Чархи фалак зи чархаи Роғун гузар кунад,

Чашми ҷаҳону дидаи ҳайрат муборак аст.

Озарахш

Имрӯз Тоҷикистон дар остонаи рӯйдоди муҳиме, ки дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд, қарор дорад. Зеро се сол муқаддам, яъне 29-уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди НБО-и «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд. Пешвои миллат дар ин маросим таъкид карданд, ки НБО-и «Роғун» яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад. Ҳамчунин, дар муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Он рӯз дур нест, ки дар партави нури «Роғун» парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт».

Аё Роғун, аё Роғун!

Туро чун бораи имони худ бунёд хоҳам кард.

Туро аз лахт — лахти ҷони худ бунёд хоҳам кард.

Биё созем Роғунро,

Биё созем, биё созем.

Биё то аз сари нанги ватандорӣ ба по хезем,

Биё бо дасту рӯи пок бо номи Худо хезем.

Биё созем Роғунро,

Биё созем, биё созем.

Сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри XX оғоз гардида буд. Бояд қайд кард, ки пас аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии нерӯи барқ гардид. Энергияи истеҳсолкардаи НБО-и «Роғун» на танҳо ҷумҳуриамонро аз буҳрони энергетикӣ мебарорад, балки имкон медиҳад, то як қисми нерӯи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шавад. Айни замон, баъди 28 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар ба солҳои гузашта мушкилоти энергетикӣ дар ватанамон ҳалли худро ёфтааст, ки ин ҳам бошад, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст. Сохтмони иншооти бузурги аҳамияти стратегӣ — НБО-и «Роғун» дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши муҳим мебозад.

НБО-и «Роғун» дар силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш аз боло 9-ум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО-и «Роғун» аз 6 агрегат иборат хоҳад буд, ки иқтидори ҳар кадомашон 600 мегаватро ташкил медҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин аз сатҳи Замин (гилу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, иқтидори 3600 мегават (беш аз 17 миллиард киловат соат)-ро доро буда, калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсоли НБО-и «Норак» якуним маротиба зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишварамон таконбахш аст. НБО-и «Роғун» аҳамияти бузург дошта, иқтидори солонаи он беш аз 18 миллион киловат соат нерӯи барқро ташкил медиҳад. Бо ба кор даромадани 6 агрегати НБО-и «Роғун» Тоҷикистон имкон дорад, ки ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам кишварҳои ҳамсояро бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд.

Мавриди зикр аст, ки бо ба истифода додани агрегати аввали ин иншооти аср 16-уми ноябри соли гузашта ва агрегати дуюми он санаи 9-уми сентябри соли равон беш аз 200 мегават нерӯи барқ истеҳсол мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо менамояд, ки ҳам талаботи дохилиро бо барқ таъмин ва ҳам ба кишварҳои хориҷ барқ содир созад.

Инчунин, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ташхиси бозрасии фанниву зистмуҳитии НБО-и «Роғун» гузаронида шуд ва коршиносон ба хулосае омаданд, ки аз лиҳози экологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва бехатарӣ бунёди НБО-и «Роғун» мувофиқи мақсад аст ва ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба нерӯи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содир мекунад. Ҳамчунин, дар як қисмати ғарбии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар он беш аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии нерӯи барқ эҳсос мегардад. Тоҷикистон солона 1,5 миллиард соат ба кишварҳои хориҷ нерӯи барқ содир менамояд. Таъмини аҳолии кишвар бо нерӯи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ буда, соли 2015 маҳдудияти нерӯи барқ аз байн бардошта шуд. Инчунин, дар стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёд намудани нерӯи барқ ва сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 45 миллиард киловат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад. Ин омор дар қиёс бо соли 2015 се маротиба зиёд мебошад.

Соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлиди барқ ба ҳар як нафар аҳолии мамлакат ҳудуди 2000 киловат соатро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда то соли 2030-юм 4 маротиба афзуда, ба 4000 киловат соат баробар мегардад. Он имкон медиҳад, ки таъминоти мардум бо нерӯи барқ ҳам дар минтақаҳо ва ҳам дар пойтахти мамлакат дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Инчунин, имконият фароҳам меояд, ки корхонаҳои муштараки бузурги саноатӣ бо кишварҳои хориҷ ташкил карда шаванд, ки дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми бузург хоҳанд гузошт.

Мусаллам аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи минтақавии CASA — 1000 амалӣ мегардад. CASA — 1000 лоиҳаест, ки тибқи он интиқоли нерӯи барқ ба Тоҷикистону Қирғизистон, Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад ва дар ин самт созишнома ба имзо расонида шудааст. Ин имконият медиҳад, ки ҳар сол ҳудуди 5 миллиард киловат соат нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир карда шавад, ки аз он 3 миллиард киловат соат ба Тоҷикистон рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи CASA — 1000-ро бештар аз 10 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ кардаанд, ки тибқи ин лоиҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар тавлид, фурӯш ва ҳам дар содироти нерӯи барқ афзалияти бештар дорад, зеро дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳо нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад.

Чуноне, ки шоир мефармояд:

Дар кори ту, эй Роғун, оғози дигар кардем,

Аз сози ту, эй Роғун, мо сози дигар кардем.

Бо орияту бо нанг бунёди ту сар кардем,

Аз рози ту, эй Роғун, мо рози дигар кардем.

Дар маҷмуъ, бунёди НБО-и «Роғун» барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург буда, агрегати нахустини ин иншооти бузурги аср моҳи ноябри соли 2018 ба истифода дода шуда, агрегати 2-юмаш 9.09.2019 ба истифода дода шуд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди Тоҷикистонро мебояд, ки бобати бунёди ин нерӯгоҳи аср саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣ барои ҳар фарди ватандӯст — коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф дар сарнавишти рушди миллату давлат ба шумор меравад.

Хулоса, фардои мо — тоҷикон аз бунёди «Роғун» вобаста аст, зеро «Роғун» манбаи азими нур мегардаду тоҷиконро ба зинаи нави тараққиёту пешравиҳои бузург мерасонад.

 

Фирдавс ТОШОВ,

омӯзгори Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсуповаи ш. Душанбе,

Холбибӣ НАЗАРОВА,

омӯзгори МТМУ №41-и н. Шоҳмансури ш. Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here