Маркази ташхиси минтақавии Тоҷикстандарти шаҳри Панҷакент дар соли 2020 новобаста аз мушкилоти баамаломадаи паҳншавии бемории коронавирус ва дигар маҳдудиятҳо дар самти иҷрои нақшаҳои тасдиқгардида дастуру супоришҳои мақомоти болоиро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст кардааст.
Меъёршиносони минтақаи Зарафшон дар самти татбиқи дастуру супоришҳо, нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифагузориҳои Агентии Тоҷикстандарт ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи соли 2020-ро бо нишондоди 101% таъмин кардаанд. Бояд қайд кард, ки дар соли 2020 ҳамаи намудҳои андоз, маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоӣ, музди маош ва дигар хароҷотҳо пардохт гардидаанд.
Дар озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокаи Марказ дар соли 2020-ум 1021 намунаи маҳсулоти хӯрокворӣ аз ташхис гузаронида шудааст, ки 155 намунаи онҳо маҳсулоти ғайристандартӣ дониста шудаанд. Аз рӯи ҳолати тамғагузорӣ 71 ҳолат ба миқдори 5970,385 кг аз рӯи сифат ва бехатарӣ 84 ҳолат 1998,34 кг, дар маҷмуъ 155 ҳолат миқдори умумии 7968,725 кг-ро ташкил медиҳад. Мутобиқи хулосаи озмоишгоҳ, фурӯши маҳсулоти хӯрокаи ғайристандартӣ манъ гардида, ҳуҷҷатҳо барои чораҷӯӣ ба нозирони савдо пешниҳод карда шудаанд.
Дар соли 2020 дастоварди бузурги озмоишгоҳ — ин кушода шудани озмоишгоҳи микробиологӣ мебошад. Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз тарафи маъмурияти Марказ харидорӣ гардида, як нафар мутахассис ба тариқи озмун, ки дар Маркази вилояти Суғд баргузор гардид, ба кор қабул карда шуда, ба Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд барои таҷрибаомӯзӣ равона карда шудааст. Маъмурияти Марказ нақша дорад, ки дар соли 2021 фаъолияти расмии озмоишгоҳро бо иштироки роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт оғоз намояд.
Бо зиёд гардидани шумораи иншоот дар шаҳру деҳоти Панҷакент ва минтақаи Зарафшон ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як омили муҳими сифати корҳои сохтмону васлӣ, ороишӣ ба масолеҳи биносозии стандартӣ вобаста аст. Илова бар ин, талабот ба маҳсулоти нафтӣ сол то сол бештар мегардад. Бо мақсади таъмини иншооти сохташаванда ва воридоти маҳсулоти нафтӣ роҳбарияти Марказ фаъолияти ташхисгоҳи масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти нафтиро таҳти назорати доимӣ қарор додааст. Вазифаҳои асосии озмоишгоҳ тасдиқи нишондодҳои сифати маҳсулоти сохтмонӣ мувофиқи дархости истеҳсолкунанда ва ташкилотҳои сохтмонӣ гузаронидани ташхисҳои масолеҳи сохтмонӣ иборат мебошад. Дар соли 2020 аз тарафи озмоишгоҳи масолеҳи сохтмонии Марказ дар маҷмуъ 593 намунаи масолеҳи сохтмонии ташкилотҳои сохтмонӣ аз ташхис гузаронида шудааст.
Дар ташхисгоҳи маҳсулоти нафтии Марказ давоми соли 2020 дар маҷмуъ 90 намунаи маҳсулоти нафтӣ аз тарафи мутахассисони бахши нозироти савдо ва соҳибкорон пешниҳод гардида, мутахассисони ташхисгоҳ сари вақт ташхисро анҷом дода, аз рӯи хулосаҳо протоколҳои зарурӣ тартиб дода шудаанд. Дар соли 2020 корҳои иҷрошудаи ташхисгоҳи маҳсулоти нафтӣ 116% мебошад.
