Сафари эҷодӣ ба минтақаи саноатии гуруҳи ширкатҳои ТАЛКО

 

Воқеан ҳам, шод бод арвоҳи файласуфи чинӣ, ки гуфтааст: “Тилло то зарби путк нахӯрад, зевар намешавад”. Аммо то зевар шудани тилло заҳмати миёншикану шиканҷаи касбии азим ва сабурии оҳанин лозим аст. Чанд сол пеш нақли яке аз менеҷеролимони маъруфи соҳаи металлургияи ранга Шералишоҳ Кабир ба мо журналистон афсона менамуд. Аксари ҳамкасбони мо то ин лаҳзаҳои боздид ба лоиҳаҳои гуруҳи ширкатҳои ТАЛКО бо назари шубҳа менигаристанд. Агар дар нишасти матбуотии идоравии шаҳрӣ сари ин мавзуъ баҳс мерафт, боз ҳам шубҳа бартараф намешуд. Вале роҳбарияти КВД “ТАЛКО” ба ҷои гузоришҳои серрақам журналистонро ба сари воқеа бурд, ки ин собиқаро бояд дигар вазорату идораҳо пайравӣ кунанд.

Роҳ ба корхонаи “ТАЛКО Голд” ва заводи маъдангудозии “ТАЛКО” аз соҳили Искандаркӯли афсонавӣ мегузарад. Моро дар шаҳраки металлургҳо кормандони “ТАЛКО Голд”, мутахассисони чиноӣ истиқбол гирифта, барои ворид шудан ба нақбу минтақаи саноатӣ дастур доданд. Сипас шиносоӣ пас аз тай кардани нақби 17-километра оғоз шуд.

Моҳи декабри соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор дар бораи тадбирҳо оид ба дастгирии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро қабул намуд, ки тибқи он ба ТАЛКО иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи конҳои гуруҳи Кончоч дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки аз се объект иборат аст, дода шуд:- кони Чулбои: тилло, нуқра; кони Кончоч: флюорит, тилло, нуқра, симоб; кони Шах-Кон (Скальное): тилло, сурма, флюорит, нуқра, симоб. Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ захираи умумии конҳои гуруҳи Кончоч аз инҳо иборат аст: сурма — 264 616 тонна, тилло — 49,9 тонна, флюорит — 76 650 тонна, нуқра — 59,44 тонна, симоб — 1 197,1 тонна .

Ҳадафи лоиҳа дар маркази Тоҷикистон дар заминаи захираҳои иктишофшудаи маъданҳо таъсис додани иқтидорҳои саноатии дар муҷтамаи истеҳсолии ягона муттаҳидшуда маҳсуб меёбад:- сохтмони шахта (чоҳ)-ҳо, камераҳои ҳамвор, чоҳҳои моил, шоҳроҳҳои моил ва истифодаи тарзу усулҳои дигари иктишофии конҳои канданиҳои фоиданок;- сохтмони фабрикаи ғанисозӣ бо баҳрабардории хатроҳаҳои алоҳидаи истеҳсолӣ оид ба ғанисозии тиллову сурма;- сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи металлургӣ барои ҷудо карда гирифтан (аффинаж)-и филизот, тилло, сурма, нуқра, симоб ва ғ. Ҷараёни татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ — сохтмони конҳои гуруҳи Кончоч: Моҳи апрели соли 2017 мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСП «ТАЛКО Голд» таъсис дода шуд, ки иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи конҳои гуруҳи Кончочро гирифт.

Саҳмдорони ҷамъият КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии чиноии «Ширкати саноати маъдани Хуаюйи Тибет» (Tibet Huayu Mining Co. Ltd.) маҳсуб меёбанд, ки ҳар кадом аз онҳо 50% саҳмияҳоро дар сармояи Оинномавии ҶСП «ТАЛКО Голд» соҳиб аст. 24-уми июни соли 2018 маросими расмии оғози сохтмони муҷтамаи истеҳсолии “ТАЛКО Голд”, дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.

