Сари вақт гузаронидани мубориза ба муқобили касалиҳо ва зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ яке аз чораҳои асосии агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, мехостем чанде аз тавсияҳоро ба деҳқонони меҳнатқарин, ки ҳоло дар саҳро меҳнат менамоянд, доир ба пешгирии касалиҳо ва зараррасонҳои зироатҳо гуфта гузарем.

Яке аз усулҳои нисбатан осон ва арзони мубориза бо касалиҳо ва зараррасонҳои зироатҳо — ин тайёр намудани маҳлули корӣ бо истифодаи маводҳои органикӣ ва кимиёвӣ ба шумор меравад. Барои тайёр намудани чунин маҳлули комплесии корӣ бояд дар 10 литр об 2 кг хокистари нағз майдашуда ҳал карда шавад, инчунин ба он ҳамроҳ намудани 100-150 грамм хушкаи тамоку, ё ин ки 10 дона тамокуи дудӣ (папирос), як-ду дона сирпиёз (чеснок), як-ду дона қаламфур ва 2-3 дона пиёзи майдакардашуда, инчунин 50-70 грамм алафи талхаро ҳамроҳ намудан лозим аст. Ин маҳлули кориро 4-5 рӯз дар зери соя нигоҳ дошта, рӯзе ду- се маротиба бо чӯб кофта, маҳлулро бояд омода намуд. Баъд аз ин пеш аз ба растаниҳо пошидани он, ба маҳлул ба миқдори 80-100 грамм селитраи аммиакӣ (аммиачная селитра), 50-70 грамм хлориди калий, 70-100 грамм суперфосфат ва 20-30 грамм собун ё ин ки айна ҳамроҳ карда, маҳлулро нағз кофта, пасон ба растаниҳо онро мебояд пошид. Аз сабаби он, ки дар таркиби ин маҳлул моддаҳои гуногун, аз қабили фитонсидҳо, эфирҳо, ишқорҳо ва ғайраҳо мавҷуданд, онҳо дар якҷоягӣ бо заҳрҳои химиявӣ метавонанд барои нест сохтани замбурӯғҳо, бактерияҳо ва дигар микроорганизмҳои зараррасоне, ки дар баргу пояи растаниҳозиндагӣ мекунанд, кӯмак расонанд. Аз тарафи дигар, дар таркиби ин маҳлул мавҷуд будани элементҳои ғизоии растаниҳо, аз қабили нитроген, фосфор ва калий барои растаниҳо аҳамияти калон дорад. Инчунин, барои боз ҳам самаранок гардидани он пеш аз истифодабарии ин маҳлул ба он ҳамроҳ намудани 10-15 грамм, аз қабили заҳрҳои таъсирашон системагӣ, ба монанди нурелл-де, десис, фюре, би-58, рогор, сумисидин барои нест сохтани ҳашаротҳои хоянда ва маканда низ аз аҳамият холӣ нест. Дар ин маҳлул инчунин метавон дар рӯзи истифодабарии он заҳрҳои кимиёвӣ, аз қабили арсерид, ридомил, купрозан, синеб ва ғайраро бо сарфи 20-30 грамм ба муқобили касалиҳои замбурӯғии пиёз, помидор, картошка, зироатҳои полезӣ ва дигар сабзавотиҳо низ истифода намуд.

Сарфи маҳлули корӣ дар як сотихи замини киштзор (0,01га) 4 литр буда, дар як гектар 400 литрро ташкил медиҳад. Ин маҳлулро бегоҳӣ баъди ғуруби офтоб, соатҳои 18-20-и вақти маҳаллӣ ба киштзор пошидан зарур аст. Маҳлули тайёркардашударо деҳқонон метавонанд бо ёрии дорупошакҳои дастӣ, механизмӣ ё ин ки бо ҷорӯб (агар қитъаи замин он қадар калон набошад) ба растаниҳо пошанд. Дар вақти истифодабарии дорупошакҳо маҳлулро аз дока гузаронидан лозим аст, то ба дорупошак осеб нарасонад.

Чизи дигаре, ки хело муҳим мебошад, ин се-чор маротиба пошидани маҳлули корӣ ба растаниҳост. Коркарди якуми ниҳолҳо дар вақте ки растаниҳо 2-3 барги ҳақиқӣ пайдо менамоянд, бояд гузаронида шавад. Ба парвардаи (кучатҳои) зироатҳо бошад, баъди 10-15 рӯзи ба замин гузаронидани ниҳолҳо тавсия карда мешавад. Коркарди дуюми растаниҳоро бо ин маҳлул баъди 10-12 рӯзи коркарди якум гузаронидан лозим аст. Коркарди сеюму чорумро боз баъди 8-10 рӯзи фосилаи вақт аз ҳамдигар гузаронидан лозим аст. Пошидани маҳлули корӣ ба растаниҳо 28-30 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил бояд қатъ гардад. Қоидаҳои бехатарии истифодаи маҳлулро дар вақти истифода бояд риоя намуд.

Бояд қайд намуд, ки ин маҳлули комплексӣ аз тарафи худи деҳқонон бо харҷи ками масрафҳо ба даст оварда мешавад ва истифодаи он ба киштзори тамоми зироатҳои кишоварзӣ, инчунин ба боғот ва зироатҳои субтропикӣ низ тавсия дода мешавад.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,

доктори илмҳои кишоварзӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here