Агар касе андеша дошта бошад, ки  бо сипаришавии фасли зимистон сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам шуда, мавсимҳои  боқимонда бидуни мувоҷеҳ гардидан бо мушкил ва ба сомон расонидани ибтикоре паси сар мешаванд, комилан иштибоҳ мекунад.  Барои мисол, ҳарчанд баҳор фаро расидаву дар паҳноиҳо гармӣ рӯз то рӯз шиддат пайдо мекунад, вале дар роҳи Душанбе – Чанок то кунун фаромадани тармаҳо идома дорад. Месазад барои тақвияти сухан аз он ёдовар шавем, ки  ҳафтаи гузашта дар километрҳои 60, 61, 71, 80, 81, 121, 156, 157, 160 тармаҳои калонҳаҷм фаромад, ҳаракати нақлиётро мутаваққиф намуданд.  Арзандаи арҷгузорист, ки дар муддати кӯтоҳ техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат ба маҳалли тармафаромада сафарбар ва тармаҳо филфавр бартараф шуданд.

Агар дар фасли зимистон кормандони «IRS» ба бартарафсозии тармаҳо, коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш, васеъ кардани роҳ дар минтақаҳои тармафаромада, расонидани кумак ба ронандагони дар роҳ дармонда машғул бошанд, пас дар мавсмими гармо бартарафсозии пайомадҳои дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, шусташавии роҳ, лағжиши кӯҳпора ва ғайра дар мадди назар аст. Илова ба ин, ҳамасола бо фаро расидани мавсими гармо таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ шурӯъ гардида, дар ин замина то 50 километр роҳ таъмири куллӣ ва садҳо километр таъмири ҷорӣ мешавад.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки  бо фаро расидани фасли баҳор, ки бориши боронро ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кӯҳистони мамлакат мегузаранд,  фаромадани сангпораҳо, омадани сел ва лағжиши куҳпора падидаи маъмул аст. Хосса, шоҳроҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати зиёди он аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз  офатҳои табиии зикршуда зиёдтар осебпазир маҳсуб мешавад.

Далелу рақамҳои мавҷуда шаҳодат медиҳанд, ки кормандони филиали Ширкат, ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммаашон вогузор аст, баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо тавонманданд ва аз имкониятҳои зиёди дар ихтиёр дошта самарнок истифода намуда истодаанд. Ин аст, ки чунин минтақаҳо зери назорати доимӣ қарор дошта, иқдомоти пешгирикунанда тавсеа ёфтаанд. Вале табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки пешгирии ҳамаи онҳо берун аз имконоти инсон аст…

Шоҳиди он ҳастем, ки дар давоми  рӯзи охир дар мамлакат бориши борон раванди муттасил шуда, боиси расидани хисороти ҷиддӣ гардид. Омили мазкур ва дар ин замина омадани сел, лағжиши кӯҳпора ва сангфароӣ дар масири шоҳроҳи Душанбе –Чанок масъулияти кормандони филиали ширкати «IRS» -ро дучанд намуд. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои қаблӣ низ аз ҷониби филиали Ширкат барои ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои селшустаи роҳи мавриди назар маблағи зиёд харҷ гардида, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар ибтикори ба ин раванд вобаста мадди назар қарор дошт.

Чунин вазъият бештар дар минтақаҳои Варзоб,  Зарафшон ва Суғд ба мушоҳида расида, селе, ки дар натиҷаи бориши пуршиддат омад, ба баъзе қитъаҳои роҳ зарари ҷиддӣ расонид. Илова ба ин, ҳамасола дар минтақаи Зарафшон сатҳи оби дарёчаҳои кӯҳӣ бамаротиб баланд шуда, аксар маврид хавфи зери об мондани баъзе мавзеъҳои роҳро ба вуҷуд меорад. Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, аз тарафи роҳбарияти филиали Ширкат баҳри пешгирии пайомадҳои ногувори офати табиӣ  бетаъхир тадбирандешӣ шуда истодааст. Нуктаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ он аст, ки кормандони кулли намояндагиҳои филиали Ширкат дар минтақаҳои  мамлакат вобаста ба вазъи обу ҳаво   сари вақт чораандешӣ намуда, аз лаҳзаҳои аввали рух додани офатҳои табиӣ кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро баҳри пешгирӣ ва бартараф намудан сафарбар намуданд.

Бидуни муболиға метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва шабзиндадориҳои кормандони «IRS» ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок таъмин аст. Мавҷудияти техникаҳои пуриқтидор ба кормандони филиали Ширкат  имкон доданд, ки дар қиболи тамоми офатҳои табиӣ, ки аз лиҳози ҳаҷм қобили мулоҳизаанд, ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиётро таъмин намуда, рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд ба ҷой оранд.

Айни замон бартарафсозии пайомадҳои офати зикршуда дар тамоми минтақаҳо босуръат идома дошта, дар ин самт кормандони филиали Ширкат собитқадаманд.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here