Тибқи иттилои сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар кишвар то 11.05.2017-ум 34 адад ташкилотҳои амонатии қарзӣ фаъолият мекунанд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30-юми июни соли 2017 дар маҷмуъ 96 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 16 адад бонк, 34 адад ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, 13 адад ташкилотҳои қарзии хурд ва 33 адад фондҳои қарзии хурд фаъолият менамоянд. Шумораи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ 354 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба охири соли 2016 то 83 адад филиал кам ба назар мерасад.

Имрӯз дар кишвар ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ давои дарди мардум гаштаанд. Ин аст, ки мардум барои раҳоӣ ёфтан аз мушкилоти худ ба ин ташкилотҳо боварӣ доранд ва ҳамарӯза мо шоҳиди он ҳастем, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд. Чун ин ташкилотҳои хурд барои мардум маблағи нақдро ба фоизи нисбатан паст ва қулай пешниҳод мекунанд. Иқтисодчиёни тоҷик низ бар он назаранд, ки имрӯз аз бонкҳо дида, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ (микрофинансовые организации) ба дарди мардум бештар мехӯранд, чунки фоизи ин ташкилотҳои хурд аз бонкҳои калон камтару шароитҳояшон афзалиятноктар аст. Агар фоизи бонкҳои калон то 60 дарсадро ташкил диҳад, аз ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ хеле кам аст, ки мардумро қонеъ мекунад.
Иқтисодшиноси тоҷик Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ташкилотҳои қарздиҳии молиявии хурд аслан барои кишварҳое ҳастанд, ки иқтисодашон заиф аст.
— Аҳамияти созмонҳои хурди қарзӣ хеле калон аст ва мушкилии мардумро осон мегардонад. Фоизи созмонҳои хурди қарзӣ баланд нест, чунки инҳо қарзи дарозмуддат ба монанди 1000 ё 500 доллар намедиҳанд. Вале муҳлатшон дароз нест, яъне метавонад қарзашон камтар бошад, ба ҳами хотир, ин пештар аст,- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ин иқтисодшиноси тоҷик, созмонҳои хурди қарздиҳии молиявии хурд дар Тоҷикистон хеле зиёданд, вале аслан “Имон интернешнл” тавони молии ҳал намудани мушкилоти мардумро дорад ва нисбати дигар ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар кишвар ин ташкилот муваффақ ҳам аст.
Иқтисодчии дигари тоҷик Абдурақиб Қодиров бар он ақида аст, ки дар шароити ҳозира, ки Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо буҳрони иқтисодиро паси сар мекунад, фаъолияти ташкилотҳои молиявии хурд иқтисодиёти Тоҷикистонро дар ҳолати устувор нигоҳ медорад. Ӯ мегӯяд: “Аслан, дар шароите, ки бо сабабҳои манфии иқтисоди беруна муассисаҳои молиявии бузургтар дучори мушкилии пардохтнопазирӣ гардидаанд, фаъолияти ташкилотҳои молиявии хурд, ки ба додани қарзҳои калонҳаҷм ба муҳлатҳои кӯтоҳ пешбинӣ шудаанд, яке аз омилҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати устувор нигоҳ доштан аст”.
Ҳамзамон, ӯ мегӯяд, ки ин ташкилотҳои молиявии қарздиҳии хурд дар ҳалли мушкилоти ҷории иҷтимоии мардум, ҷиҳати дарёфти қарзҳои хурд, пешбурди рӯзгор, инчунин ҷиҳати дастгирии соҳибкорони хурд дар масъалаи дастрас намудани маблағҳои зарурӣ мусоидат менамоянд. Ба қавли ӯ, бонкҳо ҳамчун муассисаҳои калони молиявии бузург баҳри ҳалли ҳамаи мушкилоти ба миён омадаи аҳолӣ, дар масъалаи таъминот бо талаботи қарзӣ чандон коромад нестанд. Дар онҷо ҳатман тартиби ташкилоти гарав, барасмиятдарорӣ ва шартномаи қарзгирӣ аз дигар равандҳо хос аст, ки дар муассисаҳои молиявии қарзии хурд ин чизҳо осонтар аст.
Чунин ба назар мерасад, ки ташкилотҳои молиявии хурд дар Тоҷикистон нисбат ба бонкҳо фаъолтар ҳастанд ва теъдоди мизоҷонашон низ аз бонкҳо зиёд аст. Ин ташкилотҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна амал мекунанд? Бо мардум то кадом андоза дар иртибот ҳастанд? Мушкилоти мардумро чӣ гуна осон мегардонанд? Суолҳоест, ки бояд ҳар яки мо аз ин бохабар бошем.