Нақшаҳои ширкати «ТАЛКО Голд»: Солҳои 2018-2019 татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ:- аз худ намудани конҳои гуруҳи Кончоч, сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муҷтамаи саноатии ҶСП «ТАЛКО Голд» (маъданиёт, фабрикаи ғанисозӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва ғайраҳо) дар назар аст. Ба роҳ мондани истеҳсоли тилло ва сурма моҳи марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Мавриди тазаккур аст, ки ҳаҷми истеҳсоли сурма ҶСП «ТАЛКО Голд» тибқи дурнамо беш аз 10% истеҳсоли сурмаи ҷаҳонро ташкил дода, бо назардошти муттаҳидонии фаъолияти он бо саҳмдорон — ширкати чиноии Tibet Huayu Mining Co. Ltd беш аз 27% бозори ҷаҳонии маҳсулоти мазкурро ташкил медиҳад. Анҷоми сохтмони муҷтамаи истеҳсолӣ дар кони Кончоч ҶСП «ТАЛКО Голд» моҳи марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки беш аз 600 ҷойи корӣ таъсис дода шавад.

Сохтмони иншооти нави ҶСП «ТАЛКО Голд» ба беҳдошти вазъи иҷтимоии ноҳияи Айнӣ ва дигар навоҳии вилояти Суғд, инчунин рушди саноати маъдани куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Айни замон дар гуруҳи конҳои Кончоч корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ баробар ва босуръат дар ҷараён мебошад. Корҳои пармагарӣ ба мақсади иктишофи маъдани сурма ва тилло дар конҳои Шахкон ва Чулбойӣ, бунёди фабрикаи ғанисозӣ бо иқтидори 5 ҳазор тонна/шабонарӯз ва объектҳои ёрирасон — партовгоҳҳо, анборҳо, аз ҷумла, барои моддаҳои тарканда ва ғ. объектҳои инфрасохтор: хати интиқоли барқи 10кВ ва 110 кВ, роҳҳои автомобилгард, каналҳои обпарто, шаҳраки истиқоматӣ ва объектҳои иҷтимоию маишӣ аз ин қабиланд. Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони объектҳои истеҳсолии «ТАЛКО Голд» ба зимма гузошта буданд, ба роҳ мондани коркарди амиқи канданиҳои фоиданок ва истеҳсоли маҳсулот — сабикаи филизот маҳсуб меёбад, ки зимни аз худ кардани конҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани фоидаи аз ҳама зиёдро таъмин менамояд. Вазифаи мазкур дар Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2025, ки дар он тадбирҳои марбут ба таъмини силсилаи истеҳсолии дохили давлат: аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ гардидааст, асоснок карда шуд. Дар ин замина, ҶСП «ТАЛКО Голд» бобати татбиқи талабу дастурҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз худ кардани гуруҳи конҳои Кончоч, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ — филизи баландсифат дар шакли сабикаҳо бевосита дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом менамояд.

