Тоҷикистон чандин солҳост, ки ба соҳаи гидроэнергетика аҳамияти хоса медиҳад ва имрӯз Ҳукумати кишвар дар ин самт сиёсати худро пурзӯр намуда истодааст.

Имрӯз, пеш аз ҳама, диққати Ҳукумат ба соҳаи гидроэнергетика бештар зоҳир мегардад. Сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон — «Роғун» идома дорад ва ду агрегати он ба анҷом расид. Кор дар ин сохтмон босуръат давом дорад. Чун дар даврони шӯравӣ бо сабабҳои гуногун ва омилҳои объективӣ ва субъективӣ мо натавонистем давлати худро аз буҳрони энергетикӣ раҳо бахшем, акнун, ки фурсат дар даст дорем, бояд босамар истифода намоем, зеро дар сурати ба истифода додани нерӯгоҳи «Роғун» метавон пурра талаботи дохилии кишварро қонеъ гардонд.

Имрӯз шукронаи истиқлолият бояд кард, зеро дар замони истиқлолият зиндагии мардум хеле ҳам беҳтар гардид. Сохтани нерӯгоҳҳо боиси пешравии иқтисодиёту амнияти иҷтимоиёт мегардад. Мо худ шоҳидем, ки дар аввали рӯзҳои истиқлол зимистонҳо нисфи аҳолии кишвар ба қувваи барқ дастрасӣ надоштанд. Имрӯз, хушбахтона, ҳама ба қувваи барқ таъмин аст. Барои ин ҳарчи зудтар моро зарур омад, ки мардумро ба қувваи барқ таъмин намоем ва онро сарфакорона истифода намоем, инчунин, миёни мардум дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем. Ва хушбахтона, мо ба истиқлолияти барқӣ даст ёфтем.

Бояд таъкид кард, ки имрӯз дар чанде аз кишварҳо норасоии барқ дида мешавад. Аммо ин мушкилӣ ба зудӣ роҳи ҳалли худро меёбад. Имрӯз Тоҷикистон нисбат ба ин масъала тадбирҳои ҷиддӣ андешида, пайваста таваҷҷуҳи масъулинро ба ҳалли мушкилоти соҳа ҷалб менамояд. Ҳамин аст, ки ҷанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафар намуда, бо кормандони НБО-и «Роғун» мулоқот анҷом дод. Зимни сафар таъкид намуд, ки «ҳарчанд иҷрои корҳо зери назорати доимии роҳбарияти Ҳукумат қарор дорад, мо имрӯз бори дигар бо ҷараёни корҳо аз наздик шинос шуда, шоҳиди пешравиҳои назаррас, хусусан, дар сохтмони сарбанд гардидем». Таъкид шуд, ки аллакай пешравиҳо дар сохтмони НБО «Роғун» дида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар ҷумҳуриамон сохтмони 12 лоиҳаи барқӣ идома дорад. Бахусус сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ромит, нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» ва ғайра аллакай шуруъ шудаанд, ки омили беҳтар намудани таъминоти барқ мебошад.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон бояд ба қадри ин ҳама ғамхории Пешвои миллат расем ва қувваи барқро сарфакорона истифода намоем. Бояд дар хотир дошта бошем, ки барқ — ин барои пешравии кишвар муҳим аст ва дуруст истифода бурдани он муҳимтарин масъала мебошад. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Дар робита ба ин, ба роҳбарону мутахассисони соҳаи энергетика таъкид месозам, ки доир ба омодагии иншооти соҳа, аз ҷумла шабакаҳои интиқоли барқ ва таҷҳизоти он ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода, инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар байни аҳолии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд».

Пас, имрӯз моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расем ва ба гуфтаҳои ашхоси фитнаҷӯ бовар накунем, ҳамзамон, дар самти сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ва ҳадафрас ба роҳ монем.

Талабшо АЗИЗОВ,

директори МТМУ №15-и ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here