Сохтмони иншооти бузурги аср НБО Роғун дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муҳим дорад, ки дар силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш аз боло дар қатори  9-ум ҷойгир буда, дар масофаи 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст. 

НБО Роғун аз 6 агрегат  иборат буда, иқтидори ҳар чарха 600 МВтро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин сарбанд аз сатҳи замин (сарбанди гилу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта ба иқтидори 360 МВт (беш аз 17 миллиард кВт.ст) калонтарин  нерӯгоҳи барқӣ- обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсоли НБО Норак якуним маротиба зиёд аст. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишварамон таконбахш бошад. Ин иншоот аҳамияти бузург дошта, иқтидори солонаи он беш аз 18 миллион кВт.ст нерӯи барқро ташкил медиҳад. Бо ба кор даромадани 6 чархи НБО Роғун Тоҷикистон имкон дорад, ки ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам кишварҳои минтақаро бо нерӯи барқ таъмин намояд. Алҳол дар ин иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ 18000 коргарону муҳандисони маҳаллӣ ва мутахассисони бархе аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фаъолият доранд. Маврид ба  зикр аст, ки агрегати аввали ин иншооти аср 16 ноябри соли равон ба истифода дода мешавад ва иқтидори тавлидии нерӯи барқи аз ҷиҳати экалогӣ истеҳсолшуда 1000 МВт ташкил мекунад. 

Инчунин, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ташхиси бозрасии фанниву зистмуҳитӣ НБО Роғун гузаронида шуд ва коршиносон ба хулосае омаданд, ки аз лиҳози экологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва бехатарӣ бунёди НБО Роғун мувофиқи мақсад аст ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба нерӯи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содир мекунад. Ҳамчунин, дар як қисмати ғарбии Ҷумҳури халқии Хитой, ки дар он бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии нерӯи барқ эҳсос мегардад. Тоҷикистон солона 1,5 миллиард кВт.ст ба кишварҳои хориҷӣ нерӯи барқ содир менамояд. Таъмини аҳолии кишвар бо нерӯи  барқ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. 

Дар стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёд намудани нерӯи барқ, сохтмони чархаи дуюми НБО Роғун ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 45 миллиард кВт  нерӯи барқ истеҳсол мешавад. Ин нишондод  дар қиёс бо соли 2015 се маротиба зиёд аст.

Соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлидоти барқ ба ҳар як нафар аҳолии мамлакат ҳудуди 2000 кВт.ст ташкил медод, ки ин нишондиҳанда то соли 2030 4 маротиба афзуда, ба 4000 кВт.ст. баробар мегардад. Он имконият медиҳад, ки таъминоти мардум бо нерӯи барқ ҳам дар минтақаҳо ва ҳам дар пойтахти мамлакат дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, корхонаҳои муштараки саноатӣ бунёд гарданд ва ба ин восита рушди иқтисодиёти мамлакатро бамаротиб баланд бардошта, дар пешрафти ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд. 

Мусаллам аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи минтақавии CASA — 1000 амалӣ мегардад. CASA — 1000 лоиҳаест, ки тибқи он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон, Афғонистон ба Покистон пешбинӣ гардидааст ва дар ин самт созишнома ба имзо расидааст. Ин созишнома имконият медиҳад, ки ҳар сол ҳудуди 5 миллиард кВт нерӯи  барқӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир мешавад, ва аз он 3 миллиард кВт.ст ба Тоҷикистон рост меояд. Лоиҳаи CASA — 1000 — ро бештар аз 10 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ кардаанд, ки тибқи ин лоиҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавлид, фурӯш ва содироти нерӯи барқ афзалияти бештар дорад. 

 

Умедҷони Лоиқшо,

Муовини декан оид ба корҳои таълимии факултаи филологияи тоҷики ДДОТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here