Барои татбиқи ҳадафи мазкур ҶСП «ТАЛКО Голд» лоиҳакашии раванди коркарди консентрати тилло ва сурмаро ба маҳсулоти ниҳоӣ — сабикаҳои тилло ва сурма амалӣ менамояд, ки аз ҳисоби сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нави металлургӣ таъмин шуда метавонад. Иқтидори корхонаи нави металлургӣ 300 тн/рӯзро дар бар мегирад. Дар ин маврид корхонаи нав аз ҳисоби интиқоли консентрати тилло ва сурмае, ки ҳам дар фабрикаи ғанисозии ҶСП «ТАЛКО Голд» аз кони Кончоч, ҳам аз корхонаҳои ғанисозии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҳисоби вусъати конҳои нави тилло ва сурма аз ҷониби ҶСП «ТАЛКО Голд» дар ҳудудҳои гирду атрофи маркази Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, истеҳсолоти бефосилаи худро пурра таъмин хоҳад кард. Ин азхудкунии самаранок ва оқилонаи захираҳои табиии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд. Дар назар аст, ки корхонаи металлургии мазкур корхонаи калонтарини коркарди консентрати сурма дар Осиёи Марказӣ қарор гирифта, Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои азими истеҳсолкунандаи сурма дар ҷаҳон ҷой медиҳад. Дар ин сурат ҳиссаи истеҳсоли сурма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунон ки дар боло қайд гардид, беш аз 10% истеҳсолоти ҷаҳониро дар як сол таъмин намуда, 200 ҷойи нави кор таъсис хоҳад ёфт. Пас аз амалӣ гардидани лоиҳа ҳаҷми истеҳсоли тилло (Au 99,99%) 2,2 тонна, сабикаи сурма (Sb 99,85%) 15 ҳазор тонна, белили сурма (Sb 2 О3 99,5%) 6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулот ба Аврупо, Ҷопон, Чин, Ҳиндустон, Америкаи Шимолӣ ва самтҳои дигар содир карда хоҳад шуд. Лоиҳакашӣ ва сохтмони корхонаи нави металлургӣ ҷалби сармояҳои иловагиро ба маблағи тақрибан $50 миллион тақозо менамояд. Саҳмдорон — ҶСП «ТАЛКО Голд», КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии Чин «Ширкати саноати маъдани тибетии Хуаюй» аллакай корҳои марбутаро оид ба ҷалби сармояҳо ба сохтмони корхонаи мазкур баргузор намуда истодаанд.

Корхонаҳои шомили гуруҳи ТАЛКО мутобиқи сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаю содиротшавандаи дар бозорҳои истеъмолии чи дохили кишвар ва чи минтақавию ҷаҳонӣ рақобатпазир бо назардошти афзоиши минбаъдаи ҳаҷми истеҳсоли он самарабахш фаъолият менамоянд.

 

ТАЛКО Кабел

ТАЛКО Кабел яке аз калонтарин корхонаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти кабел-ноқилӣ бо номгӯйи тақрибан 420 номгӯй дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Корхона дорои базаи зарурии технологӣ буда, он бо таҷҳизоти муосири истеҳолкунандагони пешбари ҷаҳонии SICTRA (Италия) ва MAILLIFER (Финляндия) — хати технологии симкашӣ, истеҳсоли симтораҳои ҷараёнгузарони беизолятсия, пӯшонидани қабати изолятсия аз пластикати поливинилхлорид ва полиэтилен, тофтани умумии торҳои изолятсионӣ, қабати рӯйкаш, зиреҳпӯшонӣ, истеҳсоли кабелҳои баландиқтидори то 10 кВт, ҳоилонидан ва расонидани қабати изолятсия муҷаҳҳаз мебошад. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар нимсолаи аввали соли 2019 ба қадри 63 % афзоиш ёфта, 1088,906 км-ро ташкил дод. Кабелҳои изолятсиядор дар муқоиса бо нишондиҳандаи нимсолаи аввали соли 2018-ум 666,906 км зиёд аст. Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта афзоиши истеҳсоли ноқили изолятсиядор дар ҳаҷми 163% ва коҳиши ноқили беизолятсия дар ҳаҷми 40% ба мушоҳида расид, ки талаботи бозорро ба маҳсулоти кабелӣ инъикос менамояд.

