(Гузориши тасвирӣ аз парвози нахустини ҶСК «Тоҷик Эйр» ба Самарқанд)

Рӯзи 28-уми июли соли равон ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустини худро дар хатсайри Душанбе-Самарқанд-Душанбе бомуваффақият анҷом дод. 

Ҳавопаймои Boeing 737-300-и ҶСК «Тоҷик Эйр» соати 9:00-и субҳ бо 144 мусофир аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба самти Самарқанди бостонӣ парвоз намуд. Дар парвози нахустин дар ин хатсайр Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр», намояндагон аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», КВД «Тоҷикаэронавигатсия», фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорону мусофирон ҳамсафар буданд. Пас аз гузашти 35 дақиқа ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд фуруд омад. Мусофирони нахустхатсайри Душанбе-Самарқанд-Душанберо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Самарқанд хуш истиқбол гирифтанд.

Бо роҳнамоии онҳо ҳайати ҳамсафарон аз Мақбараи Хоҷа Дониёр, Гӯри Мир, майдони Регистон, Осорхонаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик-Садриддин Айнӣ боздид ба амал оварданд. 

Ин сафар гарчанде кӯтоҳмуддат буд, аммо хушу хотирмон поён ёфт. Чи хуш аст вақте дар Самарқанд ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанӣ, ҳама туро мефаҳманд ва бо ин забон бо ту вориди суҳбат мешаванд.

Ҳангоми бозгашт ба Душанбе аз Сайқали рӯи замин ҳар яке бо худ армуғоне ва албатта нони хушлаззати самарқандиро ҳамроҳ овардем.

Зимнан гуфтан бамаврид, аст, ки парвози дуюми ҶСК «Тоҷик Эйр» ба самти Душанбе-Самарқанд-Душанбе дар санаи 4-уми августи соли равон низ анҷом дода шуд. Минбаъд парвозҳо дар ин хатсайр шанбеи ҳар ҳафта анҷом дода мешавад. 

Муддати парвоз ба як тараф 35 дақиқа буда, чипта 684 сомонӣ арзиш дорад. Масъулини ҶСК «Тоҷик Эйр» мегӯянд, ки бо зиёду доимӣ шудани мусофирону парвозҳо дар ин хатсайр арзиши чипта низ арзон мешавад. Умедворем, ки ҳамин тавр мешавад. 

Суратгузориши мазкур аз рафти сафар ба Сайқали рӯи замин омода гардидааст, ки пешниҳоди хонандагони гиромии нашрияи «Самак» мегардад. 

 

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

Душанбе-Самарқанд-Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here