Ин раванд дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус низ таври густурда мавриди истифода аст
Маводи журналист ва назари коршинос замоне ҳадафрасу ҷолиб гардида, муҳимият касб менамояд, ки дар заминаи далелу арқоми асоснок рӯи саҳифа ояд. Бисёр вақт мушоҳида менамоям, ки баъзе журналистони ба истилоҳ «саршинос» ва коршиносони «мустақил» бидуни овардани манбаъ, андешаҳои подарҳаво ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дури хешро ба хонандагон таҳмил намуданианд. Вале хонандаи закиро ба ҳеҷ ваҷҳ бо афсонапардозӣ наметавон гумроҳ ва ё фирефта намуд.
Масъалае, ки дар ин матлаб мехоҳем ба он рӯшанӣ андозем, танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» набудани истифодаи роҳ аз тариқи пардохти маблағи муайян маҳсуб меёбад. Зеро як идда журналистон ва баъзе ба ном коршиносони мустақил атрофи ин мавзуъ бе пешниҳоди далелу арқоми асоснок изҳори назар менамоянд. Аз «хулоса» ва ибрози назари ин «бузургон» чунин бармеояд, ки гӯё роҳи пулакӣ танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и IRS бошад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, ба мавҷудияти чунин роҳҳо дар кишварҳои ҳамҷавор ва Ҷумҳурии Белорус таваҷҷуҳ зоҳир намудем. Ин мамлакатҳоро барои муқоиса интихоб намуданамон бесабаб нест. Агар мо кишварҳои хориҷи дурро интихоб мекардем, зери борони маломати «бузургон»-и мавриди назар мемондем, ки барои муқоисаи Тоҷикистон бо Аврупо барвақт аст.
Чанде пеш ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар доштам. Маълум гардид, ки дар ин кишвар шуруъ аз соли 2013 зиёда аз 1000 километр роҳ пулакӣ буда, нигоҳдории онҳо ва ҷамъоварии маблағ ба зиммаи ширкати “КазАвтоЖол” вогузор аст. Мо аз қитъаи Алмаато — Капшагай дидан намуда, бевосита бо фаъолияти ширкати зикршуда шинос шудем. Масъулин иттилоъ доданд, ки дар марҳилаи аввали ҷорӣ намудани истифодаи роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон низ бисёриҳо моҳият ва манфиати ин иқдомро дуруст дарк намекарданд. Вале бо гузашти вақти на он қадар зиёд бартариҳои ин иқдом ҳувайдо ва назари мардум ба он комилан мусбат гардид.
Бо дарназардошти манфиатовар будан, тасмим гирифта шудааст, ки то соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон 11,7 ҳазор километр роҳ пулакӣ шавад. Шоҳиди ҳол будем, ки айни замон дар роҳҳои пулакии ин кишвар 12 нуқтаи вазнченкунӣ фаъол буда, саҳми онҳо дар пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни аз меъёр зиёд арзанда аст. Илова бар ин, тасмим гирифта шудааст, ки дар давоми солҳои 2019 -2020 дар роҳҳои давлати мавриди назар 34 нуқтаи вазнченкунӣ ба фаъолият шуруъ намояд.
Ҳамсоякишвар — Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз ин раванд дар канор набуда, чанде пеш дар парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон — Жогорку Кенеш тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба роҳҳои автомобилгард» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи «24.Кg» нигоштааст. Муҳимият ва ҷолибияти қонуни мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки тибқи тағийиру иловаҳои воридмегардида, минбаъд дар Қиғизистон ба иҷора додани роҳҳо роиҷ мегардад. Вазири нақлиёт ва роҳҳои ин кишвар зимни шарҳи масъалаи мазкур минҷумла гуфтааст, ки дар навбати аввал роҳи Бишкек — Чалдовар ва дар марҳилаи дувум роҳи ноҳияи Узгени ин кишвар ба иҷора дода шуда, ин раванд минбаъд тавсеа хоҳад ёфт.
Дар Ҷумҳурии Белорус низ истифодаи пулакии роҳҳо солиёни зиёд инҷониб роиҷ буда, айни замон зиёда аз 1189 километр роҳҳои ин мамлакат пулакӣ мебошанд. Ҳаракат дар қисмати аъзами шоҳроҳҳои мамлакат, аз ҷумла Минск — Витебск, Минск — Могилев, Минск — Гомел, Шучин — Гродно, Минск — Гродно (сарҳади Ҷумҳурии Полша), Минск — Ошмяны (сарҳади Ҷумҳурии Литва), Минск — Дзержинск ва ғайра танҳо баъди пардохти маблағ имконпазир аст. Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки арзиши ҳаракат дар роҳҳои мавриди назар дар Ҷумҳурии Белорус вобаста ба зарурат ва вазъи иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб намуда истодааст. Барои мисол, пештар ронандагон барои ҳаракат аз масири Брест то сарҳади Федератсияи Россия 12 эвро маблағ пардохт менамуданд. Чанде пештар тарофаҳо тағйир ёфта, аз ин пас ронандагон мувазаффанд, ки 24,36 эвро маблағ супоранд.
Дар Ҷумҳурии Белорус низ воситаҳои нақлиётии марбут ба Вазорати мудофиа, дигар сохторҳои қудратӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, мотосикл, мопед ва трактор аз пардохти маблағ озоданд. Пардохти маблағи убури шоҳроҳ аз тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат гирифта, дар сурати сарфи назар намудани он ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Барои мисол, соҳибони воситаҳои нақлиёти сабукрав дар сурати қисман пардохт нашудани арзиши ҳаракат 50 эвро ва дар ҳолати пурра пардохт накардани маблағи пешбинишуда 100 эвро ҷаримабандӣ мешаванд. Барои ин ҷурм соҳибони воситаҳои нақлиётии боркаш мутаносибан 130 ва 260 эвро ҷарима карда мешаванд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар Ҷумҳурии Белорус барои осон намудани ҳаракат дар роҳҳои пулакӣ насби таҷҳизоти махсус дар автомобил имконпазир аст. Дастрасӣ ба таҷҳизоти фавқуззикр тариқи сохтори марбутаи барои нигоҳдории шоҳроҳ масъул ва супоридани пешпардохт дар ҳаҷми 20 эвро имконпазир аст. Иқдомоти ба истифодаи пулакии роҳҳо рабтдошта дар Ҷумҳурии Белорус дар заминаи Низомнома «Оид ба тартиби ситонидани маблағ дар роҳҳои пулакии Ҷумҳурии Белорус», фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Белорус ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқукӣ амалӣ шуда, шаҳрвандон моҳият ва манфиатҳои онро таври бояду шояд дарк намудаанд.
Аз муҳтавои матлаби мазкур бармеояд, ки механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳҳо танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ набуда, дар кишварҳое, ки бо давлати мо умумияти зиёд доранд, низ мавриди истифода аст. Муҳим он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Инро дар мисоли натиҷаҳои фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳид ҳастем.
Далер МЕРГАНОВ, журналист