 

ТАЛКО Ресурс

Ширкати ТАЛКО Ресурс КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶСК «МБГ ш. Душанбе», ШСХК «Барқи Тоҷик», ТАЛКО Кемикал ва дигар корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ангишт таъмин менамояд. Соли 2018 ТАЛКО Ресурс истихроҷи ангиштро ба 435 681 тонна расонид, ки аз нишондиҳандаҳои соли 2017-ум 33 735 тонна (108% нишондиҳандаи соли 2018) зиёд аст. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 116 625,56 тонна дар муқоиса бо ҳаҷми нимсолаи аввали соли 2018-ум — 99 347,70 тонна, ба қадри 17% зиёд гардид. Соли 2019 тибқи нақша истихроҷи ангишт бояд 500 000 тоннаро ташкил диҳад. ТАЛКО Ресурс аз лаҳзаи ташкилёбӣ (соли 2013) дар ҳаҷми беш аз 1,5 млн тонна ангишт истихроҷ намуд.

 

Пешоҳангони «Ҳадафи чоруми миллӣ»

Фаъолияти гуруҳи корхонаҳои ТАЛКО падидаи нахусти иҷрои Ҳадафи чоруми миллӣ оид ба гузаштан аз иқтисоди аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ мебошад. Ҳоло ба таври фишурда фаъоияти гуруҳи корхонаҳои ТАЛКО-ро шарҳ медиҳем:

 

ТАЛКО Кемикал

Соли 2019 ширкати ТАЛКО Кемикал истеҳсоли фториди алюминий ва криолитро ба роҳ монд. Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 афзоиши назарраси нишондиҳандаҳои истеҳсолии маҳсулоти мавриди назар ба мушоҳида мерасад.

Ширкати мазкур барои ТАЛКО ҳамчун ҷанбаи истеҳсолӣ ва чун ҷанбаи молиявию иқтисодӣ аҳамияти муҳим дошта, аввалан, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ки ба он фториди алюминий ва криолит унсурҳои зарурӣ барои истеҳсолоти алюминий маҳсуб меёбад, сониян, ба фурӯш мондани истеҳсоли маҳсулоти ширкат ашёи хом барои бозори дохилӣ ва бозори беруна ба ҳисоб меравад. Барои харидорӣ намудани криолит ва фториди алюминий истеҳсолкунандагони алюминий дар Россияву Озарбойҷон ва Қазоқистон ҳавасмандии зиёд зоҳир менамоянд. Барои мисол, дар нимсолаи аввали соли 2019 содироти фториди алюминий ба Федератсияи Россия 1306,2 тоннаро ташкил дод, ки маблағи 17,81 млн сомонӣ мебошад. Дар давраи мавриди назар ширкати ТАЛКО Кемикал ба КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» 167,2 тонна криолит ба маблағи 1,184 млн сомонӣ ва 372,9 тонна фториди алюминий ба маблағи 3,400 млн сомонӣ маҳсулот таҳвил намуд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ТАЛКО Кемикал дар нимсолаи аввали соли 2019 ба ифодаи пулӣ ба қадри 63,3% афзоиш ёфта, 27,6 млн сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои давраи муқоисавӣ 10,7 млн сомонӣ зиёд аст.

 

ТАЛКО Флюорит

Дар доираи таъминоти бехатарии ашёи хоми корхонаҳо оид ба истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ТАЛКО Флюорит дар заминаи корхонаи маъдантозакунии Такоб истихроҷи маъдан ва коркарди онро дар фабрикаи ғанигардонӣ барои ҳосил намудани флюорити флотатсионӣ (97-98%) дар ҳаҷми 30 ҳазор тонна дар як сол роҳандозӣ менамояд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида (флюорити флотатсионӣ) дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 1544 тоннаро ташкил дод. Бо назардошти он ки истихроҷи маъдан дар кони «Красные Холмы»-и минтақаи Такоб хусусияти мавсимӣ дорад, ширкат қарор қабул намуд, ки хати муосири иловагии коркарди маъданро дар кони «Казнок» дар ноҳияи Айнӣ насб намояд. Бо ин мақсад соли 2017 ТАЛКО Флюорит таҷҳизоти заруриро харидорӣ ва таҳвил намуд ва айни замон ба сохтмони фабрикаи нави ғанисозии маъдан бо иқтидори 40 ҳазор тонна дар як сол оғоз намуд. Дар корхонаи нави истеҳсоли флюорит метавонанд беш аз 280 нафар бо кор таъмин гарданд.

