Тайи солҳои охир лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар расонаҳои гуногуни кишварҳои болооб ва поёноб мавриди мубоҳисаҳо қарор гирифта, боиси вокуниши бархе аз ашхоси баландпояи ҳамсоякишварҳо гаштааст. Бахусус, аз ҷониби коршиносони Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба сохтмони НБО-и «Роғун» тайи солҳои охир сарусадо баланд карда мешуд. Аммо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои поёноб бунёди НБО-и «Роғун» манфиатовар хоҳад буд.

Таваҷҷуҳ мекунем ба таърихчаи сарчашмаи лоиҳаи НБО-и «Роғун»:

Лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1950-1960 дар доираи нақшаи рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Сарраёсати энергетика ва электрификатсияи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон соли 1968 барои тартиб додани лоиҳаи техникии НБО-и «Роғун» ба шуъбаи Осиёмиёнагии Институти «Гидропроект» дар шаҳри Тошканд фармоиш дода, Асосноккунии Техникию Иқтисодии (АТИ) лоиҳа соли 1976 ва Лоиҳаи техникии он соли 1980 тасдиқи амалии худро ёфт.

Умуман, марҳилаи корҳои тайёрии сохтмони НБО пас аз тасдиқи АТИ соли 1976 оғоз ёфт. Нахустин сохтмончиён моҳи сентябри соли 1976 ба Роғун омаданд. Трансформаторҳо ва чархаҳо дар Украина ва гидрогенераторҳо дар Свердловск сохта мешуданд. Ҳамагӣ дар лоиҳа 300 коргоҳи ҷумҳуриҳои Шӯравӣ иштирок карданд. Барои сохтмончиён дар ин мавзеъ шаҳри Роғун бунёд ёфта, хонаҳои серошёна ва боғчаи бачагонаи «Юнга» мавриди истифода қарор гирифт. Гарм кардани бино тавассути печҳои электрикӣ сурат мегирифт.

Пеш аз ҳама, кандани нақбҳои сохтмонӣ дар мавзеи хокаш нарму ковоки зери фишори баланд қарордошта оғоз ёфт. Баробари кандани нақб дарҳол корҳои бетонрезӣ сурат гирифт. Дар як моҳ даҳҳо метр нақб канда шуда, мувофиқи лоиҳа 63 километр нақб бояд канда мешуд. Ба ин хотир барои тезонидани корҳо ба кандани нақбҳо ва аз мобайн ба воситаҳои чоҳҳои иловагӣ оғоз намуданд. Барои рехтан ва мустаҳкамкунии (отсыпка плотины) сад конвейерҳои чандинкилометра сохта шуд, ки муҳлати сохтмонро коҳиш дода, 80 миллион рубли Шӯравиро сарфа намуд ва ин дар муқоиса ба кашидани бор бо мошинҳои калони боркаш фоиданок буд.

Сохтмони НБО-и «Роғун» соли 1982 оғоз гардид. 27-уми декабри соли 1987 дар назди нақбҳои нотамоми сохтмонӣ маҷрои дарёи Вахшро бастанд. Соли 1993 баландии сохтмон ба 40 метр расида, масофаи нақб 21 километрро ташкил дод, коркарди толори мошинӣ ба 70 % ва толори трансформаторӣ ба 80 % расонида шуд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони НБО бинобар вазъи ноороми ҷумҳурӣ қатъ карда шуд, ҳарчанд дар ҳолати соли 1993 аллакай баландии сад ба 40 метр, масофаи нақбҳои кандашуда 21 километрро ташкил медод. Ҳамзамон ҳаҷми корҳои баанҷомрасида дар толори мошинҳо ба 70 % ва толори трансформаторӣ ба 80 % расонида шуда буд. Дар натиҷаи офати табиии 8-уми майи соли 1993 қисмати болоии сохтмон зери обхезӣ монда, нақбҳо ва толори мошинӣ қисман хароб шуд.

Соли 2004 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Русал» оид ба идомаи сохтмони НБО шартнома ба тасвиб расид. Бо маблағҳои «Русал» асосноксозии фаннию иқтисодӣ ба ҷо оварда шуда, дар майдончаи сохтмони НБО як қисми корҳо ба ҷо оварда шуд, аз ҷумла, толори мошинӣ хушк карда шуд. Аммо ҷонибҳо ба як қатор масъалаҳои принсипиалии лоиҳа ба ҳам мувофиқ наомаданд, аз ҷумла, сатҳи баландии садд ва шакли он («Русал» пешниҳод намуд, ки садди бетонӣ бо баландии 285 метр бунёд ёбад) ва сентябри соли 2007 Тоҷикистон расман шартномаи худро бо ширкати «Русал» қатъ намуд.

Қисме аз таҷҳизоти лозима, аз ҷумла, ду гидротурбинаи РО310-В-483,5 истеҳсоли корхонаи Харков «Турбоатом», ҳанӯз ибтидои соли 1990 ба минтақаи НБО-и «Роғун» оварда шуда буданд.

Лоиҳаи НБО-и «Роғун» аз идеяи аввалии мусоидат ба обёрии минтақавӣ ба нақшаи кунунӣ, ки НБО-и «Роғун»-ро ҳамчун лоиҳаи фарогир баҳри тавлиди нерӯи барқ, танзими ҷараёни об, мубориза бо обхезиҳо ва назорати таҳшинҳои дарёӣ муайян мекунад, табдил ёфт.

