Истиқлолият бузургтарин неъмати давлатдорист, ки баъд аз ҳазор сол ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик насиб гардид. Баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ мардуми тоҷик дигарбора соҳиби давлати мустақили хеш гардид ва дар харитаи ҷаҳон кишваре бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.

Арзандаи арҷгузорист, ки Эмомалӣ Раҳмонро поягузори Истиқлолияти давлатии тоҷикон дар қарни ҷадид номида, исми эшонро дар баробари Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Анӯшервони Одил ва дигар подшоҳони бузурги таърих ном бубарем, чун таҷрибаи давлатдории эшон дар ҷаҳон назир надошта, қобили омӯзиш ва пайравӣ барои тамоми ҷаҳониён мебошад.

Дар воқеъ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққии кишвар беназиранд. Аз ин лиҳоз, мардуми сипосгузори тоҷик муборизаҳои ҷоннисорона ва хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон пос дошта, он касро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат пешбарӣ карданд. Ва рӯйдоди аз ҳама муҳиму фараҳбахши таърихӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат” мебошад, ки 9-уми декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар маҷмуъ, ҳама он муваффақият ва дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми самтҳо ба даст овардааст, маҳз самараи талошҳои хастагинопазир ва меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.

Мавриди зикр аст, ки имсол Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Тавре ҳамагон шоҳид ҳастем, 9-уми сентябри соли равон дуюмин агрегати НБО “Роғун” мавриди истифода қарор дода шуд. Ин санаи муҳими таърихӣ барои мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи ниҳоят фараҳбахш ва хурсандиовар буд. Аз субҳи барвақт мардуми шарифи Тоҷикистон тариқи оинаи нилгун ин ҳодисаи таърихиро тамошо карданд. Аз ҷумла, банда низ дар қатори мардуми сарбаланди кишвари азизамон аз оғоз маросими ба истифода додани дуюмин агрегати НБО “Роғун”-ро тамошо карда, ифтихор аз он намудам, ки дар кишвари азизи мо чунин нерӯгоҳи бузург сохта шуда ва инак, дуюмин агрегати он ба истифода дода мешавад.

Тавре Сарвари давлат пас аз ба истифода додани дуюмин агрегати нерӯгоҳи мазкур дар мулоқот бо мардум иқрор шуданд, ҳанӯз қабл аз оғози сохтмони ин иншооти азим бовар надоштанд, ки он рӯзе сохта ба истифода дода мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва ба истифода додани дуюмин агрегати ин иншооти бузурги асрро самараи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати сартосарии кишвар ва иттиҳодиву сарҷамъии мардуми тоҷик арзёбӣ намуданд, ки сад дар сад ҳақ бар ҷониби эшон аст.

Воқеан, НБО “Роғун” майдони нангу номуси мардуми тоҷик ба шумор меравад, ки бо ба истифода додани он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои азими тавлидкунандаи нерӯи барқ дар миқёси олам табдил хоҳад ёфт. Ин нерӯгоҳи бузурги барқӣ, ки аз 6 агрегат иборат мебошад, дар ҳоли пурра ба истифода додани тамоми агрегатҳои он имкони ба кор даромадани садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ба вуҷуд меояд, ки ин ҳама дар навбати худ баҳри ба як кишвари мутараққии олам табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи олам мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамин тавр, бо ифтихори баланди ватандорӣ метавон махсус зикр намуд, ки ҷашни 28-умин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор андохтани дуюмин агрегати НБО “Роғун” дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳфаи наве боз намуданд. Ин ду рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Мо — имомхатибони кишвар дар партави сиёсати дурандешона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, он ҳама нуктаҳои муҳимеро, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар ҳама баромадҳояшон бо сокинони кишвар садо медиҳанд, сармашқи кори худ қарор медиҳем.

Мо — имомхатибони кишвар гаравидани ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои  террористиву экстремистӣ ва шомил шудан ба гуруҳҳое, ки ақидаи онҳоро мағзшӯӣ менамоянд, қатъиян маҳкум менамоем.

Мо — имомхатибони кишвар дар пойдорӣ ва нигоҳ доштани фазои орому осудаи Ватани биҳиштосоямон дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат хоҳем буд ва намегузорем, ки пойи кадом нохалафе ба ин сарзамин бирасад.

Имрӯз замоне фаро расидааст, ки тамоми мардуми сарбаланд ва соҳибтамаддуни тоҷик боз ҳам дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ шуда, баҳри пойдории сулҳу суботи комили кишвар талош варзанд.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ гаштааст. Имрӯз ҳам давлат, ҳам ҷомеа ва ҳам ҳар як фард дар робита бо қобилият, бо имконият ва истеъдодаш вазифадор аст, ки дар нашр, ташвиқу тарғиби арзишҳои маънавию моддӣ ва афзун намудани онҳо саҳм бигузорад. Ба ин маънӣ, ифтихор, ба андешаи мо, ду поя дошта бошад: яке он, ки худи мо баҳри ояндагон боқӣ мегузорем. Ифтихори миллӣ бо каллаи холӣ амалӣ намешавад. Онро (калларо) бояд бо ғановати маънавӣ ғанӣ гардонд ва ҳар як дарси мактабро ба дарси ифтихори миллӣ табдил дод.

Мирзоҳомид ҶОБАТОВ,

имомхатиби масҷиди деҳаи Сомони ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here