Муродов Шарифбой, раиси ташкилоти молиявии хурди “Имон Интернешнл” дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо мо ба ин суолҳо посух дод, ки онро ба чанд қисмат ҷудо кардан мумкин аст:
1. Аҳамияти ташкилотҳои хурд дар иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон хело баланд аст. Аввал ин ки, соҳибкорон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути ин бонкҳо ва ташкилотҳо на танҳо гирифтани пули нақд, ҳамзамон метавонанд кортҳои пластикӣ гиранд, амонату суратҳисоб, пасандоз ва дигар корҳои худро ҳал намоянд, ки мардум аз ин чизҳо хуб огоҳанд. Қариб 90 фисади соҳибкорон бо он ин усул бо бонкҳо кор мекунанд. Чӣ мубодилаи асъор, чӣ кушодани суратҳисоб, чӣ интиқоли маблағ, чӣ хел гирифтани қарз барои тиҷорати онҳо зарур аст… Шиносоӣ бо фаъолияти бонкӣ дар ҷумҳурӣ худ пешрафт аст ва саҳми ташкилотҳои қарзии хурд дар он аст, ки сатҳи рақобатпазирӣ дар ҷумҳурӣ барои ҷалби мизоҷ, барои сифати хизматрасонӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ хеле баланд шуд.
2. Мардум агар аз гирифтани пули калон аз бонкҳо ҳарос дошта бошанд, метавонанд аз ташкилотҳои қарзӣ бемалол маблағ гиранд. Маблағ барои соҳибкорӣ, барои харидани хона, барои таъмини хона, барои дониши фарзандон, барои соҳибкорон, барои харидани мебел ва дигар мушкилиҳои рӯзгор. Дар ин мавридҳо ташкилотҳои мазкур хизмат мерасонанд.
3. Агар мардум бо бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ кор кунанд, ҳамнчун як шарики асосӣ барои тиҷорат, барои бартараф кардани камбудиҳо хеле кӯмак мерасонанд ва қарзгиранда худро муттаҳаму қарздор ва забонкӯтоҳ ҳис намекунад. Онҳо инро хуб медонанд, ки бо ташкилоти қарзӣ ҳамкории дуҷониба кунанд, ба ҳар ду тараф манфиатовар аст.
4. Бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон айни замон ташкилотҳои қарзӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши молиявии шаҳрвандон, мизоҷон дарсҳо гузаронида истодаанд. Албатта, ин чизҳоро мо дар донишгоҳҳо ва мактабҳо ва синфҳои болоӣ мегузаронем, то ин ки фаҳманд пул чӣ аст, чӣ хел муомила кардан даркор, қарз чӣ аст, тарзи дуруст бурдани ҳисоботи даромади худ, хароҷотҳоро чӣ гуна ба назар гирифтан даркор. Аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ин корҳо анҷом дода мешаванд, то ин ки сатҳи дониши молиявии шаҳрвандонро баланд бардорем.
Вале, агар мо Тоҷикистонро дар ин робита бо кишвари Русия муқоиса кунем, қарзи аз ҳама хурде, ки ташкилотҳои хурди қарздиҳии ин кишвар медиҳанд, аз 500 то 1000 ва қарзи аз ҳама баланд 60 000 рубли русиро ташкил медиҳад. Аммо дар Тоҷикистон агар ташкилоти хурди қарздиҳии “Имон интернешнл”-ро намуна оварем, қарзи аз ҳама хурди ин ташкилот аз 1000 сомонӣ сар шуда, то 500 000 сомониро ташкил медиҳад.
Фарқияти дигари ташкилотҳои хурди қарздиҳии ин ду кишвар дар он аст, ки ин гуна ташкилотҳои хурди Русия нисбатан маблағи кам қарз медиҳанд ва танҳо барои дастгирии муҳоҷирон фаъолият мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ бо ҳамаи қишри ҷомеа ҳамкорӣ доранд.
Дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Миёна, ба мисли Қазоқистон ё Қирғизистон бошад, қарзи солонаи бонкҳои тиҷоратиашон ба наздики 12 фисад мерасад, вале дар Тоҷикистони мо 60 фисадро ташкил медиҳад.
Аз ин хотир, таҳлилгарони тоҷик бар он назаранд, ки маҳз ба хотири баланд будани фоизи бонкҳо иқтисодёти кишвари мо пеш намеравад.
Коршиносон чунин мешуморанд, ки имрӯз шумораи истифодабарандагони хизматрасонии муассисаҳои молиявии хурд назар ба бонкҳои бузург дар Тоҷикистон бештар аст. Мардум нисбат ба он, ки ба бонкҳои бузург муроҷиат кунанд, ба муассисаҳои молиявии хурди қарздиҳанда бештар мароқ зоҳир мекунанд. Зеро дар муаассисаҳои хурди молиявӣ нисбатан шарту шароити осонтар ё сабуктар вуҷуд дорад. Масалан, инҳо бегарав қарз медиҳанд, фоизҳои қарзии он ҳам нисбатан поёнтар аст. Дар бонкҳои бузург бошад, дарёфти қарз нисбатан мушкилтар аст.

Фарзонаи УМАРАЛӢ,
Фариза ФАЙЗИДДИНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here