Сохтмон дар ин мавзеъ аз соли 2008 аз нав оғоз гардид, аммо аз соли 2012 инҷониб дар қитъа танҳо корҳои таъмин намудани бехатарӣ ва хизматрасонии техникӣ гузаронида мешуданд. Соли 2010 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» тендер эълон гардида буд. Соли 2011 Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани тадқиқоти Арзёбии техникӣ ва иқтисодӣ барои лоиҳаи НБО-и «Роғун» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо намуд. Ширкатҳои машваратии швейтсарии POYRU — Engineering balanced sustainabilitu LTD ва фаронсавии Сoyne&Bellier дар тендер ғолиб омада, дар самти техникӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ тадқиқотҳо ҷараён гирифт. Мутахассисону коршиносони ширкатҳои мазкур оид ба баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии НБО «Роғун» корҳои омӯзишию тадқиқотиро давра ба давра гузарониданд.

Дар яке аз машваратҳои аъзои гуруҳи корӣ, ки дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон роҷеъ ба пажуҳиши муқаддамотии ҷуғрофиёии соҳили рости рӯдхонаи Вахш ва таҳқиқи гидрологии нерӯгоҳи «Роғун» сурат гирифт, коршиносон ба хулосае омаданд, ки “маҳалу навъи садди интихобшуда барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» муносиб аст”.

Рӯзҳои 14-16-уми августи соли 2014 дар шаҳрҳои Роғун ва Душанбе муҳокимаи ҷамъиятии ҳисоботи арзёбии таъсири экологию иҷтимоии НБО-и «Роғун» баргузор гардид. Яке аз аъзои гуруҳи корӣ доир ба баҳогузории Лоиҳаи таъсири экологию иҷтимоии НБО-и «Роғун» муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарипова, ки дар чор машварат бо коршиносони байналмилалӣ иштирок доштааст, зимни суҳбат чунин ибрози назар намуд: «Баъд аз гузаронидани тадқиқот коршиносони байналмилалӣ дар самти Арзёбии техникӣ-иқтисодӣ ва экологию иҷтимоӣ ба чунин натиҷа расиданд, ки истифодабарии НБО-и «Роғун» ва тамоми силсиланерӯгоҳҳои Вахш аз лиҳози техникӣ имконпазир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок мебошад. Тадқиқотҳои гузаронида нишон медиҳанд, ки варианти беҳтарини истифодабарии обанбор ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои поёноб тибқи созишномаҳое, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарордодҳои иловагие, ки байни кишварҳои соҳибистиқлол баста шудаанд, бояд амалӣ карда шавад.

Тарҳи НБО-и «Роғун», ки дар доираи Арзёбии техникӣ ва иқтисодӣ тавсия мешавад, дорои садди иборат аз сангу шағали баландиаш 335 метр буда, бо теғаи садди обанбор дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр (м.а.с.б.) ва обанбор мебошад, ки сатҳи оби он ё ба истилоҳ «сатҳи максималӣ» (СМ) дар баландии 1290 м.а.с.б. ҷойгир аст. Тарҳҳои алтернативӣ, ки паст кардани баландии садд барои расидан ба «сатҳи максималӣ» 1255 ва 1220 аз сатҳи баҳр низ дар доираи Арзёбии техникӣ ва иқтисодӣ (АТИ) баррасӣ гардида, дар Баҳодиҳии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ (БТЭИ) муқоиса шудаанд. Дар ҷадвали поён параметрҳои асосии ин вариантҳо оварда шудааст:

Алтернатива

 

СМ 1290 м.а.с.б СМ 1255 м.а.с.б СМ 1220 м.а.с.б
Баландии садд  335 м

 

 300 м  265 м
Ҳаҷми умумии обанбор  13,3 км3  8,55 км3  5,22 км3
Ҳаҷми кории обанбор  10,3 км3  6,45 км3  3,93 км3
Масоҳати обанбор  170 км2

 

 114 км2  68 км2

Машваратчиёни байналмилалӣ варианти лоиҳаи НБО-и «Роғун»-ро бо баландии 1290 метр аз сатҳи баҳр қобили қабул донистанд. Ҳангоми гузаронидани тадқиқот коршиносони байналмилалӣ ба чунин натиҷа расиданд, ки дар сурати кори силсилаи неругоҳҳо минтақаи Роғун дар наздикии пайвастшавии дарёи Вахш ва Панҷ ҷойгир шудааст, реҷаи пешбинишудаи истифодаи НБО-и «Роғун» ба “Бешаи палангон” ягон таъсири иловагӣ намерасонад. Дар сурати таъмин намудани идоракунии устувори дурусти партофти об бо мақсади пешгирии зарар ба поёноб метавон ҳатто беҳтаршавии ҳолати мамнуъгоҳро мушоҳида кард.

Тибқи тадқиқотҳои техникӣ дар доираи қарордодҳо ва таҷрибаҳои мавҷуда Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳиссаи оби ба он ҷудокардашударо истифода намояд. Ҳадафи асосии лоиҳа истеҳсоли нерӯи барқ бо мақсади паси сар кардани норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон мебошад. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин ният дорад тақсимоти кунунии ҷараёни обро дар дарёи Вахш тавассути табдилдиҳии НБО-и «Норак» ба нерӯгоҳи муқаррарии маҷроӣ нигоҳ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки реҷаи ҷоришавии обро дар дарёи Вахш тағйир намедиҳад. Қобили зикр аст, ки НБО-и «Роғун» имкон медиҳад аз ҳисоби нигоҳ доштани таҳшинҳо муддати истифодабарии Норак ва тамоми силсилаи гидроэнергетикии Вахшро дароз кунад. Ҳамчунин НБО-и «Роғун» метавонад дар таъмин намудани истеъмолкунандагони об дар кишварҳои поёноб дар солҳои камбориш хизмат кунад.

Саъдӣ МАҲДӢ,

Ғафур МУХАМЕДОВ,

Ҷамолиддин ЁҚУБОВ,

дотсентони ДМТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here