барои аробачаҳои маъюбӣ месозанд, вале дар ҳолатҳои фавқулодда мо мушкилиҳои зиёде дорем. Агар маъюб ношунаво бошад, бояд роҳи баромад ё хатар бо рангҳои махсус нишон дода шавад. Барои нобиноён, ки онҳо расму лавҳаҳоро намебинанд, бояд ресмонҳои махсус кашида шаванд, то онҳо онро дошта, аз ҷои ҳодиса берун раванд. Барои маъюбоне, ки ҳаракат карда наметавонанд, ба онҳо аробача ва ё зинаҳои махсуси иловагӣ барои ҳаракат лозим аст. Аммо айни ҳол чунин шароит барои маъюбон мавҷуд нест. Мо дар чунин ҳолатҳо танҳо ба наздикони худ барои наҷот ёфтан такя мекунем”.
Садамаҳои равониро баъд аз офати табиӣ чӣ гуна бартараф мекунанд?
Мушкилоти дигаре, ки аҳолӣ аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, ин ба садамаҳои рӯҳӣ гирифтор шудани онҳо мебошад. Ин пеш аз ҳама аз даст додани наздикони худ, молу ашё, хона ва тарсу ҳарос барои зинда мондан мебошад. Махсусан кӯдакон, занони ҳомиладор ё шахси дорои маълулияти маҳдуд, одамони солхӯрда, беморон аз офатҳои табиӣ бештар зарар мебинанд. Ғамхорӣ барои кӯдакон ҳамеша бояд зери диққати калонсолон бошад. Набояд фаромӯш кард, ки танҳо дар 20 соли охир дар натиҷаи офатҳои табиӣ тақрибан 3 млн. нафар ҳалок шудаанд, ки ҳар сеяки онҳо кӯдакон мебошанд.
Устоди ДМТ, равоншинос Алиаҳмад Ёрмаҳмадов аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар Тоҷикистон шумораи равоншиносон басанда нест, то дар ҳолатҳои зарурӣ ба мардум кӯмаки равонӣ расонанд: “Дар щар минтацаи Тоҷикистон низ бояд марказҳое бошанд, ки онҷо ҳамеша равоншиносон ва кормандони иҷтимоӣ фаъолият намоянд. Мардум бахусус кӯдакон ва занон баъд аз ҳодисаҳои фавқуллода то чанд муддат дар ҳолати шок қарор мегиранд, ба кӯча намебароянд. Аммо зарардидаҳои офатҳои табиӣ бояд дар танҳоӣ набошанд, онҳо бояд бо ҳам ҷамъ оянд. Бо кӯдакон ва калонсолон дар алоҳидагӣ бояд кор кард. Кӯдакон бо кашидани расм метавонанд ҳодисаҳои аз сар гузаронидаи худро тасвир кунанд, ки ин то чӣ андоза таъсири равонӣ гирифтани кӯдакро муайян месозад. Бо калонсолон бояд имкон диҳем, ки ҳодисаҳоро нақл кунанд ва ҳатто гиря кунанд. Ин воситаест, ки онҳо тарсу мушкилоти равонии худро берун мекунанд.”
Бо дарназардошти тамоми комплекси наҷотдиҳӣ, тадбирҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ имкон медиҳад, ки се марҳилаи инкишофи ҳолатҳое, ки боиси ихтилоли гуногуни психологӣ мешаванд, муайян карда шаванд. Давраи аввал давраи шадид аст, ки бо таҳдиди ногаҳонии ҳаёти худ ва марги наздикон тасвир шудааст. Ин аз ибтидои хатар то анҷоми кори наҷотдиҳӣ идома меёбад. Дақиқаю соатҳо барои онҳо хело тӯлонӣ менамояд, ки ҳамаи ин ба ҳолати равониашон таъсири манфӣ мерасонад. Дар давраи дуюм зиндагӣ дар ҷои аз хатар дур оғоз мегардад. Вале аз даст додани наздикон, молу хона ва инчунин дубора такрор шудани офати табиӣ ҳолати равонии зарардидаро вазнинтар мегардонад.
Дар давраи сеюм онҳоро ба ҷои бехатар аз манзили худ бояд кӯчонанд. Онҳо хело дер ба ҷои нав мутобиқ мешаванд. Инчунин ҳамеша дар андешаи хонаю дари вайронгаштаашон мебошанд.
Шаҳрвандони кишвар метавонанд дар ҳолати сар задани ҳолатҳои фавқулодда тариқи телефони 112, инчунин, рақами 221-91-10 ба навбадорони Кумита занг зананд.
Сурайёи Шуҷоат