Дар соли 2020 ба шуъбаи баҳодиҳии мутобиқат 269 дархост барои гирифтани сертификати мутобиқат ворид гардидааст. Бояд қайд намуд, ки ба маҳсулоти воридотӣ 186 адад Сертификати мутобиқат дода шудааст. Дар соли 2020-ум 268 адад Сертификати мутобиқат ба маҳсулоти воридотӣ, истеҳсоли бозори дохилӣ ва 1 адад ба маҳсулоти содиротӣ дода шудааст.
Ҳамкориҳо бо Хадамоти гумруки шаҳри Панҷакент мутобиқи талаботи қонунгузориҳо ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти пешгирӣ аз бемории сирояти коронавирус ҳамкорӣ ҷиҳати риояи одоби хизматчии давлатӣ ва муоширати соҳибкорон бо истеъмолкунандагон хеле беҳтар ба роҳ монда шуда, корҳои тарғиботӣ гузаронида шудаанд.
Дар соли 2020 аз тарафи мутахассисони Бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ дар 632 нуқтаҳои хизматрасонӣ корҳои шаҳодатномадиҳӣ гузаронида шуда, ба соҳибкорон шаҳодатномаҳои хизматрасонӣ дода шудааст.
Давоми соли 2020 аз тарафи мутахассисони шуъбаи таъминоти метрологӣ 11949 адад, аз ин шумора 6095 адад воситаи ченаки электромагнитӣ, 4058 адад воситаи ченаки механикӣ ва 1796 адад воситаҳои ченаки ҳароратӣ санҷида шуда, корҳои иҷрошуда ба 122 % баробар аст. Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси мутахассисони шуъбаи таъминоти метрологӣ, санҷиш ва калибровкаи воситаҳои ченак бори нахуст дастгоҳ барои санҷиши ҳисобкунакҳои обии аҳолӣ ташкил гардидааст, ки аз тарафи мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт оид ба истифодабарӣ иҷозат дода шудааст. Ҳуҷҷатгузории шуъбаи мазкур бо равзанаи ягонаи интернетӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаффофияти корҳои санҷиш ва калибровкаи воситаҳои ченакро таъмин менамояд.
Нозироти савдо яке аз бахшҳои асосии Марказ маҳсуб ёфта, ҳамарӯза назоратро дар самти пешгирӣ аз воридшавии маҳсулоти пастсифат, ба саломатӣ хатарнок ва риояи қоидаҳои савдо амалӣ менамояд.
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар арафаи ҷашну маросимҳо тавассути барномаҳои «Садо ва Симо дар шаҳри Панҷакент» эълон-ролики «Тоҷикстандарт огоҳ мекунад» пахш гардидааст. Бо мақсади робитаи мустақим бо истеъмолкунандагон нишонии элкктронии Марказ — panjakent@standard.tj фаъол буда, инчунин телефони боварии 5-60-68 барои муроҷиати шаҳрвандон хизмат мерасонад.
Директори Маркази ташхиси минтақавии Тоҷикстандарти шаҳри Панҷакент муҳтарам Н. Мӯсозода мегӯяд, ки «кормандони Марказ тамоми саъю кӯшишҳои хешро барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаю вазифагузориҳои роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт дар самти иҷрои қонунҳо равона намуда, дастовардҳои соҳаро боз ҳам беҳтар менамоянд ва барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонӣ ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд».
МТЖТ
«ТОҶИКСТАНДАРТ» ОГОҲ МЕКУНАД!
Истеъмолкунандагони гиромӣ!
Ҳангоми харидории ҳама гуна маҳсулот, бахусус маводи хӯрокворӣ ва таому нӯшокиҳои гуногун ҳатман ба сифатнокию муҳлати кафолат, рӯзи истеҳсол, муҳлати истеъмоли онҳо ва дақиқию низоми воситаҳои ченак (тарозуҳо) диққати ҷиддӣ диҳед. Ҳамзамон, пеш аз харидорӣ аз фурӯшандагон сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунед.
Аз харидории молу маводи шубҳанок худдорӣ намоед ва дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон (фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ, фурӯши маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта, кам чен кардан, кам баркашидан ва ғайра) ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоед.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 42/2
Тел: 2-33-68-69, 2-33-44-99
Рақами вайберӣ: 988-50-22-22