 

КМ ТАЛКО Узавто Трак

КФД «Алюминсохтмон», КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ҳамроҳ бо ширкати ҶСК «UZAUTO TRAILER» 2-юми майи соли 2019 корхонаи муштараки ҶСК «ТАЛКО Узавто Трак»-ро таъсис доданд. Фаъолияти асосии корхонаи муштараки ҶСК «ТАЛКО Узавто Трак» истеҳсоли мошинҳои боркаш (самосвалҳо) ва сабукрав мебошад. Корхонаи мазкур ҳамкориро бо ширкатҳои машҳур — Ширкати содиротӣ-воридотии масъулияташ маҳдуди «Автомобилҳои гаронвазни Шаанси» (SHACMAN, КНР), ҶСК «UZAUTO TRAILER»-и ш.Тошкент, ҶСК «Корхонаи автомобилбарории Самарқанд», ҶСК КМ «JV MAN Auto Uzbekistan»-и ш. Тошкент, ҶС «Дженерал Моторс Ӯзбекистон»-и ш. Тошкент, ҶСК «Глобал Лизинг»-и ш. Душанбе ва ғайра ба роҳ монд. Корхона минбаъд ба роҳ мондани ҳамкориҳоро бо ширкатҳои дигар, ки бевосита машғули истеҳсол намудани мошин мебошанд, дар нақша дорад. Дар соли равон корхонаи муштараки ҶСК «ТАЛКО Узавто Трак» 30 адад шассиро аз ширкати чиноии SHACMAN ба маблағи умумии 1,05 млн доллари ИМА харидорӣ намуд. Корхонаи муштарак бордон (кузов)-ҳоро аз шарики асосии худ — ҶСК «UZAUTO TRAILER» харидорӣ менамояд. Сехи истеҳсоли мошинҳои боркаш дар ҳудуди КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” қарор дорад. Айни замон КМ ҶСК «ТАЛКО Узавто Трак» тавонист 10 адад мошинҳои боркаш (самосвалҳо), 2 адад экскватор ва 1 автомобили боркунанда (мехлопата) истеҳсол намояд. Рӯзҳои наздик боз 20 адад мошинҳои боркаш (самосвалҳо) истеҳсол мешавад. То охири соли 2019 КМ ҶСК «ТАЛКО Узавто Трак» истеҳсол намудани 100 адад мошинҳои боркаш (самосвалҳо)-ро ба нақша дорад. Истеҳсоли экскваторҳо ва автомобилҳои боркунандаи фронталӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати чиноии Sinomach роҳандозӣ мегардад. Харидори асосии мошинҳои боркаши КМ ҶСК «ТАЛКО Узавто Трак» ҶСК «Глобал Лизинг» маҳсуб меёбад. Бо назардошти иқтидори истеҳсолии корхонаи муштарак, он имкон дорад дар оянда мошинҳои боркаши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолгардидаро ҳам ба бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар таҳвил диҳад. Корхонаи муштарак дар оянда ба роҳ мондани истеҳсоли дигар намуди мошинҳои боркашро, ки барои эҳтиёҷоти хадамоти коммуналии ҷумҳурӣ зарур аст, ба нақша дорад. Дар 3-4 соли минбаъда КМ ҶСК «ТАЛКО Узавто Трак» вобаста ба талабот ният дорад истеҳсоли 450-500 мошинро дар як сол роҳандозӣ намояд.

Шомгоҳ журналистон пас аз суҳбати самимӣ ва озод бо кормандони ширкатҳо ба Душанбе баргаштанд.

 

Хуршед НИЁЗОВ,

Наҷмиддин ШОҲИНБОД,

Назири НУСРАТ

Душанбе — Кончоч — Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here