Нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодаи Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Рӯзи 9-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри зебоманзар ва хуббоду ҳавои Роғун ташриф намуд. Имрӯз Тоҷикистон дар остонаи рӯйдоди муҳиме, ки дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд, қарор дорад. Зеро ду сол муқаддам — 29-уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди НБО-и “Роғун” ҳусни оғоз бахшиданд. Пешвои миллат дар ин маросим таъкид карданд, ки НБО-и “Роғун” яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Ҳамчунин, дар муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури “Роғун” парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”.

Сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида буд. Бояд қайд кард, ки пас аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мушкилоти асосии кишвари мо норасоии нерӯи барқ гардид. Энергияе, ки НБО-и “Роғун” истеҳсол мекунад, натанҳо ҷумҳуриамонро аз буҳрони энергетикӣ мебарорад, балки имкон медиҳад, то як қисми нерӯи барқи истеҳсолшуда фурӯхта шавад. Айни замон, баъди 28 соли соҳибистиқлолӣ мушкилоти энергетикии Тоҷикистон ҳалли худро ёфтааст, ки ин ҳама аз меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Сохтмони иншооти бузурги аср — НБО-и “Роғун” дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муҳим дорад, ки дар силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш аз боло дар қатори 9-ум ҷойгир буда, дар масофаи 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст. НБО-и “Роғун” аз 6 агрегат иборат буда, иқтидори ҳар чарха 600 МВт-ро ташкил медиҳад. НБО-и “Роғун” бо иқтидори 36000 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.

Ба кор даровардани агрегати дуюми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои васоити ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад. Ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.

Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишварамон таконбахш бошад. Ин иншоот аҳамияти бузург дошта, иқтидори солонаи он беш аз 18 миллион кВт/соат нерӯи барқро ташкил медиҳад. Бо ба кор даромадани 6 чархаи НБО-и “Роғун” Тоҷикистон имкон дорад, ки ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам кишварҳои минтақаро бо нерӯи барқ таъмин намояд.

Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба нерӯи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содир мекунад. Ҳамчунин, дар як қисмати ғарбии Ҷумҳурии халқии Хитой, ки дар он бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии нерӯи барқ эҳсос мегардад.

Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои истеҳсолкунандаи нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ имконияти бештар дорад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди Тоҷикистонро мебояд, ки бобати саҳм гузоштан дар бунёди ин нерӯгоҳи аср ҷаҳду талош намоянд ва ҳиссаи арзандаи худро гузоранд. Заҳматҳои шабонарӯзии коргарону мутахассисон ва муҳандисон мояи ифтихору шараф аст ва ин заҳматҳои қаҳрамонони “Кохи нур” бо хатҳои заррин дар сарнавишти рушди миллати тоҷик сабт хоҳад шуд.

Фардои дурахшони мо — тоҷикон аз бунёди “Роғун” вобаста аст, зеро он манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад.

 

Мирзошо ДАВЛАТОВ,

директори МТМУ №47-и ноҳияи Дарвоз

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here